Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

                    «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024  аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои ин солро муайян ва ошкор намоем:

- Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

- Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.

- Мустаҳкам намудани инсититути ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он.
- Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.

- Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.

- Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.

- Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.

- Барои пурра ва мукаммал дарки ин ҳадафҳо онҳоро шарҳ медиҳем.

- Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

      Гузаронидани ин тадбирҳо ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

 Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун- ин муносибати эҳтиромонаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аст, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бе эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

      Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун. Баланд бардоштани мақоми қонун (волоияти қонун) яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳо аст. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд.

Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипи асосии зерин амалӣ мегардад:

— шинохти қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он;

— тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ вазифадор ҳастанд, ки дар доираи қонун амал намоянд ва ҳуқуқ надоранд ба он мухолифат намоянд;

— ҳама гуна қоидаҳо, меъёрҳо ё қарорҳое, ки ба қонун мухолиф мебошанд, эътибор надоранд ва татбиқ намешаванд;

— риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгӯишаванда таъмин мегардад;

— судҳо ҳуқуқ доранд, ки риояи волоияти қонунро назорат намоянд ва қарору амали ғайриқонунии мақомоти давлатиро бекор созанд.

     Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.

Рафтори ҳуқуқӣ як навъи рафторе аст, ки дар он ирода ва амалҳои (амал ё беамалии) шахс ба меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда мувофиқат менамоянд. Ба маънои дигар, рафтори ҳуқуқӣ рафтори шаҳрванди қонунриоякунанда аст. Рафтори ҳуқуқӣ натиҷаи маърифати ҳуқуқии ташаккулёфта мебошад. Дар навбати худ, худи маърифати ҳуқуқӣ ба эътирофи арзишҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва институтҳои ҳуқуқӣ ҳамчун танзимгари беғаразонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ асос меёбад.  

    Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.

Иттилооти ҳуқуқӣ маҷмуи тадбирҳое аст, ки дар давлат ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва ташкилот ба иттилооти ҳуқуқӣ дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилоти давлатӣ, дигар мақомоту ташкилоте, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст.

       Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои гуфташуда равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд.

 

Муовини сардори шуъбаи

ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ                                         

Сабзов А.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор