Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 400 ҳазор нафар ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 150 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд ва зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”,
Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар!
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, 46 моҳу 13 рӯз идома ёфта, зиёда аз 26 миллион шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қурбони он шуданд. Майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буд, вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта, паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд.
Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонмардони тоҷик дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла А. Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳануз 23.06.1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидаааст. Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, Курск, Сталинград, озод кардани Ленинград аз блокада ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Муҳорибаи Сталинград машҳуртарин набарди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок кардаанд. Корнамоии “Хонаи Павлов” ҳам бе номи тоҷик набуд. Дар қатори 18 ҷанговари “Хонаи Павлов” тоҷикон низ буданд, ки командирашон сержант Павлов буд.
Пушида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз бузургтарин муҳорибаи танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад, зеро фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбати аз болои аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст биёранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави “Палон – Бабр”, самолётҳои “Фокс – Вулф” ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба 5-7 уми июли соли 1943 тупчӣ Ҳодӣ Кенҷаев бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонидааст. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар ҳамин муҳорибаи Курск боз корнамоии 18 нафар аз отряди сарҳадии Помир дар ҳайати дивизияи 162-юми тирандози осиёимиёнагӣ корнамоии бемисл нишон додаанд. Онҳо дар қитъаи муҳофизатии худ то тири охирин ҷангида, баъд аз он ба ҷанги тан ба тан даромаданд ва қисме аз онҳо бо бастаҳои граната худ ва душмани ба онҳо ҳамлакунандаро тарконданд, вале душманро аз ҳудуди муҳофизатии худ гузаштан намонданд.
Дар байни ҷанговарони аз блокада озод кардани Ленинград фиристодагони Тоҷикистон Т.Одилов, М.Шокиров, С.Бурҳонов ва С.Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. 5-октябри соли 1943 дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волков фиристодаи Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт Туйчӣ Эрҷигитов дар наздикии роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смардиния, бо сари бозуи худ сурохии дзоти душманро маҳкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи ҳамяроқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ 21.02.1944 баъди маргаш ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид. Дар рафти амалиётҳои ҷангӣ дар муҳорибаи Сталинград тоҷикписар Маҳмадшариф Шарифов дар озод кардани шаҳри Харков чунин корнамоиро нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишонӣ (ДОТ)-и душманро пӯшонидааст.
Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати фронтҳои Белоруссия ҳам мардонагӣ нишон додаанд. Аз ҷумла тоҷикписар Фатҳулло Аҳмадов моҳи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Белоруссия ва Полша иродаи қавӣ нишон дода, сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони набард аз фиристодагони Тоҷикистон на танҳо мардҳо, балки занон низ буданд ва онҳо дар қатори мардон қаҳрамонона ҷангидаанд. Аз ҷумлаи онҳо Ойгул Маҳмадҷоновна, ки лётчик буд ва зиёда аз 90 маротиба парвози ҷангӣ анҷом додааст. Шаҳрӣ ном духтурзани тоҷик ба табобати маҷруҳон машғул буд.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додаанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.”
Қодирқулов Худойдод-мутахассиси
пешбари Шуъбаи байналмилалӣ,
иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон