Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

 

Бисту ҳашт сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад, ҷомеа ва давлати Тоҷикистон бо марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихии худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шурои Олӣ ворид гардид. Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Россия баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Маҳз ҳамин санаи таърихӣ оғози низоми нави давлату давлатдорӣ, поягузори муносибатҳои ҷадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишварамон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дар бар гирифта, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи Тоҷикистонро то хурдтарин ҷузъиёташ ифода менамояд.

Чуноне, ки дар он дарҷ гардидааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқадас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститусияро қабул ва эълон менамоем».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои эъмори давлати муосири миллӣ, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандони шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади сарнавиштсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонида, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 11-и он Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибати хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот карданд, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.

Миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути дар амал роҳандозӣ намудани меъёрҳои Конститутсия воқеан ҷомеаи адолатпарвар бунёд намояд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву созандагӣ дар самти роҳи пешгирифтаи ояндасози давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон устувор бошад.

Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистони маҳбуб ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Чуноне ки, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардуми тоҷик, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».

Дарвоқеъ, Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Мутобиқи моддаи 14 Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ амалӣ мегарданд.

Мутобиқи моддаи 19 Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Дар баробари ин, ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳар боби Конститутсия муҳимтарин хусусиятҳои давлату давлатдории Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, масалан боби дуюми Конститусия  ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Дар боби мазкур бештар дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва тартиби ҳимояи он, дар бораи кафолатҳои ҳифзи судӣ, дахлнопазирии манзил, дар бораи ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, ҳуқуқи ташкили оила, ҳуқуқҳои модару кӯдак, ҳуқуқ ба меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ сухан меравад.

Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пеш аз ҳама ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад.

Дар ин ришта қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо вв ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида,  соли 2009 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 

Таъсис додани чунин мақомот барои давлате, ки ҷонибдории худро ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намудааст, хеле муҳим аст.

Имрӯз, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст ва фарогири низоми мукаммали ҳифзи ҳуқуқи инсон бо намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои амалкунандаи худ дар вилоятҳо ва баъзе шаҳру навоии ҷумҳурӣ мебошад.

Яке аз нишонаҳои асосии ҳама гуна давлату давлатдорӣ дар асоси Конститутсияи худ соҳибихтиёрӣ, яъне истиқлолияти он мебошад. Конститутсияи мо ҳамчун қонуни асосии кишвар воқеияти истиқлолияти миллиро сабт намуда, аз ин роҳ рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин мекунад. Давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёд намудани давлати соҳибистиқлолро бар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад.

Итминони комил дорам, ки дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон уфуқҳои нав фатҳ карда мешаванд ва таманнои онро дорам, ки тамоми мардуми тоҷик  ва тоҷикистониён дар ин роҳ сарҷамъ ва тифоқ бошанд.

Ҷашни солгарди Конститутсияро ба ҳамагон муборакбод гуфта, орзу дорам, ки ин ҷашнвора ба густариши худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Ватани азизи мо нерӯву тавони тоза бахшад, таманно дорам, ки Конститутсия ҳамчун шоҳсутуни сулҳу ваҳдат ва раҳнамои халқу миллат садсолаҳо ба халқу давлати тоҷикон хизмат намояд.

 

 

Муовини Сардори шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсӣ                                                             

Нидоев Ҳ. Н.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор