Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки нигоҳи сарвари давлатро  оид ба самтҳои стратегии рушди давлат дар ояндаи наздик ифода мекунад. Он дорои муқарраротҳои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ мебошад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расман ҷой нагирифтааст, аммо дар амалия супоришҳое, ки дар Паём ироа мегарданд аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ба таври қатъӣ иҷро мегарданд. Бинобар ин, ҳоло зарурате ба миён омадааст, ки таҳлили ҳуқуқӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқии “Паём” гузаронида шавад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мисли қонун, фармон, қарор ва ғайра “механизме” мебошанд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд.

Гарчанде мафҳуми “паём” дар қонунгузории миллӣ ифода наёфта бошад ҳам, вале он ифодаи ҳуқуқии худро дар моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтааст, зеро “паём” дар он ҳамчун шакли ифодаи мавқеи сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат нишон дода шудааст.

Мувофиқи моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд”.

Бояд тазаккур дод, ки Паём ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавие мебошад, ки воқеан на танҳо ба парламент, балки ба тамоми мақомотҳои дигари давлатӣ ва тамоми ҷомеаи кишвар ирсол карда мешавад. Аз ин рӯ, “паём”-ро ҳамчун санади сиёсӣ бо элементҳои дорои функсияҳои фармондиҳӣ ё шакли санади меъёрии сиёсии фаъолияти сарвари давлат метавонем гуфт.

Мундариҷа ва шакли Паём дар маҷмӯъ аз нигоҳи Президент вобаста аст ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барномаҳои рушди Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки ҳамчун роҳнамо дар давраи таҳияи паём баромад менамоянд.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳои барномавие мебошад, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад. Диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи ҲРУ имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР-2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо: маориф; тандурустӣ; шуғл; нобаробарӣ;  мубориза бар зидди коррупсия; таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; идоракунии самаранок; ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;  пешгирии низои эҳтимолӣ; амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ; ҷомеаи осоишта ва дастрасӣ ба адлия шомиланд.

Қайд бояд кард, ки паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат мекунанд, бахши махсусеро дар бар мегирад, ки ба таҳлили иҷрои барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат ва такмили ин барнома бо тақсимоти вазифаҳо барои соли оянда, ба мисли Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025-ро дар бар мегирад, ки барои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххасро муқаррар менамояд.

Палатаҳои Маҷлиси Олӣ аз рӯи натиҷаҳои шунидани паёмҳои Президент аксар вақт қарорҳои махсус қабул мекунанд, ки ба татбиқи чораҳои қонунгузории дар паёмҳо зикршуда нигаронида шудаанд.

Вазорату идораҳои мамлакат, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба паёмҳои сарвари давлат тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравӣ, ки чораҳои амалӣ намудани вазифаҳои ба миён гузоштаи Президентро муқаррар мекунанд, қабул менамоянд.

Таҳлили дар боло гузаронидашуда нишон дод, ки Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати сиёсию барномавӣ буда, қувваи фармондиҳӣ ва қонунэҷодкуниро дорост, ки ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти соли ояндаи вазорату идораҳо баромад менамояд.

Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки “паём” дар муайян намудани стратегияҳои рушди кишвар ҷойгоҳи меҳвариро ишғол намуда, он натанҳо дар равандҳои сиёсӣ, балки дар равандҳои рушди босуръати кишвар низ нақши муҳимро касб намудааст.

 

 

З. Икрамова

сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор