Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

КОНСТИТУТСИЯ – КАФОЛАТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ КӮДАКОНИ ЯТИМ ВА БЕПАРАСТОР

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аввалро ишғол менамояд. Аз ин бармеояд, ки меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар меъёрҳои санадҳои миллӣ бартарӣ дорад. Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ба Конститутсия мутобиқат накунад он гоҳ онҳо аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз низ меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии тамоми  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарасторро кафолат медиҳад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, хусусан кӯдакони ятим ва бепарастор сиёсатеро пеша кардааст, ки рушду камолот, таъмини моддӣ ва иҷтимоии кӯдакони ятим, умуман истифода бурдан аз имтиёзҳои давлатӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад, ки ба манфиати кӯдакони ятим ва бепарастор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои кӯдакро, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бевосита дар қисми 3 моддаи 34-уми он чунин оварда шудааст: “Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.” Ин меъёри конститутсионӣ маънои онро дорад, ки тибқи он кӯдакони ятим ва маъюбон таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд ва ба ӯҳдаи давлат масъулияти азими рушди соҳаи иҷтимоиро вомегузорад. Ба ӯҳдаи худ гирифтани масъулияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор маънои онро дорад, ки давлат сиёсати инсонпарварона ва тамаддунӣ дошта, афзалияти арзишҳои умумиинсониро дар риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  эътироф менамояд. Давлат дар асоси уҳдадорие, ки дар сархати 3 моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст, маълум менамояд, ки ӯ ҳамчун субъекти асосии ғамхорӣ нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва кафолатдиҳандаи таълиму тарбияи онҳост. Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар доираи ин муқаррароти конститутсионӣ санадҳои ҳуқуқие амал намуда истодаанд, ки бевосита роҳу воситаҳо, усулҳо, шарту шароитҳои расонидани кӯмаки ичтимоиро ба кӯдакони ятим ва маъюбу бепарастор муайян мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дебочаи Конститутсия қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор якчанд санадҳои байналмилалиро ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои муайянеро ба зиммаи худ гирифтааст. Аз ҷумла, Эъломияи умумии ҳуқуки башар ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро эътироф намудааст. Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор  дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, чунин оварда шудааст: “Ҳар як инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию некуаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ ба вуҷуд меоянд, ҳақ дорад. Модарону кӯдакон ба васоят ва кӯмаки махсус ҳақ доранд. Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд (моддаи 25 Эъломияи умумии ҳуқуки башар)”. Моддаи 20  Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак муқаррар намудааст, ки:  “Кӯдаке, ки муваққатан ё доимӣ аз муҳити оилавии худ маҳрум карда шудааст ё кӯдаке, ки ба манфиати шахсии худаш наметавонад дар чунин муҳит бимонад, ба ҳимоя ва кӯмаки махсусе, ки  давлат пешкаш менамояд, ҳуқуқ дорад. Давлатҳои аъзо мутобиқи қонунгузории миллии худ тарзи дигари нигоҳубини чунин кӯдакро таъмин менамоянд...”.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор ба танзим даровардани муносибатҳое, ки вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии давлатӣ, кафолати иҷтимоии кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин ашхосе, ки дар давоми таҳсил падару модар ва ё падару модари танҳояш вафот кардааст ва барои муайян намудани кафолати амалишавии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандуристии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон”,  “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”; “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”; “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”; “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”; “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”; “Дар бораи маориф”; “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд; “Дар бораи таъмини нафақи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”; “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ; “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”; ва дар дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарсаторро ба танзим медароранд. Боби чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон” ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор бахшида шудааст. Дар асоси муқаррароти моддаи 35 қонуни мазкур “Давлат сатҳи шоистаи зиндагиро ба кӯдакони ятим ва бепарастор кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд. Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷубронҳое, ки қонунгузорӣ барои  кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар намудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Кафолату ҷубронҳое, ки барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар шудаанд, тибқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба балоғат расидани онҳо низ нигоҳ дошта мешаванд”.

Хулоса, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида бармеояд, ки оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маҷмуи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ андешида шудаанд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳисоб меравад.

 

   Корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба         

      ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон         

  Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар         

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор