Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол эълон шуданаш ҳуқуқи босуръат пеш бурдани муносибатҳои иқтисодии хориҷии худро бо давлатҳои гуногун пайдо намуд. Истифодабарии самароноконаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, гуногунии шаклҳои он яке аз самтҳои асосии ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ ба шумор меравад. Ин тамоюл ба тариқи объективӣ бо дигаргуниҳои куллии сохтори ташкилӣ, васеъшавии мустаъқилияти субъектони фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рост меояд, ки барои иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ замина гузошт.

Албатта, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии давлатҳо танзими ҳуқуқиро, ки бидуни он ин гуна ҳамкориҳо босамар шуда наметавонанд, талаб менамояд. Вобаста ба ин, ҳанӯз аз лаҳзаи аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷмӯи қонунгузориҳои гуногун дар ин бахш қабул гардиданд, ки дар маҷмӯъ базаи ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Ҳарчанд баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувваи амали худро аз даст дода бошанд ҳам, вале номбар бурдани қисме аз инҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки бевосита ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дахл доштанд. Инҳо: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди фаъолияти иқтисодии хориҷии Тоҷикистон» аз 27 декабри соли 1993; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 марти соли 1992; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти савдоии беруна» аз 3 сентябри соли 1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ» аз 22 апрели соли 2003 ва ғайраҳо.

Гузашта аз ин, то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бархе аз шартномаҳои байналмилалии иқтисодии бисёртарафа ҳамроҳ шуда, ҳамзамон созишномҳои дуҷониба баста истодааст. Мисоли инҳо шуда метавонанд: Конвенсияи Кишинёв «Оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ марбут ба парвандаҳои  гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ» аз 7 октябри соли 2002; Созишнома «Оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи давлатҳои аъзои ИДМ» аз 15 маи соли 1992, Ковенсияи Киев «Оид ба тартиби ҳалли баҳсҳое, ки бо амалигардонии фаъолияти хоҷагидорӣ алоқаманданд» аз соли 1992 ва монанди инҳо.

Ҳамзамон нақши созишномҳои дуҷониба дар танзим ва амалигардонии фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар низ назаррас аст, ки бевоиста самтҳои мушаххаси соҳа бо ин санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ байни кишварҳои басташуда танзми мегарданд. Ба мисоли созишномаҳои дуҷонибаи байналмилалии иқтисодӣ – Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар бораи савдои озод аз 13 июни соли 1994; Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия дар бораи тартиби ягонаи танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз 12 маи соли 1997; Созишнома оиди ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ бо давлатҳои Қазоқистон аз 16 декабри соли 1999; Украина аз 6 июли  соли 2001: Молдавия аз 5 ноябри соли 2002; Чехия аз 30 июли соли 1998; Сурия соли 2007 ва ғайраҳо.

Маврид ба қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалби сармоягузории хориҷӣ ташкил медиҳад. Умуман, муносибатҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» 15 марти соли 2016, № 1299 танзим карда мешавад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сармоягузорӣ танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, молиявӣ, ҳуқуқию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон муайян менамояд. Бояд қайд кард, ки яке аз омилҳое, ки сармоягузори хориҷӣ бевосита баҳо медиҳад ва ба иқлими сармоягузорӣ таъсири худро мерасонад – ин маҳз қонунгузорӣ мебошад, ки сармоягузор  пурра ва ҳамаҷониба онро омӯхта, баъдан сармояи худро ба иқтисодиёти давлат мегузорад. Аз ин лиҳоз давлатро зарур аст, ки дар самти таъмини кафолати ҳуқуқи ва иқтисодб барои сармоягузорон чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ бояд тамоми омилҳо ва заминаҳои асосии қонунгуорӣ ва иҷтимоиро дар амал манфиатнок татбиқ намояд.    

Самти дигари фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иштирок ва бастани шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ташкил медиҳад. Дар ин ҷода низ, агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ, савдоӣ ва кредитию қарзӣ ҳамкорӣ карда, созишномаҳои дуҷониба баста истода бошад, аз тарафи дигар зарурияти ҳамроҳ шудан ба баъзе аз шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба низ вуҷуд дорад.

      Ҳамин тариқ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ҳам  аз ҷиҳати намуд ва ҳам аз ҷиҳати шаклу самтҳояш гуногун буда, ҳамаи паҳлӯҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ба сифати самтҳои асосии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ инҳоро шомил намудан мумкин аст: самтҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ, савдоии беруна, қарзӣ ва ғайраҳо. Тамоми ин самтҳо дар якҷоягӣ ҳамон лаҳза босуръат пеш рафта метавонад, агар ки ҳамаи субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар ба амал баровардани он фаъол бошанд.

 

Солеҳзода Зафар –

Ёрдамчии Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор