Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

 

Ҳамасола моҳи ноябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи идҳои пайдарҳам ва ҷашнҳои бошукуҳи миллӣ аст.

Имрӯз, мо байни ҷашну рӯйдодҳои таърихие қарор дорем, ки барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ, бунёду инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд овардаанд.

 Аввал ин Рӯзи Конститутсия аст, ки онро 6 ноябр ҷашн хоҳем гирифт.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги халқи Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати  соҳибистиқлоли мо мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон намудааст.

Дар зинаи муосири инкишофи худ, ба Тоҷикистони соҳибистиқлол муяссар гардид, ки ба як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии мардону занон, озодии виҷдону эътиқод ва дигар нишонаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад. 

Иди дигар, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”  ин  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мо дар арафаи он  қарор дорем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рамзи садоқат ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба сарвари давлат аст.

Имрӯз, ба касе пӯшида нест, ки нақши муҳимтарин дар таҳрири модели миллии идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарвари давлат мансубият дорад, яъне ба меъмори  асосии он.

Бе муҳоббот, дар мавриди сухан гуфтан дар бораи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва муваффақиятҳои имрӯзаи давлату миллат, ҳатман бунёдгузори пойдевори он пеши назар меояд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки дар бораи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва арзандаи Пешвои миллат баҳри ободии мамлакат воқеъбинона баҳогузорӣ намоем.

Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ хеле бузург аст.

Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд: “Истиқлолият бунёд ниҳодани пояҳои устувори давлатдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри шаҳрванд ва инсонро ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад”.

Бузургтарин дастоварди мо пас аз Иҷлосияи таърихӣ бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, чунки дар он шабу рӯз саросари кишвари моро ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд.

Ба ҳама маълум аст, ки дар ҷанги бародаркуш ҷониби ғолиб ё мағлуб намешавад.

“Ман ба Шумо сулҳ хоҳам овард”. ин ҷумлаи соддаву пур аз самимият ба воқеият мубаддал гашт ва тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Зеро Пешвои миллат ба ваъдаи худ вафо намуда, меъмори аслии сулҳу ваҳдати тоҷикон гардид. Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариаш ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгаҳи сазовори худро дорад.

Соли 1992 Эмомалӣ Раҳмони нотарсу шуҷоъ ва содиқи халқу ватан сарварии давлати ҷангзадаеро бар души ҷавони худ гирифт, ки аз ҳар хонадони он овози нолаи модар, мотами ҳамсар ва гиряи тифлон мебаромаду ҳатто, дар баъзе оилаҳо падар чашми дидани писар ва бародар тоқати шунидани овози бародарро надоштанд. Дар он рӯз сарвар ва Пешвои ҷавони Тоҷикистон иброз намуд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам”.

 Бо гузашти солҳо борҳо аз ваъдаи содиқонаи хеш ёдовар шуда, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи сулҳу суботи пойдори Ватанам, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии мо тоҷикон ҳамон шахсиятест, ки маҳз бо ташаббус ва саъю кушиши ӯ музокироти байни тоҷикон ба амал омад, ки аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи июни соли 1997 идома ёфта буд ва оқибати ниҳоии он ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гашт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки зимни таҳияи лоиҳаи кунунии Қонуни асосии кишвар, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кардааст, Раисии комиссияи конститусиониро бар душ дошт ва аз он давлати ҷангзадае, ки дар назари аввал дар он гӯё инсон ва ҳаёти ӯ қадре надошт, имрӯз давлати ҳуқуқбунёд сохт.

Имрӯз, дар Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро Қонуни асосии кишвар кафолат додааст ва Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат аст.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз нишонаҳои асосии давлати хуқуқбунёд, ниҳоди аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва умуман тамаддун аст.

Барои татбиқ ва танзими кафолатҳои конститутсионии хифзи хуқуқу озодиҳои инсон қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои сатҳи миллӣ қабул ва амалӣ мегарданд.

Ҳамаи ин пешравию бурдбориҳои мардуми мо аз иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сарчашма мегиранд.

Яке аз далелҳои суханҳои зикрнамудаам он аст, ки соли 2007 Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки “бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон расидааст. Ин сохтор ҳамчун яке аз падидаҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам  тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд”.

Баҳри амалӣ намудани ин иқдом соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва қабул гардид. Дар асоси Қонуни мазкур моҳи майи соли 2009 бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ба кор шуруъ намуд.

То имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 12 маротиба дар бораи вазъи риояи ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ва тавсияҳои худро вобаста ба самтҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон пешниҳод намудааст.

Далели дигар ин аст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, якчанд даврҳои Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва як қатор барномаю стратегияҳои миллӣ дар самтҳои муқовимат ба коррупсия, рушди маориф, тандурустӣ, фаъолгардонии накши занон ва дигар риштаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тасдиқ ва тадбиқ гардиданд ва татбиқ гардида истодаанд.

Далели сеюм, Тоҷикистон дар дар тӯли зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ва дар давоми сарварии Пешвои муаззами миллат аксари санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар самтҳи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба тасвиб расонида, оид ба рафти иҷрои онҳо давр ба давр гузоришҳои миллиро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мекунад. Чунин далелҳо хеле зиёданд.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки оромии давлати мо, ҷойдории сулҳу салоҳ дар он ва тинҷу амон зистан бо ирода ва лаёқати худододи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст ва

ин шахсияти бузургро халқ ҳамчун бунёдгузори сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъии миллати тоҷик, наҷотбахши давлатдории миллии тоҷикон ва сарвари тавоно мепазирад.

 

Сармутахассиси Шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

сиёсӣ ва шаҳрвандӣ                                                      

Умарова Г.С.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор