Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Зан – модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавқати беканор, нури ҳар як хонадон аст, ки бо файзи худ ҳастии моро шодоб мегардонад. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Воқеан зан- модар баҳори зиндагӣ аст.Чӣ хеле ки бузургон гуфтаанд: “ Дар хонае, ки Зан-Модар нест, хушӣ ва рӯшнои вуҷуд надорад.” Бинобар ин,  занон шамъу чароғи хонадон ва асоси пойдории оила мебошанд.

             Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,

             Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда, қайд кардааст : “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд,  пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт.” Дар тамоми дунё сатҳи маърифати ҷомеа ва миллатро аз рӯи муносибат ба занону модарон муайян мекунанд. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла баробарҳуқуқии мардону занон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии модарону занро кафолат додаасат.  Барои дар амал татбиқ намудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  барномаҳои дахлдори давлатӣ таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва ѓайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон таъмини онҳо ба кор ва музди маоши муносиб мебошад. Дар ин робита, ҳанӯз соли 2017 ҷиҳати муқаррар намудани маҳдудиятҳои муайян барои шуѓли занон ва ҳифзи саломатии онҳо аз хатарҳои касбӣ ва ҳимояи ҷиддии иҷтимоии онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №179 қабул шуда буд.

Дар асоси тавсияи Кумитаи СММ оид ба  рафъи  табъиз нисбати занон оид ба Гузориши миллии даврии шашуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №568 аз 30 декабри соли 2023 рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда  шудааст, тасдиқ гардида, теъдоди корҳое, ки истифодаи қувваи занон  манъ шуда буд, аз 334 ба 194 адад расонида  шуд.

Яке аз соҳаҳое, ки занон метавонанд дар он фаъолияти самарабахш дошта бошанд, хизмати давлатӣ мебошад. Ҳамасола аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати бештар намудани саҳми занон дар ин самт  андешида шуда, занону бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Новобаста аз ин, ҳоло низ саҳми занон дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ қонеъкунанда нест. Зеро тибқи санадҳои стратегӣ ва барномавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 бояд саҳми занон дар хизмати давлатӣ ба 30% ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ба 25% расонида шавад.

Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳолати  1 январи соли 2024 аз 18180 нафар хизматчиёни давлатӣ 4569 нафар ё 25,1 фоизро занон ташкил медиҳанд. Аз 5883 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1132 нафарашон ё 19,2% занон мебошанд.

Рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 қайд намуданд: “Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо Квотаи  президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд”.
     Афлотуни бузург фармудааст: “Зан дар пешрафти умури ҷумҳур, мулкдорӣ ва дар иҷрои вазифа кам аз мардон нест”. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр намудаанд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд . Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст .”

Бинобар ин, мо вазифадорем, иззату эҳтироми онҳоро ба ҷо орем, нисбат ба онҳо ғамхору меҳрубон бошем, зеро то охири умр агар фарзанд хизмати модарро кунад дар қиёс ба заҳматҳои модар мисли қатрае аз баҳр аст. Чунки модар сарчашмаи бузургии тамоми бузургони олам аст.

  

   Қодирқулов Х.Х -  мутахассиси пешбари

   Шуъбаи ташкилӣ , иттилоотӣ ва  таҳлилии

    Дастгоҳи Ваколатдор оид ба

    ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор