Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Таъмини ҳуқуқи ҳимоя яке аз принсипҳои муҳими мурофиаи ҷиноятӣ ба шумор рафта, дар пешниҳоди имконияти воқеии шахсан ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо аз ҷониби ҳар як дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ё бо тавассути ҳимоятгар дар мурофиаи ҷиноятӣ инъикос мегардад.

Кафолати ҳуқуқии ҳуқуқи ҳимоя дар аксар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (моддаи 14), Принсипҳои асосии СММ «Оид ба нақши ҳуқуқшиносон» аз 7 сентябри соли 1990 ва дигарҳо  пешбинӣ шудааст.

Қоидаи умумии стандартҳои байналмилалӣ муқаррар менамоянд, ки таъмини дастрасӣ ба кўмаки ҳуқуқии ройгон на танҳо ҳуқуқи ашхоси ба чунин кӯмак ниёзмандро, балки инчунин ӯҳдадории давлатро дар расонидани ин кўмак дар назар доранд.

Бояд қайд кард, ки имконияти шаҳрванд оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо ҳама усул ва воситаҳое, ки ба қонун мухолифат намекунанд, қисми таркибии давлати ҳуқуқбунёдро ташкил медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Чунончӣ, тибқи моддаи 19 Конститутсияи Тоҷикистон ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода намояд. Ҳамчунин, моддаи 92 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки "Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад".

Моддаи 22 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода кунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» дар моддаи 18 пешбинӣ менамояд, ки аз лаҳзаи дастгир шудан ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо ҳимоятгар мулоқоти як ба як бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокии он пешниҳод карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” бошад асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили адвокатураро муқаррар мекунад. Ҳамчунин моддаи 32 Қонуни мазкур категорияи шахсоне, ки ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ ройгон расонида мешавад, муайян кардааст.

Бо мақсади ташаккул додани асосҳо барои рушд ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаааст.

  • ақсади Консепсияи мазкур фароҳам овардани заминаҳо барои рушд ва такмили минбаъдаи системаи давлатии расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ мебошад.

Ҳамчунин, барои амалисозии Консепсияи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, №704 дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" таъсис дода шуд. Маркази мазкур асосан бо мақсади расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва муайян кардани намунаи самараноки он ва муайян кардани механизми муносиби расонидани кӯмаки ройгони миёнаи тахассусӣ аз ҷониби адвокатҳо таъсис дода шудааст.

Низоми ёрии ҳуқуқии ройгон, ки табақаҳои камбизоати аҳолиро пурра ё қисман аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ таъмин менамояд, дар

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” (аз 4 июли соли 2020)  пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин қонуни мазкур субъектони расонандаи ёрии ҳуқуқӣ ва шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, муайян менамояд.

Тибқи қонунгузорӣ даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар надоштани маблағ барои пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгарро тасдиқ мекунанд, иҷозат дода намешавад.

Таҳлили муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон, ки аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, нишон медиҳанд, ки дар аксари мавридҳо вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз надонистани қонунгузории амалкунанда, механизмҳои татбиқ ва ҳифзи онҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили муносибатҳои меҳнатӣ, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра ба амал меоянд.

Ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон инчунин муроҷиатҳо дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, мусоидат барои таъмини адвокати ройгон, иштироки намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мурофиаи судӣ ва ғайраҳо ворид мешаванд. Қисмате аз муроҷиатҳо ба ягон тарз бо зарурати расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд. Аз рӯи чунин муроҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ҳамзамон маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон наметавонад ҳамчун як адвокати ройгон ба манфиати шаҳрвандон фаъолият намояд, чунки фаъолияти ин ду ниҳод ҳам аз ҷиҳати салоҳият ва ҳам аз ҷиҳати имкониятҳои ҳуқуқӣ фарқ мекунанд.

Ба ғайр аз ин нисбати аксари муроҷиатҳои самти мазкур, танҳо бо як машварати ҳуқуқӣ маҳдуд шудан мумкин нест, барои онҳо, ҷамъоварии маълумот ва далелҳо, тартиб додани ариза, шикоят, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо маводи парванда, таҳияи дархостҳо,  намояндагӣ дар мурофиаи судӣ, дар дигар мақомот ё дар истеҳсолоти иҷро ва ғайра зарур аст, ки пурра бо салоҳияти ниҳоди адвокатура дохил мешавад.

Ҳамчунин, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон субъекти расонандаи ёрии ҳуқуқӣ нест.

Аммо ин маънои онро надорад, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ёрии ҳуқуқии ройгон намерасонад. Баръакс ёрии ҳуқуқии ройгони ин ниҳод бинобар дастрас буданаш хеле самаранок буда, ҳар шахс метавонад дар масъалаҳои гуногун барои маслиҳати ҳуқуқӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд.

Барои беҳтар намудани таъмини ҳуқуқи ҳимоя ва рушди низоми ёрии ҳуқуқӣ зарур аст, ки сабабҳо ва заминаҳои мусоидаткунандаи муроҷиатҳои шаҳрвандон барои дастгирии ҳуқуқӣ аз байн бурда шуда, оид ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи имкониятҳои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ баланд бардошта шавад.

Ҳамчунин, кафолати мустақилияти адвокатҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти касбӣ пурзўр, шумораи онҳо ва ҳуқуқшиносони давлатӣ зиёд карда шаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи салоҳияти худ ба таъмини ҳуқуқи ҳимоя ва ёрии ройгони ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

        Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор