Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Солҳои охир раванди муҳоҷират ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ  шуда, низоъ дар кишварҳои Ховари Миёна, Украина ва баъзе аз давлатҳои дигар боиси зиёд шудани теъдоди гурезаҳо шуданд. Ҳамчунин, ба сари ҳукумат омадани толибон  вазъи печидаи Афғонистонро якбора мураккабтар гардонида, шумораи гурезаҳои афғонистонро низ  зиёд намуд.

Тибқи маълумоти Раёсати Комиссари Олии СММ оиди кор бо гурезаҳо баъди ибтидои амалиёти ҳарбӣ дар Украина шумораи гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбурӣ дар ҷаҳон ба 100 млн расида, ин афзоиш идома меёбад.

Сабабҳои дигари фирори оммавӣ вазъи фавқуллода вобаста ба ихтилофи байни қавму динҳо, реҷаи сиёсии диктаторӣ, гуруснагӣ, пандемия, таъқиб, хушунат ва дигарҳо мебошанд.

Вайронкунии ҳуқуқи инсон низ яке аз сабабҳои асосии фирори оммавӣ гардида, гурезаҳо бештар ба вайроншавии ҳуқуқи инсон дучор меоянд.

Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор рафта, моддаи 14 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон нуқтаи назари ҷомеаи байналмилалиро нисбати ин ҳуқуқ чунин тасвир намудааст:

«Ҳap як инсон ҳуқуқ дорад, ки аз таъқиб дар дигар кишварҳо паноҳгоҳ ҷӯяд ва аз он истифода намояд».

Яъне ҳуқуқ ба паногоҳ ин ҳуқуқи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи инсон барои ҷустуҷӯи паногоҳ аз таъқиб, инчунин ҳуқуқи давлат оид ба пешниҳоди паногоҳ дар ҳудуди худ мебошад.

Стандартҳои муносибат бо шахсони паноҳҷӯянда на фақат эҳтиром нисбати шаъну шарафи шахсият, инчунин уҳдадориҳои қабулнамуда дар доираи Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо ва Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳоро дарбар мегиранд.

Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ давлатҳоро вазифадор менамояд, ки амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии на фақат шаҳрвандони худ, балки шахсони бешаҳрванд, ки ба давлати мазкур ворид мешаванд, кафолат диҳанд.

Дар Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо, ки ба давлатҳои аъзо эътибори ҳатмии ҳуқуқӣ дорад, ҳуқуқҳои асосии гурезаҳо, стандартҳои ақалли муносибат бо онҳо, вазъи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми ба онҳо тааллуқдошта танзим гардидаанд.

Тибқи Протоколи мазкур давлатҳои иштирокчӣ вазифадор шудаанд, ки бо Раёсати Комиссари Олии СММ оиди кор бо гурезаҳо ҳамкорӣ намуда, иттилооти дахлдорро вобаста ба вазъи гурезаҳо, иҷрои Протоколи мазкур пешниҳод намоянд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, соли 1994 ба Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо ва Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо ҳамроҳ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф вазифадор шудааст, ки ягон шахсро бадарға нанамояд, барнагардонад ё ба давлате, ки дар он шахс мавриди шиканҷа қарор дода мешавад, диҳад.

Муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд” нисбати онҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шахси паноҳҷӯянда ё гуреза эътироф шудаанд, паҳн мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди он паногоҳ  ҷустуҷӯ мекунанд, бо роҳҳои эътироф намудани гуреза, пешниҳоди паногоҳи муваққатӣ ва сиёсӣ паногоҳ пешниҳод менамояд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо қадами муҳим арзёбӣ мегардад. Дар қонуни мазкур масъалаҳои вобаста ба асосҳо ва тартиби дар ҷумҳурӣ гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳо ба танзим дароварда шудаанд. Ҳамчунин дар он мафҳуми гуреза ва шахси паноҳҷӯянда танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.

Тибқи қонунгузорӣ шахсони паноҳҷӯянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, гуреза дониста шудаанд, мақоми гурезаро аз даст додаанд ё аз мақоми гуреза маҳрум карда шудаанд, хилофи иродаи онҳо ба қаламрави давлате, ки дар он ба ҳаёт ё озодии онҳо бинобар нишонаҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гуруҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ хатари таъқиб таҳдид мекунад, баргардонида намешаванд.

Меъёрҳои қонунгузории миллӣ дар самти гурезаҳо ва низоми миллии пешниҳоди паногоҳ дар умум ба талаботи стандартҳои умумиэътирофшудаи риояи ҳуқуқи инсон мутобиқат мекунанд.

Нисбати гурезаҳо ҳеҷ гуна маҳдудиятҳои гирифтани мақоми гуреза, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ вуҷуд надорад.

Саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқу амнияти гурезаҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оиди кор бо гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд ва дастгирӣ карда мешавад.

Дар самти мазкур аз натиҷаи баррасии Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Шарҳи умумии Даврӣ (даври сеюм) аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон-иштирокчии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон тавсия оид ба таҳияи қоидаҳои дохилӣ барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии гурезаҳо бо назардошти доираи ваколати комиссияи байниидоравии салоҳиятдори кафолатдиҳандаи дастрасии бемонеа ва одилона ба расмиёти пешниҳоди паноҳгоҳ пешниҳод шуд.

Дар самти  риояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам ҳамкориҳои судманди худро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқҳимоякунанда дар соҳаи таъмини ҳуқуқи гурезаҳо  ба роҳ мондааст.

Бахусус ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оиди кор бо гурезаҳо, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мисоли Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” назарасанд.

Бо роҳбарият ва кормандони мақомоту идораҳои зикршуда мунтазам вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил ва ҳамкории бисёрҷабҳа оид ба кор бо гурезаҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Натиҷаи чунин ҳамкориҳо то андозае ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани вазъи гурезаҳо мусоидат менамоянд.

Кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, дар байни кормандони мақомоти давлатӣ суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои иттилоотӣ дар мавзуъҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳо, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ оид ба қонунгузории соҳа ва тадбирҳои пешгирии қонуншикании самти мазкур мегузаронанд.

Бахусус, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” ба ҳукми анъана даромада, ба муносибати Рӯзи байналмилалии гурезаҳо, ки ҳар сол 20 июн ҷашн гирифта мешавад, чорабиниҳои иттилоотии муштарак гузаронида мешавад.

Чунин чорабинӣ санаи 5 июни соли 2023 дар меҳмонхонаи “Рӯмӣ” бо иштироки намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, бахши  шиносномавию бақайдгирии Вазорати  корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои низоми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо, ҳуқуқи инсон ва гурезаҳо, қонунгузории миллӣ ва мақоми гурезаҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи паноҳандагон ва гурезаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотии ҷомеа ва донишу иттилооти гурезаҳо дар бораи стандартҳои байналмилалии таъмини ҳуқуқи гурезаҳо дар сомонаи мақомот мақолаҳо дар мавзӯи мухталифи гурезаҳо ва паноҳандагон ба нашр расонида шуда, дар ВАО баромад мекунанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъ дар самти риояи ҳуқуқи гурезаҳо мувофиқи мақсад аст, ки тамоюли роҳ надодани гурезаҳо ба ҳудуди ҷумҳурӣ ва маҷбуран фиристодани онҳо ба кишваре, ки дар он ба ҳаёт, озодӣ ва бехатарии онҳо таҳдид мавҷуд аст, манъ карда шуда, расмиёти аз қайди муваққатӣ гузаштани гурезаҳо ё дароз намудани он, баррасии дархост дар бораи пешниҳоди паноҳгоҳ содда карда шавад.

Ҳамчунин, корҳои маърифатӣ-иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ва гурезаҳо тақвият ва хадамоти кӯмак ба гурезаҳо таъсис дода шуда, барномаҳои  ҳамгироии гурезаҳо бо ҷомеа ва  забономӯзии онҳо таҳия ва роҳандозӣ шавад.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор