Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Шурӯъ аз соли 1948 - аз марҳилаи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ба манфиат ва ҷиҳати беҳбудии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон корҳои назаррас амалӣ карда шуданд, ки имрӯзҳо низ идома доранд. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамчун унсури муҳими шаклгирии фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Эъломия СММ дар бораи таълим ва омодагӣ дар соҳаи  ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа,  Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дигар санадҳо дарҷ гардидааст.

Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан (09 сентябри соли 1991) принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро эътирофу эҳтиром намуда, онҳоро ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии худ эътироф намудааст. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар конститутсия арзишҳои олӣ эътироф шуда, эътибор, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ин ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Асосан ин санадҳо 9-то мебошанд: Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз 16 декабри соли 1966); Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ (аз 16 декабри соли 1966); Конвенсияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак (аз 20 ноябри соли 1989); дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбат ба занон (аз 18 декабри соли 1979); дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбизи нажодӣ (аз 21 декабри соли 1965); зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ва ҷазои бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (аз 10 декабри соли 1984); оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (аз  8 декабри соли 1990); оид ба ҳуқуқи маъюбон (аз 13 декабри  соли 2006) ва дар бораи ҳимояи ҳамаи шахсон аз ѓайбзании маҷбурӣ (аз 20 декабри соли 2006).

Аз ин шумора Тоҷикистон ҳафт санадро қабул ва тасдиқ кардааст. Ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк имзо гузоштанд ва ҷиҳати тасдиқи он нақшаи дахлдор тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунон, Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколӣ иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ; Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбат ба занон; Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо фуруши кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дахл дорад ва Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳонаро тасдиқ намудааст.

Тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқиии байналмилалии номбаршуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ дар ҷумҳурӣ низоми мукаммали ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст. Аз ҷумла дар сарсухани Конститутсия, ки дар он мақсаду мароми ин санад ва вазифаҳои он инъикос гардидааст, таъкид шудааст: ки “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда... озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”

  Боби дуюми Конститутсия, ки аз ҳама боби ҳаҷман калони он мебошад,  (аз 34 модда иборат аст) пурра ба ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Ин боб дар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон таҳия гардидааст ва дар худ меъёрҳои номбурдаро ҳамаҷониба инъикос кардааст. Яке аз моддаҳои муҳими ин боб моддаи 14 буда, дар он асосҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, амали бевоситаи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон, хусусияти муайянкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон нисбат ба давлат ва мақомоту шахсони мансабдори он инъикос шудаанд. Дар ин модда пешбинӣ шудааст, ки “ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд”.

  Дар асоси меъёрҳои ин боби Конститутсия ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон қонунгузории амалкунанда ва низоми ҳифзи ҳуқуқи инсон дар мамлакат созмон дода шудааст. Аз ҷумла, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон; Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон ва Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамояд.

  Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудаанд, ки сохторҳои махсус дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд. Самтҳои асосии фаъолияти онҳо – баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон; омузиши қонунгузорӣ дар ин самт; баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳукуку озодиҳои инсон, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо; таъмини ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон; ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу  озодиҳои инсон мебошад.

  Бо мақсади таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди минбаъдаи он дар мамлакат санадҳои зиёди қонунгузорӣ ва стратегиву барномаҳо қабул гардиданд. Якчанд аз ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон равона шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳануз соли 2001 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардида буд. Он бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои Даҳсолаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 1995-2004, ки бо қатъномаи 49/184 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) эълон гаштааст, таҳия шуда буд. Барномаи мазкур доираи васеи ҳадафҳоро муқаррар намуда, шаклҳои гуногуни таълими ҳуқуқи инсонро барои тамоми қишрҳои ҷомеа фаро мегирифт.

Бо дарназардошти принсипҳо, мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2010-2014 дар ҷумҳурӣ Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 қабул гардид. Барномаи мазкур мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва таҳия гардида буд.

Барнома ба тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳи сифатан нави тайёр кардани кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гардида, доираи амали он таълими (омӯзишӣ) соҳаи ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, курсҳои омӯзишӣ ва азнавтайёркунии омӯзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро фаро мегирифт.

Татбиқи самараноки Барномаи мазкур ҷиҳати шаклгирии фарҳанги ҳуқуқи инсон ва боз ҳам боло рафтани имиҷи Тоҷикистон мусоидат намуда, барои шинохти мафҳуми муосири ҳуқуқи инсон дар байни ҷомеа замина гузошт.

Аз ҷониби гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ 17 барномаҳои соҳавӣ оид ба таълими ҳуқуқи инсон таҳия ва тасдиқ гардида, дар вазорату идораҳои дахлдор мавриди татбиқ қарор дода шуданд.

Бо мақсади мусоидат ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии барномаҳои соҳавии тасдиқшуда дар заминаи “Мактаби ҳуқуқи инсон” 15 нафар тренерон омода ва соҳиби сертификати “Тренер дар соҳаи ҳуқуқи инсон” гаштанд.

Дар доираи амалисозии Барнома даҳҳо адад адабиёти соҳаи ҳуқуқи инсон таҳия, тарҷума, омода ва бо теъдоди ҳазорҳо нусха нашр шуданд, ки дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, “Маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон” (1300 нусха), “Роҳнамо аз фанни ҳуқуқи инсон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” (250 нусха), “Роҳнамо аз фанни ҳуқуқи инсон барои ихтисосҳои ѓайриҳуқуқшиносӣ” (250 нусха), “Лоиҳаи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон” (50 нусха), буклетҳои “Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”, “Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”, “Ҳуқуқ ба муроҷиат”, “Низоми сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” ва “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” (7000 нусха), “Ахбори Ваколатдор” (ҳамасола 360 нусхагӣ) ва дигар маводҳои иттилоотӣ таҳия, нашр ва дастрас карда шуданд.

Ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатии телевизионӣ пахши мунтазами барномаҳои “Инсон ва ҳуқуқ”, “Маърифати ҳуқуқӣ”, “Минбари ҳуқуқ”, “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Мурофиа”, “Қонун”, “Ҳуқуқи Шумо”, “Прокуратура”, “Додгоҳ” ва дар муассисаҳои давлатии радио барномаҳои “Ҳуқуқи ман”, “Посухи ҳуқуқшинос”, “Фурсати баён”, “Набзи сиёсат”, “Маърифати шаҳрвандӣ”, “Ҳамсадо”, “Тафсири рӯз”, “Ҳуқуқи Шумо”, “Ҳадиси зан”, ”Меҳвар”, “Оила” ва “Муошират” ба роҳ монда шуданд.

Бинобар ба анҷом расидани амалисозии муваффақонаи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шуд.

Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар панҷсола як маротиба таҷдиди назар шуда, бо дарназардошти фарогирии қишрҳои нави ҷомеа такмил ва бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул мешавад, аз ҷумла дар марҳилаи нави Барномаи мазкур барои солҳои 2020-2024 намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷавонон фаро гирифта шудаанд.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.

Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Зеро, таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои рушд ва ноил гардидан ба муносибатҳои устувору мутавозин байни давлатҳо ва барои мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳ муҳим буда, ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон натиҷаи он аст.

С.Қодирӣ,

Сардори шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои кӯдак

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор