Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

“Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши         

хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар       

Стратегияи миллии рушд барои давраи то      

соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин       

      намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст”  

Эмомалӣ Раҳмон

                                                                                          

Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумла ҳуқуқ ба фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бахши хусусӣ аз ҷумла соҳибкорӣ  ташаккул ёфт. Тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз чумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Барои дар амал татбиқ шудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегия ва барномаҳо таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Яке аз далелҳои гуфтаҳои боло он аст, ки бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷиҳати иҷрои Барномаи беҳтарсозии бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ (зербанди 2), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва банди 37 Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2022, №469 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 555 дар сохтори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, воҳиди нави сохторӣ – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шуд.

Мақсади таъсис додани мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи мазкур ин ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон буда, ин ниҳод баҳсҳои бамиёномадаи иштироккунандагони бозори хизматрасониҳои молиявиро тибқи талаботи қонунгузорӣ дар доираи ваколатҳояшон баррасӣ менамояд.

Ин ниҳод дар аксар давлатҳои пешрафтаи дунё бо номҳои мухталиф таъсис дода шуда, баҳсҳои байни ташкилотҳои молиявӣ ва мизоҷони онҳоро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ (минбаъд омбудсмени молиявӣ) шахси мустақиле мебошад, ки баҳсҳои байни ташкилотҳои хизматрасонии молиявӣ ва мизоҷони онҳоро бо тартиби ғайрисудӣ ҳал менамояд. Аксар вақт омбудсменҳо баҳсҳоеро ҳал менамоянд, ки дар соҳаҳои бонкӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва бахши хадамоти суғурта ба миён меоянд.

Мавриди зикр аст, ки мавҷудияти системаи ғайридавлатии ғайрисудии ҳалли алтернативии баҳсҳо яке аз унсурҳои муҳими пешқадами танзимкунандаи бозори ҳуқуқӣ мебошад.

Тартиби ҳалли алтернативии баҳсҳо бо иштироки омбудсмен бори аввал моҳи июли соли 1992 аз ҷониби Иттиҳоди бонкҳои Олмон (VdB) мавриди истифода қарор дода шуд. Аз он вақт инҷониб, тартиби баррасии фаврӣ ва ғайрисудии шикоятҳои муштариён аз ҷониби омбудсмени молиявӣ ҷузъи ҷудонашавандаи консепсияи умумии кор бо истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкҳои хусусии Олмон гардид.

Дар амал ин тартиб на танҳо ба иштироккунандагони баҳс, яъне мизоҷон ва бонкҳои бевосита иштироккунанда, балки ба макомоти судӣ низ манфиат меорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тартиби баррасии баҳс аз ҷониби омбудсмен ба мизоҷон имкон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо на танҳо қарори ҳатмӣ барои иҷроиш ва дар муқоиса нисбат ба судҳо зудтар, балки имкони ройгон ва бидуни хатар ҳалли ихтилофотро бо ширкатҳои хидматрасонии молиявӣ низ ба даст оранд. Ҳалли ғайрисудии баҳсҳо махсусан дар он ҳолат ҷолиби диққат аст, ки агар арзиши баҳс он қадар хурд бошад, ки ба суд муроҷиат кардан маънои иқтисодӣ надошта бошад.

Савол ба миён меояд, ки чаро таъсиси омбудсмени молиявӣ нисбат ба мурофиаҳои судӣ қулайтар мебошад?

Аввалан, барои муштариёне, ки шахсони воқеӣ мебошанд, хизматрасониҳои омбудсмен комилан ройгон мебошад ва ин хеле муҳим аст. Чунки, аксар вақт ҳалли баҳс тариқи судӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар буда, хароҷоти эҳтимолии ҳуқуқӣ аз маблағи баҳс зиёд шуда метавонад.

Баъдан, омбудсмени молиявӣ метавонад баҳси бамиёномадаро нисбат ба мақомоти судӣ зудтар баррасӣ намояд.

Сониян, омбудсмени молиявӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва бо давлат алоқамандӣ надорад, яъне дар фаъолияти худ мустақил буда, оиди муроҷиат ва баҳси бамиёномада объективӣ амал менамояд.

Бояд қайд намуд, ки барои муроҷиаткунанда қарори омбудсмен одатан ҳатмӣ намебошад. Агар шикояткунандагон аз қарори баровардашуда норозӣ бошанд, онҳо бояд дар ин хусус ба омбудсмен дар муҳлати муқарраршуда хабар диҳанд ва ҳуқуқ доранд баҳсро бо тартиби дигар идома диҳанд. Давомнокии миёнаи баррасии ҳалли баҳсҳо дар аксари кишварҳои Аврупо 3-4 моҳро ташкил медиҳад.

Ваколатдор оид ба хизматрасониҳои молиявӣ аллакай дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Арманистон, Гурҷистон, Лаҳистон, Латвия, Литва, Фаронса, Британияи Кабир, Нидерландия, Италия, Канада, Белгия, Швейтсария, Шветсия, Дания, Испания ва дигарон фаъолият доранд.

Мавриди зикр аст, ки нахустин ниҳоди омбудсмени низоми молиявӣ дар кишварҳои ИДМ санаи 24 январи соли 2009 дар Ҷумҳурии Арманистон тибқи Қонун «Дар бораи миёнарави низоми молиявӣ» таъсис дода шудааст.

Ҳарчанд омбудсмен дар давлатҳои гуногун номҳои гуногун дорад, аммо моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои ин ниҳод асосан ҳалли баҳсҳо байни истеъмолкунандагон ва ширкатҳои пешниҳодкунандаи хидматрасонии молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди истеъмолкунандагон ба бозори хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар саросари ҷаҳон ду модели асосии институтҳои омбудсмени молиявӣ вуҷуд доранд: моделҳои Олмонӣ ва Бритониёӣ.

Дар Олмон бо ташаббуси Ассотсиатсияи бонкҳои давлатии Олмон пайдоиши аввалин тартиби ҳалли баҳсҳои берун аз судӣ байни бонкҳо ва мизоҷон бо иштироки омбудсмени молиявӣ оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки дар Олмон барои танзими фаъолияти омбудсмени молиявӣ заминаи махсуси меъёрӣ вуҷуд надорад ва фаъолияти онҳо тибқи Низомномае, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи бонкҳои давлатии Олмон таҳия шудааст, амалӣ карда мешавад.

 Низоми Олмонӣ дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

• Омбудсмен дар бахши бонкӣ ё дигар бахш (масалан, омбудсмени суғурта) кор мекунад.

• Аз ҷониби бонкҳо ё дигар ассотсиатсияе, ки дар он дохил шудааст, маблағгузорӣ мешавад.

• Омбудсменро Раёсати Ассотсиатсияи бонкҳои давлатии Олмон бо пешниҳоди роҳбарияти Ассотсиатсия таъин мекунад.

• Омбудсмен танҳо бо шикоятҳои истеъмолкунандагон машғул мебошад.

• Қарори Омбудсмен барои тарафҳои баҳс ҳатмист, агар маблағи баҳс аз 10 000 евро камтар бошад.

Падидаи Омбудсмени молиявии Британияи Кабир, ки бо номи Модели Бритониёӣ маъруф аст, як ниҳоди мустақили давлатӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки хусусияти асосии фарқкунандаи ин модел аз модели олмонӣ мебошад.

Вазъи ҳуқуқии Омбудсмен дар Қонуни махсус «Дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ва бозорҳо», ки ба тамоми бозори хизматрасониҳои молиявӣ дахл дорад, дарҷ гардидааст.

Дар Британияи Кабир як дафтари Омбудсмен вуҷуд дорад, аммо  якчанд омбудсменҳо дар соҳаҳои алоҳида, аз қабили суғурта, сармоягузорӣ, бонкӣ, ширкатҳои молиявӣ, суғуртаи нафақаи хусусӣ фаъолият менамоянд.

Дар ин ниҳод шикоятҳо дар бораи амал ё беамалии ташкилотҳои молиявӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи оштии тарафҳо ҳал карда мешаванд.

Аз ин рӯ, дар таҷрибаи Британияи Кабир ҳамчунин омбудсмени бонкӣ, суғуртавӣ ва ҳам омбудсмени молиявии қонунӣ таъсис дода шудааст.

Хусусияти хоси падидаи омбудсмени молиявӣ дар ин кишвар дар он мебошад, ки ин ниҳод бо ташаббуси давлат таъсис ёфта, фаъолияти худро тибқи талаботи Қонун «Дар бораи хизматрасонии молиявӣ» (2012) амалӣ менамояд. Ҳамзамон, барои имкони кор бо мизоҷони алоҳида, бонкҳои Британияи Кабир вазифадоранд, ки ба онҳо имкони ҳаллу фасли баҳсҳоро аз тариқи суд фароҳам оваранд.

Қайд кардан муҳим аст, ки ҳуқуқи истифодаи хизматрасониҳои Омбудсмени молиявии Британияи Кабир на танҳо ба шахсони воқеӣ, балки ба шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳо ва созмонҳои хайриявӣ, ки гардиши пулии солонаи онҳо камтар аз 1 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад, дода мешавад. Илова бар ин, дар мавриди маҳдудияти қарори ҳатмии Омбудсмени молиявӣ бояд қайд намуд, ки он 100,000 фунт стерлингро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, бояд хусусияти қарори омбудсмени молиявӣ нисбати муроҷиаткунанда ва шахсе, ки нисбати ӯ шикоят карда шудааст, муайян карда шавад. Аз ин рӯ, қарори омбудсмени молиявӣ барои муроҷиаткунанда ҳатмӣ намебошад. Дар сурати норозӣ будан аз қарори қабулшуда аризадиҳанда метавонад ба омбудсмени молиявӣ дар ин бора хабар диҳад ва барои ҳалли масъалаи баҳснок бо роҳи дигар кӯшиш намояд. Дар навбати худ, барои шахсе, ки нисбати ӯ шикоят оварда шудааст, қарори омбудсмени молиявӣ вобаста ба хулосаи ниҳоии муроҷиаткунанда метавонад ҳатмӣ ё машваратӣ бошад.

Чи тавре ки қайд карда шуд, Омбудсмен оид ба хизматрасониҳои молиявӣ бо ҳалли баҳсҳо дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногун машғул мебошад ва дар кишварҳои гуногун таҷрибаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ғайр аз ин, дар ташкили чунин ниҳод бояд мутобиқатии вазъи хуқуқӣ, маданӣ ва иктисодии махаллӣ ба инобат гирифта шавад.

Гуфтан мумкин аст, ки дар бозори тараққикардаи молиявии Аврупо се омбудсмени аврупоӣ фаъолият менамоянд:

• омбудсмени бонки суғуртавӣ (бо мақоми роҳбарикунанда), ки аз ҷониби ассотсиатсияҳои соҳавӣ таъсис дода шудааст.

• омбудсмени суғурта (бе мақоми роҳбарикунанда), ки аз ҷониби ассотсиатсияҳои соҳавӣ таъсис дода шудааст.

• омбудсмен оид ба хизматрасониҳои молиявӣ, ки тибқи қонун таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, дар кишварҳои мухталифи Аврупо Омбудсменҳо асосан ҳалли баҳсҳоро ба таври зерин таъмин менамоянд:

• Австрия – фаъолияти бонкдорӣ;

• Италия -  алоҳида барои фаъолияти бонкдорӣ, сармоягузории бонкӣ;

• Белгия - алоҳида барои фаъолияти бонкдорӣ ва сармоягузорӣ, суғуртавӣ;

• Фаронса -  алоҳида барои фаъолияти бонкдорӣ, суғуртавӣ;

• Олмон -  алоҳида барои фаъолияти бонкдорӣ, суғуртавӣ;

• Швейтсария -  алоҳида барои фаъолияти бонкдорӣ, суғуртавӣ;

• Люксембург – барои фаъолияти суғуртавӣ;

• Юнон - барои фаъолияти бонкдорӣ ва сармоягузорӣ;

• Гурҷистон - барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ;

• Арманистон - барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ;

• Лаҳистон - барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ;

• Ирландия барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ;

• Финляндия - барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ;

• Нидерландия - барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ;

• Британияи Кабир - барои ҳамаи бахшҳои молиявӣ.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти ниҳоди омбудсмени молиявӣ метавонад ба баланд гаштани сатҳи эътимоди истеъмолкунандагон ба хизматрасониҳои молиявӣ ба ташкилотҳои молиявӣ мусоидат намуда, ҳамзамон як низоми муоссири ҳалли баҳсҳои байни ташкилотҳои молиявӣ ва мизоҷони онҳо гардад, ки дар ҳалли ин гуна баҳсҳо ба кори судҳо мусоидат намояд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ минбаъд ҷиҳати ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва ҳалли мушкилотҳои бамиёномада мусоидат менамояд.

 

 

 

М. Довудов

Корманди Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор