Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Умри неки човидон аз ваҳдат аст,

Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.

Меҳани ободу зебои маро,

Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.

 

Вахдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба  ягонагӣ ва  муттаҳидӣ  даъват  мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онхо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд.   Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу вахдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халкамон ин вахдат ва яонагист. Вазифаи мост, ки ин вахдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд.

Хулоса, ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу вахдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу вахдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Имруз бо ифтихор кайд мекунам, ки вахдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулхофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷахон омӯхта истодаанд.

Вахдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Сулху вахдат иборахоеанд, ки хамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулх — оштиву фарзонагй, якдигарфахмй ва толиби осоиштагй будани мардумро тачассумгар аст.

Вахдат бошад ба хам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму покзинату миллатдуст будан.

Вахдат — бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони берунмарзй мавкеу макоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва хамдилии халки точик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттахид ва бисер ташкилотхои олам гардидаасг. Худшиносй ва худогохии миллй гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахмй истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба бехбудй меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт ру меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон «Хар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба хосил медихад. Аммо нихоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, чомеаи мо аз он бахравар гардид, мо харгиз рох намедихем, ки дигар теша ба решай он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрузхо мевахои ширину бисере ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр месозем. Муносибати нави давлатй, сиёсати сохибистиклол гардидани Точикистон, сохтмони роххои нави дохилию берунй ва ба хоричи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Хақиқатан Вахдати миллй шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулху амонй ва дустй хукмфармосг, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадричан меафзояд, хам аз чихати сиёсй ва хам аз чихати фархангй пеш меравад.

Махз бо кушишхои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалй Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чехраи хар фарзанди точик нишоту хурсандист, вахдату сулх падидор аст.

 

Ҳ. Ҳамидова - Роҳбари Намояндагии

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар вилояти Суғд                      

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор