Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳуқуқҳои инсон дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ба пуррагӣ бо қонунгузории миллӣ, инчунин бо санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ, ба монанди Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (соли 1948), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) (соли 1966), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (1984), Қоидаҳои стандартии ақалли муносибат бо маҳкумшудагон (Қоидаҳои Н. Мандел, матни аз нав дидашуда, соли 2015) ва дигарҳо ба танзим дароварда шудаанд.

Тибқи моддаи 10 ПБҲШС  “Ҳамаи шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба муомилаи инсондӯстона ва эҳтироми шаъну шарафе, ки хоси шахсияти инсонӣ мебошад, ҳуқуқ доранд.”.

Принсипҳои якум ва панҷуми Қоидаҳои стандартии ақалли муносибат бо маҳкумшудагон (Қоидаҳои Н. Мандел, матни аз нав дидашуда), ки 17 декабри соли 2015 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, эълон медорад, ки ҳамаи маҳкумшудагон ба муомилаи инсондӯстона ва эҳтироми шарафе, ки хоси шахсияти инсонӣ мебошад, ҳуқуқ доранд.

Тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Тибқи ин муқаррарот давлат муносибати худро ба шаҳрвандон, аз ҷумла онҳое, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд, муайян намудааст.

Ҳуқуқу озодиҳои маҳкумшудагон бояд аз ҷониби давлат, ба мисли ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муҳофизат карда шаванд.

Дар моддаи 15 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ омадааст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз менамояд, шароити муқаррарнамудаи қонунро ҷиҳати адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, инчунин амнияти   шахсиро ҳангоми иҷрои ҷазо таъмин мекунад.

Қисми 2 моддаи 9 Кодекси ҷиноятӣ муқарар намудааст, ки ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори  ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад.

Дар рафти иҷрои ҷазо нисбат ба маҳкумшуда маҳдудиятҳои ҳадди ақалли ҳуқуқ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои ҷазо зарур ва кофӣ мебошанд,  истифода  мешаванд.

Ҳамин тариқ, маҳкумшудагон ба истиснои он маҳдудиятҳое, ки ба омили дар ҳабс будан вобаста аст ва дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқу озодиҳои асосии пешбининамудаи санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қонунгузории миллӣ бархӯрдор мебошанд, яъне аз мазмуни санадҳои зикршуда бармеояд, ки маҳкумшудагон аз озодӣ маҳрум шудаанд, на аз ҳуқуқ.

Ҳамзамон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории ҷиноятӣ-ислоҳӣ дорои меъёрҳое мебошанд, ки имконияти ба маҳкумшудагон расонидани азобу уқубат ва таҳқирро истисно мекунанд.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир тағйирот дар низоми ҷиноятӣ-ислоҳӣ хусусияти мунтазам касб намуда, ба ин васила шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, омодагии онҳо ба зиндагии баъд аз озодшавӣ ва вазъи риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон беҳтар мешавад.

Ҳамчунин, нисбати маҳкумшудагон мунтазам санадҳои авф ё бахшиши ҷазо татбиқ мегардад. Масалан, соли 2019 ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд.

Аз рӯи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) дар асоси Қонуни мазкур аз муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 10555 нафар озод гардиданд.

Соли 2020 бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшуда бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод гардиданд.

Бо мақсади мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои маҳкумшудагон ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони Дастгоҳи он, инчунин Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам дар муассисаҳои ислоҳии СРИҶҶ ВА ҶТ боздиду санҷиш ва мониторингҳо гузаронида мешаванд.

Дар рафти боздиду санҷиш ва мониторингҳо вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои маҳкумшудагон, шароити нигоҳдории онҳо, ҳолати санитарӣ-гигиении муассисаҳо ва муносибати кормандони онҳо бо маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳӯҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойҳои кории маҳкумшудагон мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.

Мунтазам дар ҳар муассисаҳои иҷрои ҷазо қабули шахсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карда шуда, ба маҳкумшудагон имконият дода мешавад, ки муроҷиатҳои худро озодона баён намоянд.

Гуруҳи мониторингӣ, ки таҳти роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият дорад, дар самти пешгирии шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона нисбати маҳкумшудагон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо самаранокии худро нишон медиҳад.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми фаъолият Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон бо СРИҶҶ ВА ҶТ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои муфидро ба роҳ мондааст.

Дар Маърӯзаҳои ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мушкилоти вазъи риояи маҳкумшудагон қайд карда шуда, тавсияҳо оид ба беҳтар намудани вазъ дар самти мазкур ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешаванд.

Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи маҳкумшудагон тақозо менамояд, ки чунин фаъолият бояд хусусияти мунтазам ва муттасил дошта бошад.

   Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

        Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор