Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

        Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати таҳия ва амалӣ сохтани раванди нави ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуқтаи тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсия-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъиятро инъикос менамояд.

       Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ соҳаеро номбар намудан мушкил аст, ки вобаста ба он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Мавҷудияти заминаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006  таъкид кардаанд, ки «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».

      Ҳарчанд қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ ё худ бунёдии рушди давлат бошад ҳам,  татбиқи бечунучарои қонунҳо дар ҷомеа аҳамияти калон дорад. Ин масъала ба сатҳи тафаккури ҳар фарди ҷомеа зич алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд.

      Аз ин ҷост, ки сарвари давлат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карданд, ки «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад».  Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад. Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон: «Агар хоҳи озод бошӣ пас ғуломи қонун бош».

        Файласуфи Юнони қадим Арасту ба маврид мегӯяд, ки «инсоне, ки бо иҷтимоъ такомул пайдо карда бошад, аз ҳама ҷонварон беҳтар аст ва агар бидуни қонун ва адолат зиндагӣ кунад хатарноктарин ҷонвар аст». Аз ин лиҳоз донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳа набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он нишонаи маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, зеро ки ба мафҳумҳои ҳаққу ботил амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳҳои чапу нодуруст худро боз медорад. Агар ҳар як нафар узви ҷомеа  бихоҳад, ки дар зиндагӣ боэътибор бошад, бояд ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба воситаи қонунҳои амалишаванда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иникос ёфтааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ намуна бошем.

       Бояд қайд намуд, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайри имкон мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда аз ҷумла қайд намудаанд, ки «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тадбиқ намудани он ба миён омадааст».

       Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти инсонӣ исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Хулосаи муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкори маслаку мафкура, шаккокӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалин дараҷа дорад. Дар баробари ин ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия ба ҳалли ин масъала шароити мусоидат менамоянд. Аз санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-и августи соли 1997 хусусияти универсалӣ дорад. Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда қабул шудааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон барои тақвият бахшидани ин чорабиниҳо соли 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи милли таълим» ва соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия» тасдиқ ва қабул гардид, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз аҳамият холӣ нест.

          Яке аз натиҷаҳои назарраси ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ташкили якчанд ниҳодҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар доираи сохторҳои дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дигаргуниҳои ташкили воҳидҳои нави корӣ мебошад.

      Дар фарҷом бояд хотирнишон намуд, ки барои баланд бардоштани маърифати шуури ҳуқуқии ҷомеа дар баробари чораҳои зикргардида, инчунин имрӯз муассиса ва идораҳои дахлдорро зарур аст, ки бевосита миёни мардум  корҳои зиёди ташвиқотию тарғиботӣ бурда бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз бӯҳрони маънавию ҳуқуқӣ раҳоӣ бахшанд.

 

 

Муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои

молявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон                                    Расулзода Ҳ.Ҳ.      

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор