Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд.

5 октябри соли 2009  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул шуда буд, ки он дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар  забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.

Тибқи моддаи 3-и Қонуни мазкур забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

Забон дар тамоми давраҳои рушди ҳаёти ҷамъиятӣ баҳри ташаккули маънавиёти инсон нақши муҳим бозидааст ва имрӯз ҳам ин вазифаи боифтихорро адо менамояд.

Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Зеро тавре, ки таъкид карда будам, «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад».

Аз ин ҷост, ки забон мақоми умумихалқӣ дорад ва барои аҳли ҷомеа баробар хизмат мекунад. Халқе, миллате бе забони ягонаву умумӣ вуҷуд дошта наметавонад ва беҳуда забонро пояи миллат нагуфтаанд. Адиби барҷастаи доғистонӣ Расул Ғамзатов ба ҳамин маънӣ сухани ҷолибе гуфтааст: «Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн меравад, дар он сурат тайёрам, ки имрӯз бимирам».

Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад.

Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тулонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.

Ҳамин тариқ,  мо, тоҷикзодагони асил хамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем. Намегузорем, ки эхтироми ин забони бузург,  лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад. Ҳар шахс бояд ба ин кор масъул бошад, забонро ғанӣ гардонад. Ҳар касе, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, худро эҳтиром намекунад, вай инсони комил нест. Чун мо дар остонаи таҷлили рӯзи Иди Забон истодаем, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бо ин иди пуршукӯҳи сухан табрик мекунем ва орзуманди он ҳастем, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем.

 

Шоназарова С.Д.  -  сармухатахассиси шуъбаи

ташкилӣ, иттилоотӣ

ва таҳлилии Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор