Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ карор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ки хамасола дар тамоми ҷахон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.

Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, хаводиси сиёсию ичтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст.

Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёӣ ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишхои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгони мо мебошад.

Ҷашни Наврӯз умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз рӯзи нав маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оѓози корҳои кишоварзӣ ва боѓдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад.

Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёду ҳамешаҷавон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Қадимтарин манбаи иди Наврӯз китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия” ва “Ат-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ,  “Ал-махосин вал-аздод”-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори чашни Наврӯз хондаанд.

Наврӯзи хуҷастапай бо таъриху тамаддун, адабиёту фарҳанг, тафаккур ва ҷаҳонбинии халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Чи тавре ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.”

Тамоми халқҳои ҷаҳон ҷашни Наврӯзро бо забони ноби тоҷикӣ “Наврӯз” ном мебаранд, зеро Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Тоҷикистон кишвари мардумони сарбаланд ва кӯҳҳои осмонбӯс аст. Дар зимистон кӯҳҳо бо қабати ғафси барф печонида шуда, дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барф муддати тӯлонӣ сафедии худро гум намекунад, танҳо нурҳои аввалини офтоби баҳорӣ онро об карда, муъҷизаи хурдеро фош мекунанд, ки ин сарҳои хурди бунафш аз қатраҳои барфӣ дар пояҳои борик мебошад. Ин далели раднашавандаи фаро расидани бахори деринтизор аз кадимулайём барои тоҷикон ҷашни бошукуҳ буд.

         Аввалин кӯдаконе, ки аз зери барф гули бойчечекро меёбанд, хеле хушбахтанд. Аз паси онҳо ҳама кӯдакони деҳа ба кӯҳҳо мешитобанд, то бойчечакро  чида, ба модарону хоҳарон, ҳамсояҳо, омӯзгорон - тамоми занони деҳа ҳамчун рамзи зиндагии дубора, ҷавонӣ, зебоӣ тақдим кунанд. Занҳо  гули бойчечакро ба чашмонашон молида, Худоро шукр мегӯянд, ки то баҳор зинда мондаанд ва кӯдаконро бо шириниву қаннодӣ ва меваҷот хурсанд менамоянд.

Ҳамин тариқ, Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносию  хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси аҷдодонамон хоҳад буд.

Ҳоло дар Точикистон Наврӯзро асосан аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд ва тибқи қонунгузории миллӣ ин рузҳо истироҳатӣ мебошанд. Дар ин рӯзҳо мардум шодиву хурсандӣ намуда, дар чорабиниҳои идона ба мисли бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ ва дигарҳо иштирок мекунанд. Ҳамзамон, занону духтарон хӯроки асосии наврӯзӣ – сумалак омода намуда, дастархони идона оро медиҳанд. Дар дастурхониидона ҳатман таомҳое гузошта мешаванд, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешаванд ва онро “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” меноманд.

Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ, васлгари наслҳо ва муаррифгари тамаддуни шашҳазорсолаи тоҷикон моро водор месозад, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҷиҳати муаррифии бештари суннатҳои неку волои аҷдодонамон ва таҳкими давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоем.

 

 

Маҷидов П.Б.

Муовини сардори шуъбаи

ташкилӣ,иттилоотӣ ва таҳлилӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор