Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шуд.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақсим намудани 75 ҳазор гектар заминҳои президентӣ ба аҳолӣ ёдовар шуданд. Зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Ҳамзамон дар Паём оид ба беҳтар гардидани маданияти истифодабарии замин дар замони истиқлолият таъкид карда шуда, ҷиҳати аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил, дар натиҷа зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҳамин роҳ қариб 4 баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъмини аҳолӣ бо ҷойҳоии нави корӣ боиси беҳ шудани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат буда, вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: ки Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Андешидани тадбирҳои муассир вобаста ба баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ монда, дар ин самт пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида мешавад. Давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнат ва кўмакпулиҳои иҷтимоӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсондустонаи Пешвои муаззами миллат шаҳодат дода, афзоиш ёфтани музди миёнаи меҳнат ба 87 баробар, андозаи нафақа ба 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ ба 75 баробар гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Ба 5 сол зиёд шудани дарозумрии аҳолии кишвар низ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ нишондиҳандаи хуб буда, яке аз нишондиҳандаи бобарории сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатӣ коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ қайд гардид. Ҳамзамон аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, чунин нишондиҳандаҳо, аз ҷумла зиёд шудани муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ва истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузург доштани соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 -ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, ки дар рушди минбаъда нақши асосӣ дорад. Дар ин раванд ба роҳбарони вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки солҳои минбаъда барои таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд гардадани даромади пулии аҳолӣ ва то 15 фоиз коҳиш дода сатҳи камбизоатӣ чораандешӣ намоянд.

Самти дигари масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардида, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад».

Бо итминони комил изҳор менамоем, ки вобаста ба мушкилоти соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, ба рушди соҳа мусоидат намуда, мо кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадорем, ки барои иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ироа гардиданд, сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати он саҳмгузор бошем.

 

 

Ш. Раҷабов

сардори Шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои

иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

Дастгоҳи ВҲИ ҶТ                                        

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор