Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад. Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Дар ин маврид борҳо гуфтаанд, халқу миллати тоҷик бар он мӯътақид аст, сарони бисер кишвархо, сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ тавсифи онро кардаанд, ки ба гумон аст агар Эмомалӣ Раҳмон - ин сарвари далеру ҷасур, фидоии миллат, сарсупурдаи роҳи сулҳу суботи мамлакат намебуд, кӣ медонад нобасомониҳои кишвар, ҷангу ҷидолҳо, ҳаводории сепаратистӣ, ҷудохоҳӣ ва боз ким-кадом  манфиатҳои қавмию мазҳабӣ ва минтақавӣ рӯзгори тоҷикро ба чи гуна тақдирсӯзиҳое мувоҷеҳ месохт. Раҳми раҳмони омад ва Эмомалӣ Раҳмон – ин ҷавонмарди фарзонаро бо хиради азалии ниёгон, ки дар вуҷудаш нуҳуфта аст, ба сару сарварии ин миллати мутамаддин овард. Ва дар пайравии халқу миллатҳои соҳибтамаддуни дигар ҷавонони тоҷик дар маҳфилҳо ва сӯҳбатҳои хоса бо ифтихор мегуфтанд:

Раҳми худо бар сари мо,

Эмомалӣ роҳбари мо!                                                             

Мардуми тоҷик дар гирди Сарвари давлат чамъ омад. Ҳарчанд, ки баъзеҳо, ҳатто ба ном ҳомиёни халқ умед аз ваҳдату муттаҳидӣ канда буданд, ва домони бегонагонро гирифта ё дар сояи онҳо паноҳ бурда, нигарон буданд, кай ин чавонмарди ба саҳнаи сиёсӣ омада даст боло мекунад ва ноуҳдабароёна ин кори мушкил аст, мегӯяд. Аммо интизории онҳо ба дарозо кашид ва мӯҳри абадиро ба дилҳои сиёҳашон сабт намуд. Эмомалӣ Раҳмон бо қотеъият миёни корро маҳкам баст ва барои татбиқу амалигардонии ниятҳои неку хайраш пардохт. Нахуст аз пайи бозгардонии фирориёни иҷчборӣ шуд. Зеро сабақи таърихӣ нишон медод, ки фирории хоки бегона барои рӯзу рӯзгузарониаш ба доми ҳар гуна душмане меафтад ва бозичаи даст мешавад. Ин мардуми хирадманд ҳеҷ иқдоме ба фирор намекард, агар гурӯҳҳое онҳоро наметарсонданд ва ба хотири ҳадафҳои шуми ояндаашон истифода карданӣ намешуданд.

Дар ин маврид аллакай таҷриба мавчуд буд. Мисол, ҳамин тариқ мардуми Афғонистонро ба Покистон гурезонда буданд. Аз ин фирориён баъдан ба сифати ҷангиён заминае сохтанд. Урдугоҳҳое бунёд карда, даста – даста гурӯҳҳои мусаллаҳро бозпас ба Афғонистон бармегардонданд, то ки ҷанг кунанд ва он ҳомиён бемалол тамошо карда, манфиатҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Ҳамин гуна ин кишвар беш аз чил сол боз ба худ намеояд. Точикистонро ҳам ба чунин сурат дидан мехостанд.

Лекин тири душманони тоҷик хок хӯрд. Сарвари давлат барои гуфтушунид бо мухолифин ва баргардондани фирориён дар сатҳи давлатӣ комиссияҳо созмон дод. Вақте ба ин иқдом даст зад боз ҳам бархе аз намояндагони мақомотро нафорид. Чи хел мешудааст: дирӯз ҷангу имрӯз сулҳ. Бале оқибати ҳама гуна ҷанг сулҳ аст, мегӯянд хирадмандон. Гузашта аз ин гурезаҳоро маҷбуран гурезонда бошанд ҳам дар ин хоку сарзамин зиндагӣ кардаанд ва дар ҷомеа мақому манзалате доранд. Дар ободонӣ ва сулҳу субот ҳақ доранд. Дар инкишов ва пешравии давлат ҳам саҳме бояд дошта бошанд.

Президенти Тоҷикистон дар роҳи сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба иқдомҳое доман зад, ки бинобар мавҷудияти хатар ба ҷонаш мақомоти амниятӣ розӣ набуданд. Вақте ҳангоматалабон гуфтанд, ки на ҳамаи манотиқи кишвар дар назорати марказ аст, Эмомалӣ Раҳмон озими Бадахшон шуда, бо қишрҳои гуногуни чомеа, гурӯҳҳои мусаллаҳу ҳаракатҳои сиёсӣ сӯҳбату мулоқотҳо диёр намуд. Ду бор ба Афғонистони ҷангзада рафт. Бори аввал барои халос кардани марзбонони гаравгоншудаи рус ва дафъаи дигар барои мулоқот бо сарвари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ. Бале хатар буд, хатари калон. Чунки сохторҳои интизомӣ дар он кишвар умуман фаъол набуданд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи аҳзоби сиёсии наздик ба шодравон Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд каму беш бехатариро таъмин мекарданд. Ҳатто ҷангиёни мухолифини тоҷик бовар надоштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон меояд ё омадааст. Баъдтар яке аз пешвоёни мухолифин навишта буд, ки «воқеан ба чашми сарамон бовар намекардем, ки ин сарвари давлати тоҷикон аст, ки дар рӯ ба рӯи мо қарор дорад».

Рӯҳи бешикасти ниёгон, бузургони миллат, дуои хайри модари ғамгусор, боварӣ ва эътимоди беандоза ба миллати сарбаланд ба Эмомалӣ Раҳмон қувва ва нерӯю ҷасорат мебахшид. Ҳамин тариқ, ин ҷавонмарди худодод ва назаркардаи хоҷаи Хизр қадам ба қадам роҳи тулонии сулҳро наздик мекард. Гуфтушунидҳо аз Маскав оғоз ёфту дар Маскав анҷом ёфтанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таърихи 27-июни соли 1997 ба имзо расид. Дар он баробари Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ боз кишварҳои миёнарав ва Созмони Милали Муттаҳид, ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо шодмонӣ ҳузури худро дар ин воқеаи барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ва барои сулҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир тасдиқ карданд.

Дар пайи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ акнун созмони мардумие ё худ Ҳаракати умумихалқие лозим буд, ки ҷанбаи таблиғотии ормонҳои мардумии рӯи ин санади сарнавиштсозро дар амал пиёда гардонад. Ҳамаи қишрҳои ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, миллату халқиятҳоро ба ҳам биёрад ва зери парчами ободӣ ва осудагии халқи мамлакат муттаҳид ва сафарбар созад.

Бо иқдоми худи Сарвари давлат ин созмон бо номи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Точикистон санаи 18-июли соли 1997 таъсис ёфт ва дар Анҷумани нахустин Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Марказии он якдилона интихоб карданд. Ҳангоми суханронӣ Ҷаноби Олӣ таваҷҷӯҳи ҳамаи табақаҳои мардум, хурду калон хусусан ҷавононро ба он ҷалб намуд, ки акнун ба тақдири неки мардум даврае фаро омад, ки ҳамаи мо на дар корзори ҷанг, балки дар ҷабҳаҳои меҳнату созандагӣ ҳунару маҳорати худро нишон диҳем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониаш таъкид бар он менамояд, ки дар амри хайри бозсозии ҷомеа, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ ва ислоҳоти иқисодию беҳдошти сатҳи зиндагӣ ба ҷавонон бештар такя менамоянд. Зеро, ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти шумо – ҷавонон ва ба хотири неки ояндаи Тоҷикистон аст». Чунин таваҷҷӯҳ моро ифтихорманду рӯҳбаланд месозад. Тоҷикистон аз ҷумлаи давлате мебошад, ки аҳолиаш хеле ҷавон аст. Синни миёнаи аҳолӣ дар кишвари мо 24 сол мебошад. Маҳз бо назардошти ҳамин воқеият Сарвари давлат ба ҷавонон ҳидоят медиҳад, ки «Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед». Мо ҷавонон ин дастурро хамчун супориши қотеъ пазируфта ва то ҷое имконияту қувва дорем, баҳри татбиқи он ҳисса мегузорем. Кӯшиш менамоем, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардем, қувваи эҷодию илмӣ ва донишҳои андӯхтаи худро барои ободии ватан сарф кунем.

Президенти мамлакат дар суханрониҳои худ дар вохурӣ бо ҷавонон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд». Аз ин бештар умеду эътимоди роҳбарияти мамлакат нисбати ҷавонон дар саросари ҷумҳурӣ барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа эҳтиром миёни дину мазҳаби миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байни тамаддунҳо ва наслҳо ва ҳамзамон барои пешгирии фаъолияти қувваҳои ифротгаро, шомил гаштан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ нақшаҳо матраҳ карда, чораҳоро амалӣ мегардонанд.

Мо ҷавонон дар навбати худ ғамхориҳо ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби ҳукумат нисбати ҷавонон муҳайё шуда истодааст, муташаккирона қабул менамоем. Қариб ҳар сол андозаи идрорпулии (стипендияҳо) донишҷуён зиёд карда мешавад. Барои духтарони кӯҳистон ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олӣ квотаи президентӣ ҷорӣ гардид. Ҳар сол ҷавонони хатмкардаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Ҳукумат барои ҷавонони эҷодкор ҷоизаҳо таъсис додааст ва барои пешбурди истеҳсолоту соҳибкорӣ грантҳо муқаррар намудааст. Стипендияҳои президентӣ, кӯмакпулиҳо ва мукофотпулиҳо барои ноил шудан ба дастовардҳои нави ҷавонон кӯмаки калон мерасонад.

Дар баробари ин мо ҷавононро лозим аст, ки нисбат ба равандҳои номатлуби дар байни ҷавонон афзоянда аз қабили нашъамандию фоҳишагӣ, одамфурушӣ, тақлид ба маданияти ғарб, ҷинояткорӣ ва амалҳои коррупсионӣ бе тафовут набошем. Дар муқобили он пеш аз ҳама мо бояд садо баланд кунему пеши роҳи онро гирем. Худшиносу худогоҳ бошем. Рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандустӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшем. Мо бояд аз он шукргузор бошем, ки дар як кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор дорем. Ва ҳамин давлат аст, ки барои мо назар ба имкониятҳояш шароитҳо муҳайё месозад.

Бинобар ин вазифаи аввлиндараҷаи мо ҷавонон ва қарзи муқаддаси мост, ки истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию амнияти кишварро пос дорем ва ҳимоя кунем. Ва мақсади ҳар сол ҷашн гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ аз он иборат аст, ки баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагии миллат боз ҳам таҳким ёбад. Дар баробари ин ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки мо мардуми мутамаддинем, сулҳ сохта метавонем, ба қадри он мерасем, фарҳанги сулҳро рушду инкишоф дода метавонем. Дар таърихи ҷаҳонӣ ба монанди сулҳи мо таҷрибаи дигаре набудааст, ки ҷонибҳои даргир ба ифоқа омада, санади сулҳашонро мисли мо татбиқ карда, ба мусолиҳаи пояндаву пойдор ноил гашта бошанд. Ҳамин аст, ки онро меомӯзанд ва дар мамлакатҳои дигари ноором истифода мебаранд.

Ҳамаи ин суннатҳои таърихӣ, дар фикри ояндаи миллат будан, нангу номуси миллӣ, ватанхоҳии тоҷикона, нигоҳ доштани якпорчагии марзу бум рӯ зад ва бо ҷасорату иқдомҳо ва хиради азалии халқ ва роҳбари он Эмомалӣ Раҳмон истиқболе ба ҷониби дигаре сурат гирифт. Тамоми мардум инро пазируфт. Давлатҳои кафил ва созмонҳои байналхалқӣ ҳам кӯмак расонданд. Ба гуфти муншии умумии собиқи СММ Кофи Аннан «…Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи ҷаҳонии эчоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯровари даст кашидан дар ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод».

Ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузург бояд ҳар як фарди ҷомеа омодагии ҷиддӣ бинад, содиқонаву софдилона заҳмат кашад ва ҳар соату ҳар рӯзро барои ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва осоиши рӯзгори мардуми шарифамон самаранок истифода намояд.

Дар ин раванди неку созанда ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон саломатӣ ва барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат мехоҳам.

Ҷовидону поянда бод ваҳдати миллии тоҷикон!

Ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Б. Абдуллоев

Ёрдамчии муовини

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор