Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

                          

Дар таърихи давлатдории тоҷикон сокинони кишвар нахустин маротиба  6-уми ноябри соли 1994  Президенти худро интихоб намуданд.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи президент дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманди фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гадида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш – Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокорона аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳомии сулҳу ваҳдат ва бунёдкори халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбуди некӯаҳволии халқ  ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Дар ҳақиқат ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ,  пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи ин шахсияти таърихӣ сахт марбут аст.Тӯли зиёда аз сиву ду соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем, садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ, пулу нақбҳо ва роҳҳо бунёд гардида тамоми минтақаҳои кишварро ба ҳам пайвастанд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳовару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама баёнгари соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.

Дар ҳақиқат мақоми роҳбарӣ вазифаи сангинест барои ҳар роҳбар. Юнониён ҳикмати бузурге доранд, ки тибқи он “Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор .Вале ин касро ки ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некуаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад”. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ба ҳисоб меравад, ки аз сангинтарин лаҳзаҳо ва пурфоҷеатарин рӯзҳо роҳбарии ин миллатро бар зимма гирифта, давлати тоҷиконро аз нестшавӣ наҷот бахшид. Миллати тоҷик шахсияти ӯро дар саҳифаҳои таърихи ин миллат бо ҳарфҳои заррин менависад.

         Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва дар маҷмӯъ асосгузори бақои давлату иттиҳоди миллат ва пешвои умумимиллӣ шинохта ва эътироф шудааст.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардуми тоҷикро дар атрофи як дастархони сиёсӣ муттаҳид намуда, манфиатҳои миллӣ, давлатӣ  ва умуман мардуми Тоҷикистонро аз ҳама боло гузорад ва халқи ҳазор сол дар вартаи парешонӣ мондаро соҳибдавлат намуда, давлати моро ба ҷаҳониён дар симои як давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намояд.

                                                                                   

                                                  

 

                 Қодирқулов Худойдод-мутахассиси  пешбари  Шуъбаи 

   ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор 

оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон            

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор