Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат авзои кунунии ҷаҳон, чигунагии хусусияти пайомадҳои муосир, тарзи шаклпазирӣ ва сатҳи таъсиррасонии онҳо мавриди таҳлилу хулосабарории мантиқӣ қарор дода шудааст, ки дар маркази меҳвари мушкилоти ҷаҳонӣ ҷой доштани масоили марбут ба амниятро тасдиқ менамояд.

Гарчанде, ки имрӯз бо шарофати фарҳанги ояндасоз ва сиёсати дурандешонаи ҳомии олии амнияти кишвар ва дастгирии содиқонаи мардуми қадршиносу ваҳдатпазири он аз ин сиёсати хирадмандона, фазои Тоҷикистони азиз орому босубот аст, аммо шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асрӣ, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам ҳар яки моро водор месозад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои пойдорию таҳкими амнияти меҳан, минтақа ва ҷаҳон ҳама нерӯи зеҳнию ақлонии худро равона созем.

Дар партави таъкидҳои Сарвари давлат мо бояд таъмини амнияти миллиро қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти инсонӣ ва уҳдадории табиии худ бидонем. Ҳарчанд, ки дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомӣ махсус муваззаф буда, вазъи мураккабгаштаи ҷаҳони муосир дар назди онҳо шарту уҳдадориҳои ҷиддии касбиро гузошта аст.

Яке аз чунин ниҳодҳое, ки муҳофизати марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, суботу осоиштагии ҷомеа ва давлат вазифаи аввалиндараҷа ва тибқи қонун базиммадоштаи он маҳсуб мегардад, ин Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад.

Боназардошти ин муҳтаво, дар радифи дигар қишрҳои ҷомеа тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста    дар мадди назари Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ин гуфтаҳоро дастгирии навбатии Роҳбари Олии давлат, ки дар Паёми имсола эълон гардид бозтоб месозад. Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи онҳо дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон баланд бардоштани сатҳи зарурии таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, яке аз омилҳои асосии тақвият ва такмили сифати фаъолият, омодабошии ҳамешагии ҳарбӣ ва такомули малакаи касбӣ ба шумор меравад, ва ин мақсад дар Паёми навбатии  Пешвои миллат таҷассум ёфтааст.

         Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ бо мушкилиҳо ва маҳдудиятҳои барои ҳалли вазифаҳои ҳарбӣ зарур алоқаманданд. Ин маҳдудиятҳо бинобар ҳалли вазифаҳои хизматӣ зарур мебошанд ва онҳо бояд бо талаботҳои хизмати ҳарбӣ вобаста буда, ба санадҳои байналмилалӣ, қонунгузории миллӣ ҷавобгӯ бошанд.

Қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, ки масъалаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба танзим медароранд, ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва дигарҳо мутобиқ гардонида шудааст.

Сарвари давлат бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Албатта ин тадбирандешии Роҳбари давлатро дар самти мазкур метавон муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд, зеро, андешидан ва пиёда намудани дилхоҳ тадбирҳо барои аз байн бурдани ҳама гуна сарчашмаҳои ба зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда дар шароити муосири сиёсӣ зарур мебошад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дастрасии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳаёти сохторҳои ҳарбӣ метавонад барои таъмини масъулият, шаффофият ва идоракунии босамари сохторҳои ҳарбӣ, пешгирии ҷиноятҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намояд.

Вобаста ба он, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, он дар партави гуфтаҳои расмии Сарвари давлат ва дар доираи ваколатҳои худ дар самти мусоидат ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ амал менамояд.

Дар ин росто Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қисму сохторҳои ҳарбии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда ташриф меорад ва ин ташрифҳо метавонанд дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бо ташаббуси худи Ваколатдор сурат гиранд. Зимнан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои қабули бетаъхири роҳбарият ва шахсони мансабдори қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарони низомҳои ҳарбии дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарордошта ҳуқуқ дорад.

Хулоса, метавон гуфт, ки дар шароити муташанниҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байни давлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалин дараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Бо ҳамин назардошт, Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ва дастурамали умумисоҳавӣ моро водор месозад, ки дар пешорӯи тамоми пайомад ва ҳаводиси гуногунхислати ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммали сиёсӣ, фарҳанги баланди инсондӯстӣ ва рӯҳияи ватандӯстию ҳувияти шикастнопазири миллӣ бошем.

 

 

Нидоев Ҳ.

Муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи  ВҲИ ҶТ

                            

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор