Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои узв ва вакилони ин мақоми олии қонунбарор ба халқи шарифи Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 – дар анҷоми соле, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ҳам таърихӣ ба ҳисоб меравад, пешниҳод гардид. Ду маротиба – дар оғоз ва анҷоми соли 2021 ироа гардидани паём фоли нек ва роҳнамои созандагӣ аст.

Дар паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон – Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мужда дода шуд.

Паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Пешвои миллат нахуст ба масъалаи пайомадҳои пандемияи СOVID-19 ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии ҷумҳурӣ низ таъсири манфии худро расонидани он ишора намуда, аз иқдомҳои муассир ва чораҳои фаврии роҳандозишуда ёдовар шуданд.

Дар ҳақиқат таҳлилҳо ва баррасии ҳолати мавҷуда нишон медиҳад, ки иқдомҳои саривақтии роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати пешгирии паҳншавии пандемияи СOVID-19 ва буҳронҳои вобаста ба он самаранок буда, карантини нарм нагузошт, ки ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида шавад.

Пешвои муаззами миллат рушди иқтисоди кишвар, даромади пулии аҳолӣ, бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ ва саҳми бахши хусусиро дар соли 2021 дар қиёс бо давраҳои муайяни соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ намуданд, ки рӯ ба инкишофанд. Масалан, “рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.”

Нишондиҳандаҳои мазкур самараи идоракунии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар вазъияти буҳрони ҷаҳонӣ ва пешгирии хавфҳои воқеию эҳтимолӣ ба сиёсат ва иқтисодиёти кишвар мебошад. Чунин сиёсат имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон хавфҳои мавҷударо бо камтарин ҳисорот ба иқтисоди кишвар паси сар намояд ва рушди иқтисодии худро идома диҳад.

Ислоҳоту иқдомҳои саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи сиёсати давлатӣ самараи хуб ба бор овард. Зимни бардошт аз Паём маълум мешавад, ки соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок низ рушди бемайлон доранд. Масалан, “афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт, зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост омада дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардид. Воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфт.

Инчунин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфтааст.

Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шудааст.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки “То замони истиқлолият талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва картошка асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардид. Агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад. Соли 2021 беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.”

Ҳамчунин дар радифи дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди илму маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.”

Аз Паёми Пешвои миллат қишрҳои ҷомеа ва намояндагони касбу кор ва соҳаҳои гуногун самтҳои ба худ алоқамандро интизор мешаванд. Ба иборае ҳар як узви ҷомеа паёмеро барои худ интизораст. Зеро, таҷрибаи ироаи Паём ва механизмҳои минбаъдаи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз он бармеоянд нишон медиҳанд, ки нисбат ба амалисозии онҳо бархурд ва муносибати масъулона сурат мегирад. Ироа паём нишон дод, ки дар ҳақиқат паёми имсола – паёме ба ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистон буд.

Аз ин лиҳоз, самтҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида якдигарро пурра намуда, бо ҳам алоқаманд буда, дар маҷмӯъ ба амалисозии яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон – таъмини зиндагии шоиста нигаронида шудаанд.

 

С.Қодирӣ,

сардори Шуъбаи ташкилӣ,

иттилоотӣ ва таҳлилии 

мақомоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор