Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ба ҳуқуқҳои бунёдии инсон тааллуқ дошта, бо санадҳои универсалии зерин, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои тоқатнопазирӣ ва табъиз вобаста ба дин ё эътиқод, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигарҳо ба танзим дароварда шудааст.

Масалан, дар моддаи 18 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ тағйири озодонаи дини худ ё эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чӣ бо тариқи инфиродӣ ва чӣ якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ таълим гирифтан, ибодат намудан ва иҷро кардани расму оинҳои динӣ ва маросимиро дарбар мегирад.

Моддаи 18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ муқаррар намудааст, ки ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад.

Озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар якҷоягӣ озодии асосии ягонаро ташкил дода, бо ҳам алоқаманд, аз якдигар ҷудонашаванда ва яке аз асосҳои ҷомеаи демократиро ташкил мекунанд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки категорияи озодии виҷдон назар ба категорияи озодии пайравӣ ба дин васеътар буда, зери мафҳуми озодии виҷдон ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин фаҳмида шуда, зери мафҳуми озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона пайравӣ намудан ба дине, ки онро интихоб намудааст, фаҳмида мешавад.

Бояд қайд кард, ки озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи мутлақ ба шумор меравад.

Озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин танҳо ба андозае маҳдуд карда мешавад, ки тибқи қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳимояи амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ ва ахлоқ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои асосии дигар шахсон зарур аст.

Яке аз ҷузъҳои муҳимтарини озодиҳои мазкур аз ин иборат аст, ки ҳар кас метавонад дар алоҳидагӣ ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ нанамояд, бе фишор эътиқоди худро интихоб, дигар намояд, дошта бошад ва паҳн намояд.

Аммо ҳангоми паҳн намудани ақидаҳои динӣ ё атеистии худ набояд ҳиссиёти дигарон паст зада шавад.

Тибқи санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалии ҳуқуқи инсон давлатҳо вазифадоранд, ки барои амалишавии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин шароит фароҳам оваранд ва онҳоро ҳифз намоянд.

Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Кафолатҳои ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ки дастоварди муҳими ҷумҳурӣ дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.

Озодона муайян намудани муносибати инсон нисбат ба дин бевосита аз моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст.

Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он мафкураи ягон дин ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад (моддаи 8).

Моҳияти дунявии давлат ин маънои таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дар назар дорад.

Баробарии иттиҳодияҳои динӣ маънои онро дорад, ки давлат набояд ба ҳеҷ дину мазҳаб авлавият диҳад.

Тибқи моддаи 26 Конститутсияи Тоҷикистон «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Мавриди қайд аст, ки ҳифзи давлатии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин шарти муҳимтарини таҳкими ягонагии ваҳдат ва тамомияти миллат ба шумор меравад.

Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳамчунин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигарҳо ба танзим дароварда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тамоми ҷанбаҳои озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро ба танзим даровардааст.

Дар ҷумҳурӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надорад ва ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ фақат дар ҷойҳои муқарраршуда анҷом дода мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи Истиқлолият ҷумҳурӣ ба як қатор комёбиҳои мусбӣ оид ба масъалаи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ноил гардидааст. Аз ҷумла, барои эҳё ва рушди фазои озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳамаи шароит фароҳам оварда шуда, сиёсати давлат дар ин самт ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст.

Тибқи қонунгузорӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда,  барои озодона амалӣ намудани расму тамоюли ҳамаи дину мазҳабҳо шароит муҳайё шудааст ва диндорон озодона идҳои динии худро қайд намуда,  ҳар сол ба ҷойҳои муқаддас ба зиёрат мераванд ва идҳои Рамазону Қурбон ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил мешаванд.

Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои гирифтани таълими динӣ муҳайё шуда,  китоби муқаддаси мусулмонон “Қуръон”  ба забони тоҷикӣ якчанд маротиба тарҷума ва нашр шуда, дастраси аҳолӣ гардидааст.

 Аз рӯи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 4058 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 66-тои онро иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ 1 Маркази исломӣ, 49 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷидҳои панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 3 ҷамоатхонаи исмоилӣ фаъолият доранд.

Инчунин дар шаҳри Душанбе калонтарин дар Осиёи Марказӣ масҷид сохта шудааст.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳое маҳсуб дониста мешавад, ки нисбат ба ақаллиятҳои дигар мазҳабҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Сиёсати давлат дар самти ҳуқуқи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин тавассути эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба амал бароварда мешавад.

Мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд дар самти озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВҲИ) ба шумор меравад.

ВҲИ мунтазам ҳамкориҳои судманди худро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқҳимояткунанда дар самти таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ба роҳ мондааст.

 Дар асоси Барномаи амали мақомот кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Намояндагию он баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муборизаи оштинопазир бо ташкилоту гуруҳҳо ва шахсоне, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба қудрат ва ғаразҳои гурӯҳиву шахсӣ истифода менамоянд, силсилаи вохӯрию ҷамъомадҳо дар маҳалҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинон баргузор менамоянд.

 Ҳамчунин, онҳо корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, давлат ҳомии дин, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани нуфузи дин ва дигар тадбирҳои пешгирии қонуншикании самти мазкур гузаронида, иштирокчиёнро барои баланд бардоштани маърифати динӣ, худшиносии миллӣ  даъват менамоянд.

Зимнан ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии иштирокдорони вохӯриҳо мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, мазмуну моҳияти сиёсати динии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони Истиқлолият дар ин самт ва дигарҳо фаҳмонида мешаванд.

Кормандони Дастгоҳи марказии мақомот якчанд маротиба дар радиоҳои ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯъҳои «Озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин» ва «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ» суханронӣ карда, дар сомонаи мақомот мақолаҳо ба нашр расониданд.

Ҳамчунин, онҳо дар такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқу озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мазкур иштирок менамоянд.

Аз иҷрои Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумот пешниҳод мешавад.

ВҲИ тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар семинару машваратҳое, ки кормандони мақомот мегузаронанд ва ё иштирок менамоянд, тарғибу ташвиқ ва шарҳи мӯҳтавои сиёсати динии давлатро тақвият диҳад.

Ҳамин тариқ, ба шаҳрвандон дар даврони Истиқлолият назар ба давраҳои пешин имконияти бештари ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин муҳайё шуда, боварӣ ҳаст, ки амалишавии он дар доираи талаботи санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қонунгузории миллӣ  ба роҳ монда мешавад.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор