Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақоми олии қонунгузории мамлакат, чун ҳамешагӣ, ба тамоми паҳлуҳои зарурӣ-ҳаётии рушди ҷомеа ва давлатдории муосири миллӣ дахл намуда, оид ба замина, самтҳои густариш ва тақвият бахшидани василаи расидан ба мақсадҳои стратегии миллӣ, дастуру тавсияҳои судманд пешниҳод намудаанд.

          Дар Паёми мазкур Пешвои миллат аз амалӣ шудани ислоҳоти фарогир ишора намуда, дар ин раванд батадриҷ амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ (яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул)-ро таъкид намудаанд.

         Аз таҳлилҳои дар Паёми навбатӣ инъикосёфта бармеояд, ки танҳо дар зарфи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Ин рақамҳо бозгўи онанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфта аст.         

Дар ҳамин радиф, Сарвари давлат амалӣ гардидани 59 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 24 миллиард сомонӣ таъкид намуданд, ки зимнан 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуда, ҷиҳати таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он мусоидат менамояд.

Ба вуҷуд овардани системаи ягонаи энергетикӣ, бунёд кардани 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ва азнавсозӣ гардидани 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишварро метавон аз талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳисобид.

         Пешниҳод карда шудани зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ, кам кардани шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин кам кардани муҳлати бақайдгирӣ ва ба таври ройгон ба роҳ мондани  он таваҷҷуҳи махсус доштани Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бозтоб менамояд.

Гузашта аз ин, дар заминаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, пешниҳод гардидани як қатор сабукиҳои дигар, аз 10 то 7 номгӯй кам гардидани  шумораи андозҳо ва паст карда шудани меъёрҳои якчанд намуди онҳо дастгирии навбатии Ҳукумати мамлакат дар ин самт маҳсуб мегардад.  

         Дар ин росто, Сарвари давлат ҳукумати мамлакатро ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда ва ба ин мақсад афзалият додани масъалаҳои марбут ба таъмини рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ муваззаф намуда, талаб намуданд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ то 2 баробар инчунин, афзоиш додани содироти маҳсулоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Дар алоқамандӣ ба ин нишондодҳои болозикр ва бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Президенти мамлакат солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.

Дар ин замина дар Паём таъсиси  беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд гардадни даромади пулии аҳолӣ, ба 45 фоиз расонидани табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, бо назардошти он, ки дар кишвар захираву имкониятҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёд аст, Ҳукумати мамлакат барои андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, муваззаф гардида аст.

         Аз имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат собит намуданд, ки захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёфта, саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад. Дар ин самт андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 соли минбаъда ва роҳандозӣ намудани низоми идоракунии корпоративӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта, пешниҳод гардидааст.

         Дар заминаи Паём муваззаф гардидани Ҳукумати мамлакат ҷиҳати қабул ва татбиқи Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ» барои таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисод яке аз иқдомҳои  муҳим ба ҳисоб меравад.

         Сарвари давлат мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакатро омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ҳисобида, дар раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш додани иқтидори энергетикиро таъкид намуданд. Ҳамчунин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (нерӯи офтоб ва шамол)-ро тавсия дода, дар ин ҷода дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудани асосноккунӣ ва татбиқ 3 лоиҳаро бо иқтидори умумии 260 мегаватт таъкид доштанд.

Президенти мамлакат дар баробари маблағгузории мақсаднок инчунин муқаррар карда шудани имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукиро дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ омили ноил гардидан ба пешравиҳои назаррас арзёбӣ намуданд.  

Дар асоси нуқтаҳои муҳими Паём аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шудани воридоти нақлиёти барқӣро метавон аз талошҳои Роҳбарияти Олии Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва вазъи мусоиди экологӣ ҳисобид.

         Чуноне, ки аз Паём бар меояд, ба мақсади ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дошта, тайи солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

          Дар Паём барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат вусъат бахшидани корҳои таҳқиқотӣ муҳим дониста шуда, дар ин самт ба таври шоиста иҷро намудани рисолати шаҳрвандиву миллии олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор шарти зарурӣ дониста шудааст.

Ҳаминтавр, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳамчун ҳувайдокунандаи марому ҳадафҳои стратегии миллату давлат, ки дар Паём таҷассум гардида аст, дар дигар санадҳои дахлдор инкишоф ёфта, мувафаққона, дар амал татбиқ мегардад, ки ин ҳолат яке аз хусусиятҳои Паёмро ҳамчун омил ва ё механизми самаранок татбиқ гардидани стратегияҳои муҳими рушд ва лоиҳаҳою барномаҳои мақсадноки давлатӣ ифода менамояд.

Хулоса дар партави  дастуру тавсияҳои судманди Пешвои миллат, ки бори дигар дар ин ҳуҷҷати таърихии фаросоҳавӣ таҷассум ёфтааст, тамоми субъектони фаъоли ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати мушарраф гардидан ба ҳамагуна дастоварду муваффақиятҳо масъул мебошанд,

 

Сангов Тоҷиддин   

         сармутахассиси  Шуъбаи ҳифзи давлатии

 ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор