Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар рӯзгори инсоният ҳар як ҷашн ва иду маросимҳои роиҷгардида вобаста бо ҷаҳонбинӣ, дарк, эътимод ва арҷгузории мардум ба он ҷойгоҳи ба худ хос дорад. Зеро ҳар як падида маҳсули ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва эҷоди халқияту миллати муайян ва дар маҷмӯ инсоният ба ҳисоб меравад.

Наврӯз, соли нав, бостонитарин ҷашни мардумии орёинажод, аз ҷумла тоҷикон  мебошад, ки аз ҳамагонитарини ҷашнҳои башарият ба ҳисоб рафта, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин (аввали ҳамал), мутобиқ ба 21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Дар ин рӯз офтоб ба хати устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд.  Наврӯз – вожаи форсӣ - тоҷикӣ буда, аз аҳди бостон то ба ин замон бо ҳамин ном машҳуру маъмул аст.   

Наврӯз аз зумраи падидаҳои маънавии бостониест, ки муҳаққиқон таърихи пайдоиши онро фаротар аз шаш ҳазор сол ҳисобида, ба давраи шуури мифологии ориёитаборон, замони салтанати Каёниён ва ба оғози тамаддуни инсоният нисбат медиҳанд. Масъалаи матраҳ он аст, ки оғози ҷашнгирии Наврӯз хеле кадимтар аз замони зуҳури Зардушт ва китоби "Авесто" маъмул шуда, комилан ба дину мазҳаб алоқамандӣ надорад. Чуноне, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур додаанд: «Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни   парвариши руҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст»

 Дар «Авасто» ба ин маънӣ омадааст, ки Ахура-Маздо пас аз 3000 соли ҳукмронии ҷаҳон аз ҷониби мабдаи бадӣ – бар Аҳриман ғолиб мегардад ва Ҷамшед тавассути рӯшноӣ ба  Аҳриман ғолиб омада, он рӯзро Наврӯз меномад.

Доир ба таърихи таҷлил ва вижагиҳои Наврӯз як қатор мутафаккирони аҳди бостон, асрҳои миёна ва замони муосир ибрози андеша намудаанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар "Осор-ул-боқия" ва Умари Хайём дар "Наврӯзнома" маълумоти муҳимро роҷеъ ба иди Наврӯз ҷамъ овардаанд.

Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар асараш «Мулук ул- арз вал- анбиё» чунин баён медорад, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.

Муҳаққиқи форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ  таҷлили Наврӯзро ба подшоҳии Ҷамшед ва динро нав кардани он нисбат медиҳад.  

Аввалин маълумотҳо перомони вижагиҳои Наврӯз дар сарчашмаҳои бостонии асри ду ба мушоҳида мерасанд, ки аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар давраи давлатдории Ҳахоманишинҳо, (тақрибан солҳои 648—330 то  мелод) хабар медиҳанд.  Дар ин айём ҷашни Наврӯз ҳамчун маросими идонаи дини Зардуштӣ, иди давлатии Ҳахоманишҳо ба ҳисоб мерафт.

  Наврӯз дар даврони ҳукмронии аҷнабиён, ки муҷиби аз байн рафтани бисёре аз дастовардҳои беназири ориёитаборон гардида аст,   устувор монда, на танҳо ҷойгоҳи худро аз даст надод, балки дар байни халқияту миллатҳои гуногунзабону гуногунфарҳанги сарзамини паҳновар густариш ёфт.

Иди Наврӯз борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию бегонаситезии аҷнабиён ва иқдомҳои зишту муғризонаи бадхоҳони тамаддуни тоҷикӣ дучор омада, сарнавишти ба мисли миллат пурфоҷиаю пурҳаводис ва таззодҳои мушкили марҳилаҳои гуногуни таърихро рахна сохта, то ин замон расида, боз мақоми азалии хешро дарёфта ҷашни байналмиллалӣ гардида аст.

Чунин иқдомҳои муғризонаи бегонагон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ низ, ба мушоҳида мерасид.  Дар солҳои 20-и  қарни гузашта ҷашни Наврӯз анъанаи хурофотпарастӣ ҳисобида шуда, таҷлили он дар тамоми ҳудуди давлати мазкур мамнӯъ эълон гардида, аз феҳристи ҷашнҳо ихтисор шуд.  

 Мусаллам аст, ки таҷлили Наврӯз аз сароғози пайдоишаш на танҳо дар сарзамини таърихии империяи ориёитаборон, балки фарохтар аз он   машҳур шуда буд. Дар давраҳои баъдӣ низ, иди Наврӯз новобаста аз маҳдудсозиҳо ва мамнӯъэълоннамоиҳои бегонагони зимомдор аз ҷониби мӯътақидон ва арҷгузорони фарҳанги волои ниёгонӣ бо шаҳомоти хоса таҷлил мегардид.   

Марҳилаи нави эҳё ва инкишофи Наврӯз ба барҳамхурии ИҶШС рост меояд. Вобаста ба ин ҳолат, яъне дигаргуншавии авзои сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоии ҷомеа таҷлили Наврӯз дар бисёре аз давлатҳои соҳибистиқлоли пасошуравӣ сифати навро касб намуда, ба хусус, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун, иди миллӣ ва дорои мақоми давлатӣ эътироф гардид. 

Дар асоси маълумоти расмӣ ҳоло дар ҷаҳон 13 кишвар Наврӯзро ҳамчун ҷашни расмии миллӣ таҷлил менамояд. Айни замон, иди Наврӯз дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Албания, Ҳиндустон. Македония, Босния ва Ҳерсоговина, минтақаҳои Курдистони Ироқ, (ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистони) Федератсияи Россия ва як қатор  кишварҳои дигар таҷлил мегардад. Гузашта аз ин, дар замони муосир ҳудуди таҷлил гардидани Наврӯз бозҳам густариш ёфта, он ба ҷаҳони тамаддунҳои нав ворид мегардад. Бо ибораи дигар ҳавзаи Наврӯз тавсеа ёфта, кишварҳое ба мисоли Россия, Чин, Гурҷистон, Македония, Босния, Ҳерсоговина, Канада, ИМА (ва амсоли инҳо) – ро фаро мегирад.

Бо эътимод метавон тазаккур дод, ки Наврӯз дар рӯзгори муосир бо моҳият ва ҳикмати худ аз ҳудуди давлатҳои гуногун гузашта, тадриҷан, мардумони то ҳанӯз аз гавҳари Наврӯз бархурдорнабударо фаро мегирад, ки хушбахтона, ин падида ботадриҷ дар ҳоли инкишофи назаррас мебошад.

Муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО бо назардошти моҳият ва махсусиятҳои беназири иди Наврӯз, ки дар инсондустонаю табиатпарварона будан ва паҳноии фарогирии ҷуғрофӣ он бозтоб мегардад, 30 сентябри соли 2009 онро ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарӣ ворид намуд. Дар ҳамин алоқамандӣ, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010, дар иҷлосияи 64- уми худ дар чорчӯбаи банди 49-и рӯзномаи иҷлосия «Фарҳанги ҷаҳон» аз тариқи ризоият таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатънома қабул кард. Дар асоси таъиноти мазкур, 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эътироф гардида, ин падидаи маънавии ҷаҳонии бостон боз ҷойгоҳи воқеии худро дарёфт. Иқдоми мазкур ба хазинаи тамаддуни ҷахонӣ ворид гардидани ҷузъи асосии фарҳанги ориёиро бозтоб намуда, шоистаи эътирофи умум ва арҷгузорӣ будани онро ҳувайдо месозад.  

Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз мебошанд. Воқеан, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Рахмон бо эътимод ва ифтихор аз ин падидаи бузурги ниёгон, ҳамчун меросбари фарҳанги беназири ориёитаборон дар ҷодаи ба тасвиб расидани қарори таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эътироф намудани 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз», саъйю талошҳои пайгиронаю муассирро анҷом доданд. Далели воқеӣ он аст, ки то ба Истиқлолият комёб шудани Ҷумҳурии  Тоҷикистон кишварҳое, чун Эрон ва Афғонистон, ҳамчун меросбарони фарҳанги арзишманди форснажодон соҳибихтиёр ва мустақил буданд, аммо ҳеҷ як роҳбаре аз ин кишварҳо натавонист ба чунин ташаббус иқдом намояд.

Мусаллам аст, ки Наврӯз дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми хоси худро аз нав соҳиб гардида, аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. 

 Мушаххасан, доир ба раванди мавҷудият ва сатҳи таҷлил гардидани Наврӯз дар дарозои таърих метавон қайд намуд, ки Наврӯз дар замони мавҷудияти Сомониён дубора эҳё гардида, бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд.

Дар даврони Сафавиҳо ва Шайбониҳо бошад, таҷлили Наврӯз вобаста ба диди ноогоҳонаи зимомдорони муҳтасиб, ҳамчун анъанаи мухолиф бо арзишҳо ва меъёрҳои мазҳабӣ мамнӯъ эълон гардида буд. Дар давраи Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва замони истилои муғулҳо иди Наврӯз дар сатҳи гуногун таҷлил мегардид.  

Мутаассифона, гоҳҳо ба мушоҳида мерасад, ки вобаста ба ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳияшон баъзе руҳониён ва пайравони онҳо таҷлили иди Наврӯзро амали нодуруст  ва мамнӯъ арзёбӣ менамоянд. Аммо, алорағми ин ноогоҳиҳо ва кӯр-курона пойбанди урфу одатҳои бегонагон мондани баъзе ҳамватанон, мо бояд ҳамеша аз ҳамагуна арзишҳои миллӣ ва мероси пурғановати ниёгон, хосса аз падидаҳои фарҳангӣ - миллии бостонии худ ҳифозат  намуда, бо рӯҳияи сидқан арҷгузорӣ намудан дар эҳё, парастиш ва густариши онҳо саҳмгузор бошем.  

Имрӯз, хушбахтона дар Ҷумҳурии Точикистон Наврӯз ҳамчун падидаи бузурги маънавии аҷдодии тоҷикон бо арҷгузорӣ ва саъю талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ҷашни умумимиллӣ эътироф гардида, шаҳомати рӯзафзӯн касб менамояд. Наврӯз барои мо тоҷикон мероси беназиру бузурги маънавиест, ки дар дарозои таърих онро ҳифз намудаем ва дар замони муосир он дар радифи забони модариямон ҷузъи таркибию асосии ҳуввияти миллии моро ташкил дода, мояи ифтихору сарчашмаи худшиносиямон ба ҳисоб меравад.

Хулоса, чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Наврӯз – таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳуввияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст».

 

Сангов Тоҷиддин

сармутахассиси  Шӯъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор