Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Паёми навбатии Сарвари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат, ки масъалаҳои мубрами ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дахлдоштаро фаро гирифтааст, воқеан ҳам ҳамчун санади муҳими сиёсию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар мундариҷаи ин Паём роҳи (паймудаи) таърихию пуршарафи давлатдории тоҷикон, заҳмату талошҳо ва иқдомҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ дар тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфта, самтҳои ояндаи расидан ба ҳадафҳои муҳим, ки аз ормонҳои милӣ сарчашма мегиранд, воқеъбинона муайян гардидааст.

Сарвари давлат дар оғози ироаи Паёми навбатӣ ба марҳалаи нави рушду тараққиёт ворид гардидани Тоҷикистонро таъкид дошта, ҳадафмандона бо хотирнишон намудан аз он, ки даҳсолаи аввали замони соҳибистиқлолии кишвар «…барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд», аз хисороти моддию маънавии муноқишаҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар он марҳилаи ҳассос ба вуқўъомада ёдовар шудаанд.

Дар ин росто, Пешвои миллат нақши муҳиму бунёдгузорандаи Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро, ки аввалин иқдомҳо дар самти барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллии муосири тоҷиконро заминагузорӣ намуд, махсус қайд намудаанд.

Дар ҳақиқат аксарияти мардуми кишвар шоҳид аст, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ сохти ояндаи давлатдории тоҷикон муайян гардида, ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Роҳбари Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон кафолат дода шуд.

Мусаллам аст, ки танҳо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳуқуқи инсон рушд ёфта, воқеона татбиқ мегардад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дар заминаи Конститутсия таъсис ёфтани шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ва тасдиқ гардидани рамзҳои давлатдориро қайд сохта, арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидани халқ, гуногуншаклии моликият ва кафолати ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкиро ҳамчун дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ  арзёбӣ намуданд.

Албатта, кафолати конститутсионии бунёди давлати ҳуқуқбунёд  сатҳи олии инкишофи ҳуқуқро ҳувайдо сохта, ин талабот такмил ва зарурияти тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаро ба вуҷуд  меорад.

Дар заминаи нишондодҳои Паёми навбатии Сарвари давлат метавон тазаккур дод, ки дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо қабули Конститутсия марҳилаи сифатан нави инкишофи падидаи ҳуқуқи инсон оғоз ёфт. Дар радифи таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, муваззаф ба эъмори давлати адолатпарвар будан, муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс мақсади халқи Тоҷикистонро ҷиҳати қабул ва эълони ин санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ маъно бахшид. Арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ба сифати мароми халқ дар муқаддимаи Конститутсияи кишвар таҷассум ёфта, муҳтавои меҳварии сиёсати пешгирифтаи давлати муосири миллии тоҷиконро таҷассум намуд.

Яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ ин мавриди таҳлил қарор гирифтани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои инсондўстона мебошад. Чуноне ки Сарвари давлат тазаккур доданд, бо назардошти сиёсати инсондӯстона ҳанўз 30 апрели соли 2004 аз ҷониби Роҳбари давлат Фармон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» ба имзо расид, ки барои дар кишвар дар самти татбиқи ҷазои қатл мораторий эълон гардидан замина ба вуҷуд овард.

Дар ин росто, дар тайи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар 17 маротиба қонун дар бораи авф ба тасвиб расида, маротибаи охир чунин иқдоми инсондўстона ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ карда шуд ва дар асоси онҳо 170 000 нафар аз адои ҷазо озод гардид.

Гузашта аз ин, ҷиҳати беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул гардид.

Албатта, ҳар як фарди солимақл дарк менамояд, ки дарҷ намудани чунин далелу рақамҳо воқеияти сиёсати инсондўстонаи пешгирифтаи Роҳбари Олии кишварро бозгў менамояд. Ҳамчунин, метавон тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлат муқаррар гардида, демократикунонии падидаҳои давлатию ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзиши олӣ ба ҳисоб рафтани инсон ва ҳуқуқу озодии онро ҳувайдо месозад.

Ба аҳолӣ ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ва 138 ҳазор гектар замин ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматиро метавон аз иқдомҳои саривақтии Ҳукумати кишвар, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон арзёбӣ намуд.

Ин ҳолат бозгўи он аст, ки дар фарқият аз замони шуравӣ нисбат ба манфиатҳои давлату ҷамъият ба манфиатҳои шахс афзалият бахшида шуда, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс ҳамчун асос ба ҳисоб меравад. 

Чуноне ки аз нуқтаҳои асосии Паём бармеояд, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст .

            Дар Паём аз ҷониби Роҳбари Олии мамлакат бори дигар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун ҳадафи олии давлату Њукумат эълон гардида, дар баробари қабул ва амалӣ гардидани 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар идома доштани татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ қайд карда шуд.

Бунёди ҳазорҳо иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, инчунин таъсиси беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимиро, дар ҷодаи ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуда, Пешвои миллат аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шудани сатҳи камбизоатиро аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳисобиданд.

            Роҳбари Олии мамлакат қабул ва амалӣ кардани Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи онро зарур ҳисобида, роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ, бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон, таъсиси ҷойи нави корӣ, инчунин идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии онро талаб намуданд, ки дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад.

            Роҳбари давлат дастовардҳои дар муддати 30 соли истиқлолият ноил гардидаро ҳувайдокунандаи ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавии мардуми шарафманди тоҷик маънидод намуда, ба як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққӣ табдил додани Тоҷикистонро натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат меҳисобад.

Бо итминон аз мардуми шарифи кишвар ҷиҳати бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бо назардошти вазъи мураккабу печида ва шиддати таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир Сарвари давлат зарур медонанд, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид буда, Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Хулоса, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири баррасию тадқиқ, таҳлилу натиҷагириҳои мантиқӣ ва пешниҳоди роҳу усулҳои смарабахши рушди ҷомеа ва давлати муосири миллӣ буда, ҳамчун дастурамали фаросоҳавии дилхоҳ субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

 

    Сангов Тоҷиддин   

сармутахассиси  Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор