Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баъзе аз масъалаҳои савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаи савдои одамон дар солҳои охир вобаста ба тағйирёбии вазъ ва буҳрони сиёсиву иқтисодии ҷаҳону минтақа рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи маълумоти СММ дар саросари ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар қурбонии савдои одамон гаштаанд. Хусусан, баъд аз баромадани қувваҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва сар задани ҷанг дар Украина шумораи қурбониёни савдои одамонро дучанд афзуд.

Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст.

Тибқи гузоришҳо ва тадқиқотҳои гуногун гуруҳҳои нисбатан осебпазир ба савдои одамон онҳое ба шумор мераванд, ки аз ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мушкилӣ мекашанд. Ба чунин гуруҳҳо занон ва духтарон, кӯдакон, гурезаҳо, муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрвандӣ, шахсоне, ки дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, шахсоне, ки ба таҳсилот  дастрасӣ надоранд ва онҳое, ки бесарпаноҳ мондаанд, шомил мешаванд.

Гуруҳҳои номбаргардида аз сабаби осебпазирӣ ва надоштани имконияти худҳимоякунӣ аксаран мавриди ҳадафи савдогарони одамон қарор мегиранд. Илова бар ин, онҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҷойҳои корӣ ҳастанд ва ё ваъдаи зиндагии беҳтар дар кишвари дигарро гирифтаанд, метавонанд мавриди савдои одамон қарор гиранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санади муҳим дар самти пешгирӣ ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон қабул ва амалӣ гашта истодааст. Аз ҷумлаи чунин санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” аз соли 2014 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” аз 26 феврали соли 2022, № 55 мебошанд.

Мувофиқи Қонуни дар боло зикршуда, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ба принсипҳои ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида, роҳ надодан ба табъизи қурбониёни савдои одамон ва виктимизатсия, муносибати фардӣ, таъмини дастрасии озод ва ройгони қурбониёни савдои одамон ба адолати судӣ, махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ва наздикони онҳо ва ғайра асос ёфтааст.

Боиси зикр аст, ки Қонун барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти қурбониёни савдои одамон мақоми ваколатдори давлатиро уҳдадор намудааст, ки аризаи шахсро дар хусуси қурбонии савдои одамон эътироф гардиданаш қабул намуда, дар давоми 24 соат ҷиҳати ба таври ройгон ба ӯ пешниҳод намудани маҷмӯи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад. 

Инчунин, моддаи 21 зербанди 5-и Қонун муқаррар менамояд, ки мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба шахси аз савдои одамон зарардида баъди муайян ва дақиқ намудани ҳолатҳои зарурӣ, вале на дертар аз даҳ рӯз пас аз муроҷиат дар хусуси ба шахс додани ин мақом дода шавад.

Ҳамзамон, мувофиқи Қонуни соли 2014 яке аз чораҳои мусбат ин  расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад. Расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, аз як тараф, барои муборизаи босамар бар зидди савдои одамон аҳамияти калидӣ дошта бошад, аз тарафи дигар воситаи муҳими таъмини дастрасии қурбонӣ ба адолати судӣ мебошад. Аммо бояд гуфт, ки на ҳама қурбониёни савдои одамон омодаанд алайҳи истисморгарони худ шикоят кунанд ё дар мурофиаҳои судии парвандаи худ иштирок намоянд. Тарси ба ҷавобгарӣ кашида шудан, стигматизатсия ва табъизи занон ва духтарон, ки шумораи асосии қурбониёни савдои одамонро ташкил медиҳанд, бештари вақт қурбониёнро аз ҳимоя ва адолат маҳрум менамояд.

Чораи дигари мусбии Қонуни мазкур ташкил намудани Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон мебошад. Боиси зикр аст, ки муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ барномаҳои кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлати мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва пешгирии ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамонро, ки дар муассисаҳои мазкур нигоҳ дошта мешаванд, таҳия ва дар амал татбиқ менамоянд. Ҳоло, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила” дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Ғайр аз ин, барои расонидани ёрии амалӣ ба заноне, ки аз зуроварӣ ва савдои одамон ҷабр дидаанд, як қатор мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Маркази ёрии духтарон (зӯроварии шаҳвонӣ, муносибати бераҳмона, савдои одам), нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ, марказҳои маълумотӣ – машваратии назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ дар назди мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 33 маркази буҳронӣ ва 3 шелтер фаъолият менамоянд.

Ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид баҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад.

Мақомоти ВҲИ дар фаъолияти худ ҳамкориҳоро бо тамоми субъектҳои мубориза бо савдои одамон ба роҳ мондааст. Инчунин бо созмонҳову ташкилотҳое, ки дар ин самт фаъолият менамоянд, ҳамкорӣ намуда, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиро барои қишри осебпазир мунтазам мегузаронад.   

Бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидакни кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, Барномаи амали мақомоти ВҲИ барои соли 2023 дар самти муқовимат ба савдои одамон кормандони масъули мақомоти ВҲИ тасмим гирифтаанд, ки як қатор чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ, нашри мақолаҳо, мусоҳиба дар радио ва инчунин омӯзиши фаъолияти Муассисаи давлатӣ “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила”-ро, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст, гузаронанд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, барои беҳтар намудани ҳимоя ва кафолатҳо дар муқовимат ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 

- пешгирӣ: Омӯзиши аҳолии осебпазир дар бораи хатарҳо ва аломатҳои огоҳкунандаи савдои одамон мебошад, ки метавонад ба пешгирии қурбониёни савдои одамон мусоидат кунад. Инчунин пешниҳоди маълумот дар бораи муҳоҷирати бехатар, имкониятҳои шуғл ва фаҳмонидани ҳуқуқҳои қонуниро дар бар гирад.

- айнияткунонӣ (идентификатсия): Омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони тиббӣ барои дуруст гузаронидани раванди айнияткунонии қурбонӣ бо риояи муҳлатҳои дар қонун пешбинишуда ва вокуниш ба ҳолатҳои эҳтимолии савдои одамон. Роҳ надодан ба ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон.

- ҳимоя: Таъмини паноҳгоҳи бехатар дар дигар шаҳру ноҳияҳои калони ҷумҳурӣ. Дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва ҳуқуқиву равонӣ дар таъмини амният ва барқароршавии қурбониёни савдои одамон аҳамияти ҳалкунанда дорад.

- таъқиб: Ба ҷавобгарӣ кашидани савдогарон ва дастаҳои муташаккили онҳо тавассути методҳои таъқиби муассир ва баровардани ҳукми қатъӣ метавонад ҳамчун монеа аз фаъолиятҳои минбаъдаи онҳо гардад.

- ҳамкории байналмилалӣ: Таҳкими ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бо савдои одамон метавонад ба пешгирии қочоқи фаромарзӣ ва расонидани кӯмак ба қурбониён мусоидат намояд.

 

З.Икрамова

 Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсӣ                                                                   

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор