Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Муносибати ҷомеа нисбати занон дар ҳар давру замон бо тарзҳои мухталиф ифода меёбад. Дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули тамаддунҳои ҷаҳонӣ зан худро ҳамчун мавҷуди бошуур, соҳибирода, ифодакунандаи манфиату мароми оила, соҳибҳуқуқ ва субъекти фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ нишон медод. Бо вуҷуди ҳамаи ин занон бо мушкилоти гуногун дучор гардида буданд ва ҳоло ҳам ин вазъ ҷой дорад.

Поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи занон дар давраи ҷангҳои ҷаҳонӣ ҷомеаи байналмилалиро водор намуд, ки санади универсалии ифодакунандаи ҳуқуқи занонро ба тасвиб расонанд. Ҳамин боис шуд, ки бо ин мақсад якчанд санадҳои байналмилалӣ ба монанди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, қатъномаи 34/180-и СММ аз 18-уми декабри соли 1979, Конвенсия оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон ва Эъломия оид ба рафъи табъиз нисбати занон 20-уми декабри соли 1993 тасдиқ карда шуданд.

Мақсади ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабули санадҳои дар боло зикршуда барҳам задани табъиз нисбати занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳаётӣ мебошад. Дар ду паймонҳои байналмилалӣ ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии занон кафолат дода шудааст.

Мутобиқи моддаи 16-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мардон ва занон ҳангоми бастани ақди никоҳ, дар давраи зиндагии муштарак ва ҳангоми бекор намудани ақди никоҳ баробарҳуқуқанд.

Оила рукни табиӣ ва асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.Ҳамзамон дар меъёрҳои байналмилалӣ истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин ва зарарнок манъ карда шудааст.

Дарки зарурияти эътирофи ҳуқуқи занон дар тамаддунҳои мухталиф бо тарзҳои гуногун зоҳир мегардад ва он ба моҳияти санадҳои қонунгузории миллӣ дар ин самт зимни қонунэҷодкунӣ таъсири худро мерасонад. Дар тамаддуни шарқу ғарб дар аввал ҳуқуқи занон ба таври ҷиддӣ поймол мешуданд ва ҳатто то ҳоло ҳам мушкилоти ҷиддӣ оиди риоя ва эҳтироми ҳуқуқи занон дида мешавад.

Ҳангоми ҳарф задан оиди ҳуқуқи занон мо ҳамеша бо мафҳуми “табъиз “ дучор мешавем. Дар моддаи 1-и Конвенсия оиди барҳам задани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон табъиз нисбати занон ҳама гуна фаҳмият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардонӣ, истифода ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва соҳаҳои дигар аз ҷониби занон сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст, маънидод карда шудааст.

Роҳ надодани занон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, ҷой доштани зӯроварӣ нисбати занон дар оила, вогузор намудани ӯҳдадориҳои аз ҳад зиёд бар дӯши занон, ҷой доштани ақидаи чун “зан бояд танҳо корҳои хонаро анҷом диҳад”, маҳдудиятҳо дар фаъолияти меҳнатӣ, ҷой доштани афзалияти мардон оиди гирифтани мерос махсусан дар давлатҳои Шарқ, хариду фурӯши занон, истифодаи меҳнати занон дар корҳои шароити меҳнаташон вазнин ва зарарнок, маҳдуд кардани имконияти таҳсили занон аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд баҳри бартараф намудани онҳо тадбирҳо андешад. Қабули санадҳои байналмилалӣ баҳри ҳалли ин мушкилот кифоя набуда, андешидани тадбирҳои муштарак ва муташаккил ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои конвенсия ва паймонҳои дар боло зикршуда лозим аст.

Дар сатҳи миллӣ низ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19-уми марти соли 2013, Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул шудаанд, ки баҳри амалисозии ҳуқуқи занон ва мустаҳкамкунии муносибатҳои оилавӣ замина мегузоранд. Чунончи мақсади Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ҳимояи ҳуқуқи оила ҳамчун асоси ҷамъият, андешидани тадбирҳо баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила, бартараф намудани сабабу шароитҳои барои зӯроварӣ мусоидаткунанда ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошанд. Ҳамчунин дар санади мазкур салоҳиятҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила мустаҳкам гардидаанд.

Баҳри таъмини ҳуқуқи занон ҳам фаъолияти сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ зарурист. Бо ҳамин мақсад марказҳои ёрирасон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ фаъолияти худро ба роҳ монда истодаанд. Аммо бо вуҷуди мавҷуд будани санадҳои меъёрӣ ва таъсиси сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ин самт то ҳоло ҳам мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки занон ҳамарӯза бо онҳо сару кор доранд. Бо вуҷуди ин на ҳамаи занони ба зӯроварӣ ё дигар навъи поймолкунии ҳуқуқ дучоршуда ба ягон сохтор муроҷиат намекунанд, махсусан вақте сухан оиди муносибатҳои оилавӣ меравад.

Ҳамин тариқ, риояи ҳуқуқи занон боиси ташаккули ҷомеа, хушбахтии оилавӣ ва ба воярасии насли солиму эҳтиромкунандаи ҳуқуқи занон мебошад. Бо мақсади таъминкунии ҳуқуқи занон паҳн намудани ғояи солим дар байни насли наврас оиди ҳуқуқи занон, ҳарчи бештар намудани шумораи занони соҳибмаълумот ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин муҳимияти таҳия ва эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ аз шаходати баланд гардонидани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии занон, ҷиҳати бунёди фарзанди солим, оилаи солим ва ҷомеаи солим мебошад.

 

Фарзона Мастоншоева -

Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор