Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

 

Имрӯзҳо Интернет қисми ҷудонашавандаи ҳаёти иҷтимоии инсон маҳсуб ёфта, маҳдуд намудани он имконияти инсонро барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат паст мекунад.

 

Бахусус дар давраи ҷаҳонишавӣ интернет ба воситаи асосии амалишавии ҳуқуқи инсон ба озодии сухан ва ибрози ақида, воситаи асосии ба даст даровардан, ҷустуҷӯ намудан ва паҳн намудани иттилоот табдил ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет ҳамчун ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳамаи иттилоот, ки дар шабакаҳо мавҷуданд, ба пуррагӣ тавассути ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Соли 2011 тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба интернет ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон эътироф ва қатъ намудани он дар ин ё он ҳудуд вайронкунии ҳуқуқи инсон ҳисобида мешавад.

Солҳои охир зиёдшавии истифодаи интернет аз ҷониби аҳолии кураи замин ба назар мерасад. Дар ҷумҳурӣ низ истифодабарандагони интернет зиёданд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 млн расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд.

Дар шароити имрӯза таъсири шабакаи Интернет хусусиятҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Дар баробари таъмини иттилоот ва алоқаи одамон, интернет манбаи таъсирасони андешаю тафаккури манфӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳо, гуруҳҳо ё шахсони алоҳида шабакаҳои интернетиро ба манфиати худ ё паҳн намудани хабарҳои бардуруѓ, ноором кардани вазъи суботи кишварҳои алоҳида истифода намуда, ба мафкураи аҳолӣ таъсир мерасонанд. Бахусус гуруҳҳои ифротиву террористӣ бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои худ ҷавонони ноогоҳ ва дур аз маърифатро ба доми худ кашида, ақидаҳои манфии худро тариқи интернет паҳн менамоянд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва нигоҳ доштани фазои иттилоотии солим чораҳои дахлдор андешида шаванд. 

Дар самти дастрасӣ ба интернет низ мушкилот низ ҷой доранд. Сустии суръати интернет ба минтақаи куҳӣ будани кишвар ва норасоии нерӯи барқ рабт дода мешавад.

Дар асоси радабандии "Speedtest Global Index", суръати интернет дар Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба соли 2020 боз ҳам заифтар шуда, тибқи ин радабандӣ Тоҷикистон миёни 138 кишвари ҷаҳон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps) ҷойи 135-умро гирифтааст, ки чор зина нисбат ба нишондиҳандаи қаблияш поин мебошад.

Таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд.

Чӣ тавре қайд карда шуд, «Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад». Ҳамчунин таъкид гардид, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Вобаста ба ин Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки якҷо бо ширкатҳои соҳа барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст чораандешӣ кунад.

Ҳамчунин Роҳбари давлат дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдастро муҳим арзёбӣ намуда, даъват намуданд, ки заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда фароҳам оварда шавад. Вобаста ба ин мақомот вазифадор шуданд, ки бо назардошти пешравию таҳаввулоти соҳа дар миқёси ҷаҳон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар самти мазкур аз натиҷаи баррасии Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Шарҳи умумии Даврӣ (даври сеюм) аз ҷониби давлатҳо-иштирокчии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон (Коста-Рика, Испания ва Шветсария) ба Тоҷикистон тавсияҳо оид ба мустаҳкам намудани таҳкурсии ҳуқуқӣ барои таъмини дастрасӣ ба иттилоот, қатъ намудани таҷрибаи муҳосираи дастрасӣ ба веб-сайтҳо ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ пешниҳод шуданд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ҳамчунин масъалаи пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт дастуру супоришҳои дахлдор дода шудаанд.

Бо ин мақсад Сарвари давлат таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотиро зарур шуморида, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки “имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Вобаста ба ин, аз мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҷиддан тақозо гардида, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ таъкид карда шуд.

Дар хулоса бояд қайд кард, ки имрӯзҳо Интернет ба як ҷузи ҷудонашавандава муҳими ҳаёти иҷтимоии инсон табдил ёфтааст ва ҳамкориҳои пешгирикунандаи намояндагони бахши хусусӣ, ба монанди провайдерони хизматрасонии Интернет, веб-сайтҳо ва низоми ҷустуҷӯӣ дар Интернет дар ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, ҳамчунин маҳдуд намудани паҳншавии фаъолияти терроризм мусоидат мекунад.

Аз ин лиҳоз зарурати таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба Интернет ҳамчун як ҳуқуқи бунёдии инсон муҳим аст.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор