Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

      Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

     Пешниҳоди наҷибу олие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, ба ифтихори санаи муҳими таърихи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро эълон доштани Соли  маърифати ҳуқуқӣ мебошад.

      Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Хулосаи муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкори маслаку мафкура, шаккокӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Дар баробари ин ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия ба ҳалли ин масъала шароити мусоид фароҳам меоваранд. Аз санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар боаи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-и августи соли 1997 хусусияти универсалӣ дорад. Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда рӯи кор омадааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон барои тақвият бахшидани ин чорабиниҳо соли 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи милли таълим» ва соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия» тасдиқ ва қабул гардид, ки дар самти баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии мардум аз аҳамият холӣ нест.

Яке аз натиҷаҳои назарраси ислоҳотҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар он аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ якчанд идораҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шуда, инчунин дар доираи сохторҳои дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дигаргуниҳои хело зиёд бо  шумули ташкили воҳидҳои нави корӣ дида шуд. Махсусан дар 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробари ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» мавриди амал қарор дода шуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкиллии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои боробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгири ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқарар менамояд.

         Барои амалисозии фаъолият дар ин самт қонуни зикргардида дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис додани сохтори алоҳидаро пешбини намудааст. Ҷиҳати иҷрои муқарарроти мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, №555 барои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳидҳои кории иловагӣ ҷудо карда шуд ва бо фармоиши дахлдори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқўқи соҳибкорон таъсис ёфт.

        Маҳз дар заминаи ҳамин равобит эҳсос ва дарки васеи ҳуқуқ дар робита бо падидаҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ ташаккул меёбад, мафҳумҳои маърифативу арзишии ҳуқуқ вориди шуури ҳуқуқӣ мегарданд. Дар натиҷа ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ташаккулу инкишоф меёбад. Фаҳмиши ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ дар сатҳи маърифати ҳуқуқӣ инкишоф меёбад, ки воқеан фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ мебошад.

         Бо дарназардошти сатҳи эҳсосотӣ ва маърифатии шуури ҳуқуқӣ дар таркиби он психологияи ҳуқуқӣ ва мафкураи ҳуқуқиро ҷудо мекунанд. Сатҳи мафкуравии шуури ҳуқуқӣ ақидаҳо, ғояҳо, мафҳумҳо, нуқтаҳои назар ва назарияҳои мухталифи ҳуқуқиро оид ба мафҳум, моҳият ва нақши ҳуқуқ фаро мегирад.

         Маҳз дар сатҳи маърифати ҳуқуқӣ сатҳи баланди ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Он хислат ва мазмуни бештар арзиширо дорост, зеро аҳамият, нуфуз, волоият, нақши ҳалкунанда ва арзиши ҳуқуқро дар ҳаёти инсон муайян мекунад. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ки дар раванди маърифати фалсафӣ ташаккул меёбад, арзиши ҳуқуқро дар робита бо мафҳуму категорияҳо ва назарияҳои ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам фалсафаӣ муайян мекунад. Аз ин хотир, фалсафаи ҳуқуқ ҷузъи ҷаҳонбинии ҳуқуқ, аниқтараш сатҳи баланди дарку маърифати ҳуқуқӣ мебошад.

         Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ тарбияи ҳуқуқӣ дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  сурат мегирад, омӯзиши фанҳои таълимии асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон дар мактабҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ ба роҳ монда мешавад.

         Бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти имрӯза, аз ҷумла ислоҳоти ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ҳоло ҳадафҳои нав дорад. Яке аз ҳадафҳои муҳими тарбияи ҳуқуқӣ дар давраи имрӯза ин ташаккул ва инкишофи сатҳи маърифативу арзишии шуури ҳуқуқӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин замина ташаккули ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқӣ, инкишофи фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ имконпазир мегардад. Бо ин мақсад дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба омӯзиши фанни таълимии фалсафаи ҳуқуқ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

          Бо дарназардошти аҳамияти фаҳмиши ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ мутафаккирони гузашта (Афлотун, Арсту, Форобӣ, Сино, Насириддни Тӯсӣ, Низомулмулк, Кант, Гегел ва диг.) ҳуқуқро дар робита бо мафҳумҳои фалсафӣ адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад дарку таҳлил кардаанд. Дар натиҷаи чунин таҳлилҳо аҳамият, нақш, нуфуз ва арзиши баланди ҳуқуқ дар ҳаёти инсонӣ ошкор мешавад. Таҳлили илмиву назариявии фалсафии ҳуқуқ имкон медиҳад, ки дарку омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи маърифати фалсафӣ, дар заминаи ҷаҳонбинии васеи фалсафӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад, аз ҷумла аҳамияти арзишии ҳуқуқ дар робита на танҳо бо қонунгузорӣ, балки бо мафҳумҳои арзишии адолат, баробарӣ, озодӣ, виҷдон, хирад, қадри инсонӣ дарку эҳсос гардад. Ҳамзамон таҳлили фалсафии ҳуқуқ дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, татбиқ ва риояи қонунҳо бо дарназардошти нақши арзишии ҳуқуқ, аз ҷумла бо мақсади ба талаботи адолат, озодӣ, баробарӣ, қадри инсон мувофиқ намудани қонунҳо аҳамияти амалӣ низ дорад.

         Ҳамзамон дарки фалсафии ҳуқуқ ҳамеша зимни робитаи фарҳангӣ, бо истифода аз дастовардҳои тамаддунии ҳамдигар ташаккулу иинкишоф меёбад. Файласуфон ва мутафаккирони Шарқ ва Ғарб аз дастовардҳои фарҳангии хеш дар ҳамаи давраҳои таърихӣ истифода намудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, ташаккулу инкишофи шуури ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фалсафаи ҳуқуқ бо дарназардошти воқеяти ин ё он кишвару минтақа, шуури ахлоқӣ, динӣ, сиёсӣ ва дигари ҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ сурат мегирад. Барои ҳамин, ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, озодии инсон ва ғ., ки асосан аз афкори Ғарб, зимни омӯзиши адабиёти ғарбӣ вориди ҷомеаи мо гаштаанд, бояд бо дарназардошти анъанаҳои милливу фарҳангӣ, ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, шароити маҳаллӣ таҳлил ва истифода шаванд.

         Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аз мафҳумҳо, ақидаҳо, ғояҳо, назарияҳое иборат аст, ки нақш ва нуфузи баланди арзишии ҳуқуқро дар ҳаёти инсон, ҷомеа ва давлат эътироф ва исбот мекунанд. Аҳамият ва нуфузи арзишии ҳуқуқ дар ҳолати ба инобат гирифтани талаботи адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, виҷдон, ҳуқуқҳои тавлидӣ ва дахлнопазири инсон, қадри волои инсон, риояи қонуни ҳуқуқӣ ва таъмини қонунияти ҳуқуқӣ имконпазир мегарданд.

         Дар заминаи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ дарки фалсафии ҳуқуқ, сатҳи фалсафии шуури ҳуқуқӣ ташаккулу инкишоф меёбад. Фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ воқеан фаҳмиши ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ мебошад. Роҳҳо, усулҳо, шаклҳои ташаккули фаҳмиши фалсафии ҳуқуқро фалсафаи ҳуқуқ муайян мекунад.

         Дар фарҷом бояд хотирнишон намуд, ки барои баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии ҷомеа дар баробари чораҳои зикр- гардида инчунин имрӯз мақомоти марбутаи кишварро зарур аст, ки бевосита миёни мардум  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда, бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз бӯҳрони маънавию ҳуқуқӣ бартараф созанд.    

 

Муовини Сардори шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон             

Ҳ  Расулзода.    

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор