Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

    Санаи 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои шукӯҳу идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2021-2022 оғоз меёбад.  Бо истифода аз фурсати муносиб  оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону донишҷӯён, падару модарон, аҳли илму маориф ва  кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд  табрик гуфта, дар ҷодаи омӯзиши илму дониш  барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем.

     Дар ҳар давру замон бузургони миллати соҳибтамаддуни тоҷик омӯхтани илму донишро ҳамчун рушди маънавиёти инсон донистаанд. Аз ҳамин хотир машриқзаминро дар гузашта «гаҳвораи илм» мехонданд. Онҳоро ба ҷаҳониён Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою  Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайёму Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ва дигар донишмандон муаррифӣ намудаанд.

     Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  таъмини дастрасӣ ба таҳсил ва сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он ташаккул ёфт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таҳсилоти ҳамагонӣ аз таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миѐнаи умумӣ иборат аст.    

       Тибқи талаботи  моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосии ҳатмиии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат дода шудааст.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва манфиати беҳтарини онҳо пайваста чораандешӣ менамояд. Барои дар амал татбиқ шудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, стратегия ва барномаҳои дахлдор қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ѓайраҳо, аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд.

     Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба таҳсил дар асоси дастуру супоришҳои маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, дар саросари кишвар бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ сол аз сол зиёд мегардад, ки барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ояндаи онҳо мусоидат мекунад.

     Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040  солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардид. Масъулини илму маориф вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд. Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

     Тибқи анъана соли нави таҳсил бо дарси сулҳ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Воқеан сулҳ неъмати бебаҳо буда, барои сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро амалӣ шудани орзуҳои ҳар як фард аз пойдории сулҳу оромӣ ва осоиштагии ҷомеа вобастагӣ дорад.

Бинобар ин  ҳар як падару модар уҳдадоранд, ки бар ивази ҳамаи ин заҳмату ғамхориҳо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намуда, қадри сулҳу оромӣ ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоянд.

 Боварӣ дорам, ки кӯдаконе, ки  имсол  ба остонаи мактаб қадамҳои нахустини худро мегузоранд, дониш омӯхта, ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.

Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ, ки фармуданд:

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,

 Олист мақому ҷоҳи мактаб.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад.

Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.

Мактаб ба ту дод илму одоб,

Мактаб ба ту дод дурри ноёб…

Саъе бинамову илму одоб

Беҳтар зи шарики хеш дарёб.

То дар ду ҷаҳон азиз боши,

Бо донишу ботамиз боши.

 

А.  Машрабзода 

Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор