Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳар як давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии худро дар ду низом ё самти мутобиқ ба Конститутсия ва қонунгузории миллии худ амалӣ мегардонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сиёсати мустақили худро дар асоси Конститутсия ва қонунгузории дохилидавлатии худ дар ду низом – яъне сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ татбиқ менамояд.

Сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ – ин ду зуҳуроти ҷамъиятӣ ва иҷтимоие мебошанд, ки бо ҳамдигар дар алоқамандии зич қарор дошта, бе мавҷудияти якдигар амалӣ ва татбиқ кардани онҳо ғайриимкон аст.

Бо дарназардошти тақозои қонунгузории кишвар дар ин самт Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба ҳамин самтҳои асосӣ бахшида мешаванд.

Сиёсати хориҷӣ дар баробари сиёсати дохилии кишвар яке аз самтҳои муҳимтарини ҳар як давлат ба шумор рафта, дар таъмин ва ҳимояи манфиатҳои миллии давлат дар хориҷ аз мамлакат нақши асосиро дорад. Бинобар ҳамин, ҳар як давлатро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бо таъмини манфиатҳои миллии худ ба роҳ монад.

Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент муайян мекунад. Бинобар ин, ҳамасола Прездиент тавассути Паёми худ ба Парламент авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлатро мушаххас менамояд.

Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, масъалаҳои мубрами дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаро инъикос менамояд.

Бояд қайд кард, ки Паёми имсола аз паёмҳои солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад, хусусан дар масъалагузорӣ шудани самтҳои сохтории Паём, нишон додани  авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, инъикос гаштани проблемаҳои ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо. Ҳамзамон, тамоми дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд, ҳатто новобаста аз он ки дар ҳоли ҳозир буҳрони шадиди COVID-19 тамоми ҷомеаи ҷаҳониро дар самтҳои мухталиф безобита гардонидааст, дар Паёми имсола баръало дарҷ гардидаанд.

Аз тарафи дигар, паҳн гаштани бемории COVID-19 дар тамоми ҷаҳон, роҳҳои транзитии байнидавлатӣ ва муомилоту рафтуомади фаромиллӣ ба монеаҳои зиёде рў ба рў гардид, аз ҷумла дар тўли сол баста будани сарҳадҳои давлатӣ ба бисёр мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расонд. Аммо ба ҳамаи ин монеаҳо нигоҳ накарда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист самтҳои асосии сиёсати хориҷии худро дар сатҳи баланд идома дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Дигар фарқияти куллие, ки дар Паёми имсола дида мешавад, ин вобаста ба тартиби инъикоси масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, яъне сараввал дар Паём масъалаҳои рушду нумўи самтҳои дохилии кишвар дар амалигардонии сиёсати дохилӣ дарҷ гардида, сониян самтҳои мухталифи сиёсати хориҷии кишвар нишон дода шудааст. Ба ҳамин тартиб Паём дар як низоми махсус – бо ду қисмати алоҳида аввалан сиёсати дохилӣ ва қисмати дуввум сиёсати хориҷӣ пешниҳод гардидааст.

Сарвари давлат дар Паёми имсола қайд намуданд: «Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дўстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.».

Ин буд, ки даврони соҳибистиқлолӣ имкон дод Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлат муносибатҳои дипломатиро барқарор намояд, узви бонуфузи садҳо созмонҳои байналмиллалии умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ гардад.

Дар ҳамин замина рушди муносибатҳои дўстона, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки мавқеи асосиро дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ишғол менамоянд, аҳамияти хоса дода мешавад.

Чи тарве ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ қайд намуданд: «Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дўстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.».

Дар баробари ин, чун ҳамеша таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушд ва мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо шарикони стратегӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равона шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд, ки ҷиҳати вусъат додани муносибатҳои дўстона ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии дарозмуҳлат Ҷумҳурии Тоҷикистон мибаъд низ муносибатҳои дўстонаро дар асоси ҳамкориҳои тарафайни судманд бо давлатҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу-Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқо ва Амрико идома хоҳад дод.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 дар низоми раводид барои убуру мурури шаҳрвандони хориҷӣ ислоҳот ворид намуд ва дар ҳоли ҳозир барои 112 давлат тартиби соддагардонидашудаи коркард ва пешниҳод раводидро муқаррар кардааст.

Яке аз соҳаи асосии рушди мамлакат ин соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, ки сайёҳон ва сармоягузорони хориҷиро ба иқтисодиёти мамлакат ҷалб мекунад. Дар ҳамин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои ҷалби минбаъдаи сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ, чораҳои иловагӣ андешида, такмил дода шавад.

Президенти Тоҷикистон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аҳамияти созмонҳои байналмилалии умуиҷаҳониву минтақавиро зарур шуморида, пешниҳод намуданд, ки бо роҳандозии шарикӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, минбаъд низ ҳамкориҳоро дар ин самт рушд хоҳем дод. Дар ин робита, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои муносибро бо СММ, созмонҳои минтақавӣ ба монанди ИДМ, СҲШ, СШАД, САҲА, инчунин бо шарикони рушд ва институтҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ идома хоҳад дод.

Оид ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба шарофати Итсиқлолияти давлатӣ ва татбиқи пайиронаи судманди сиёсати хориҷии худ тавонист дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузошта, ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ гардад.

Махсусан силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нисбати лоиҳаҳои даҳсолаҳои оби тоза иқдомҳои наҷиби кишвар маҳсуб меёбанд. Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки амалишавии иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавонистааст мавриди таваҷҷуҳи хоси на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оққибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир қарор диҳад.

Масъалаи муҳими дигари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин масъалаи таъмини амният мебошад, ки яке аз асоситарин манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад. Ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои нав рў ба рў гардидааст, ки тамоми ҷаҳонро нигарон кардааст.  Вазъи геополитикии ҷаҳон ва минтақа сол то сол тамоюли навро пеш гирифта, торафт пешгуинашавананда гардида истодааст ва ин ба амнияти тамоми ҷаҳон ва кишварҳои ҷудогона таъсири манфӣ мегузорад. Доир ба ин масъала Пешвои миллат иброз доштанд: «Ҳифзи сулҳ, субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре ки ман қаблан борҳо таъкид карда будам, дар сари афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.».

Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи минтақаи Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳое, ки минтақа бо онҳо рў ба рў аст, дар канор нест. Маълум аст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳони муосир қарор гирифта, дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳим мебозад.

Илова бар ин, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар соҳаи амният Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин бо дигар шарикони худ идома хоҳад дод. Мусаллам аст, ки тули чанд даҳсола мамлакати ҳаммарзи Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суботи сиёсии дохилии ноором дошта, яке аз сарчашмаҳои тавлиди таҳдидҳои нави байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Ин таҳдидҳо торафт кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро нигарон карда истодаанд. Тоҷикистон талоши худро барои ҳар чӣ зудтар ҳал намудани низои дохилии Афғонистон бештар мегардонад. Доир ба ин масъала Пешвои миллат дар паёми худ иброз намуданд: “Мо итминон дорем, ки субот ва амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон танҳо тавассути раванди сулҳе, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва мусоидат карда мешавад, ба даст оварда мешавад”.

Мусаллам аст, ки аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои сулҳҷўёна ва дахолат накардан ба сиёсати дигар давлатҳо амалӣ карда истода, усусли «дарҳои кушода»-ро дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои дўстонаи худ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ роҳандозӣ менамояд.

Оид ба ҳамин масъала дар Паёми хеш Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки идомаи муаррифии арзандаи нақшаҳои созанда, ибтикороти сулҳҷўёна, ниятҳои нек ва созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои ноил шудан ба онҳо дар оянда саъй хоҳем кард.

Ин аст, ки дурнамои сиёсати хориҷии ҳар як давлати имрўзаи ҷаҳониро “Консепсияи сиёсати хориҷӣ”-и он ташкил медиҳад, ки самтҳои асосии сиёсати хориҷиро муқаррару муайян месозад ва онро Президент муайян мекунад.

Бо ин асос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола чунин иброз доштанд, ки Тоҷикистон минбаъд низ саъйҳои бештарро дар фаъолиятҳои байналмилалӣ мутобиқи муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлати мо идома хоҳад дод.

 

Солеҳзода З.И.

Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор