Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

РУШДИ СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КЎДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли шартномаҳои универсалии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи кўдак дар сиёсати давлатӣ, қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбикунӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдакон, ки бештар аз 40% нуфусашро ташкил мекунанд, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

    Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кўдакро тасдиқ намуд, ки соли 2023 дар сатҳи баланд 30-солагии ҳамроҳшавӣ ба он таҷлил гардид.

    Фаъолияти механизмҳои миллӣ ё субъектони ҳифзи ҳуқуқи кўдак сол то сол таҳким ёфта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ, муқаррароти қонунгузорӣ, амалисозии барномаҳои стратегӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва дар маҷмўъ барои ҳалли мушкилоти самти ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдак мусоидат менамоянд.

    Дар ин робита дар мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва доираи салоҳияту ваколатҳои онҳо тасдиқ гардидааст.

    Чунин воҳидҳои сохтории махсус дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд.

    Бо назардошти он ки дар Тоҷикистон мақомоти алоҳида махсусгардонидашуда оид ба масъалаҳои кўдакон вуҷуд надорад, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 2016, №348 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак муайян гардида, дар ин робита дар Вазорати маориф ва илм раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак таъсис дода шудааст.

   Бинобар гуногунҷанба будани масъалаҳои кўдак, аз ҷумла таҳсил, саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират, истироҳат, адолати судӣ, фарзандхондӣ, васояту парасторӣ ва ғайра чунин таҷриба дар кишварҳои собиқ шўравӣ фарқкунанда мебошад. Агар дар Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба мақомоти давлатии соҳавӣ вогузор гардида бошад, дар Ҷумҳурии Қазоқистон Кумитаи оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон ва дар Ҷумҳурии Озорбойҷон Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои оила, занон ва кўдакон яъне, мақомоти алоҳида таъсис дода шудааст. Аз ин лиҳоз, мавҷудияти мақоми алоҳидаи босалоҳияти дорои захира ва иқтидори кофӣ барои пешбурди сиёсати давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдакон, таҷрибаи пешрафта мебошад.

    Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кўдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти мазкур соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кўдак таъсис дода шуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак низ дар ҷаласаҳои он бо ҳуқуқи машваратии овоз иштирок карда метавонад.

    Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кўдак мақоми доимоамалкунандаи байниидоравӣ буда, фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳоро доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи кўдак ҳамоҳанг мекунад.

    Тибқи нақшаи кори Комиссия ҳамасола якчанд чорабиниҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои кўдак пешбинӣ гардида, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоту идораҳо онҳоро амалӣ месозанд.

    Ин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба масъалаҳои иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати кўдакон ва дигар аъзоёни ҷомеа, низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, ташвиқу тарғиби дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқҳои кўдак, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва мониторинги фаъолияти комиссияҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кўдак равона шудаанд.

    Масалан аз соли 2021 ҳар сол кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон интихобан фаъолияти якчанд комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кўдакро мониторинг менамоянд. Зимни мониторинг масъалаҳои муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба иваз намудани ному насаб, ба васояту парасторӣ гирифтан, дидорбинӣ ва муошират бо фарзандон, муқаррар намудани ҷойи зисти кўдак, фарзандхондӣ, ҷойгир намудан ба мактаб-интернат, ҳуҷҷатгузорӣ ва масъалаҳои ҷории фаъолияти комиссияҳо мавриди омўзиш қарор дода мешаванд.

    Таҳлили фаъолият нишон дод, ки бештари вақти кории котибони комиссияҳо барои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва иштирок дар мурофиаҳои судӣ сарф гардида, ба самтҳои дигар, аз ҷумла иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, кор бо муассисаҳои кўдакона, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии меҳнати маҷбурӣ ва зўроварӣ нисбати кўдакон, омўзиши вазъи иҷтимоии кўдакони ятиму бепарастор ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нагардидааст.

    Фаъолияти комиссияҳо дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон”, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва барномаву стратегияҳои соҳа қаноатбахш набуд. Масалан, нақшаҳои кории комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру ноҳияҳои зикршуда бе таҳлили вазъи воқеии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак ва такрори бандҳои солҳои гузашта таҳия гардидаанд, аъзоёни комиссия аз мавҷудияти барномаҳои соҳавӣ, нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои сохторҳои шартномавии СММ маълумот надоранд.

    Яке аз масъалаҳои ташвишовари дигар омехта кардани фаъолияти комиссияи маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кўдак бо фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ мебошад, ки бар хилофи Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кўдак ва Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ ба роҳ монда шудааст.

    Қабул ва баррасии дурусти муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ном ва ба манфиати кўдак яке аз вазифаҳои асосии комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кўдак ва мақомоти васояту парасторӣ ба ҳисоб меравад. Зимни мониторингҳо дар ин самт низ камбудиҳо ошкор гардиданд. Аз ҷумла, дафтарҳои бақайдгирии омории муроҷиатҳо ба талабот ҷавобгў набуда, маълумоти асосӣ дар бораи муроҷиаткунанда, муҳтаво ва натиҷаи баррасии баъзе муроҷиатҳо қайд нашудаанд.

    Вазъи таъминоти котибони комиссияҳо бо ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ ва барои кўдакон дастрас, бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ, ҷевонҳои оҳанӣ, аз ҷумла сейф барои нигоҳдории маълумоти дорои сирри махфӣ низ нигаронкунанда аст.

    Дар бештари ҳолатҳо фаъолияти комиссияҳо танҳо ба фаъолияти котиби комиссия нигаронида шудааст, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

    Бо назардошти ин, аз 27 сентябри соли 2023 таҳти №462 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур фаъолияти сохторҳои мақомоти васоят ва парасторӣ ва комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқӣ кўдак муттаҳид карда мешавад.

    Лозим ба ёдоварист, ки қаблан дар дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бахши ҳуқуқи кўдак, бо ду воҳиди корӣ ва котиби комиссияи ҳуқуқи кўдак, бо як воҳиди корӣ амал мекард. Тибқи қарори мазкур минбаъд ин сохторҳо тағйири ном карда, бахши васояту парасторӣ ва котиби мақомоти васояту парасторӣ номида мешаванд. Ҳамчунин, зимни фаъолияти сохторҳои мазкур ҳам масъалаҳои васоят ва парасторӣ ва ҳам дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак фаро гирифта мешаванд.

    Барои ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдак дар сатҳи маҳаллӣ мавҷудияти танҳо як воҳиди кории котиби мақомоти васоят ва парасторӣ кифоя нест. Вазъ дар шаҳру ноҳияҳое, ки аҳолии зиёд доранд боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад. Зеро, дар амал масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдак ба зиммаи як нафар вогузор карда шудааст, ки ба сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдак бетаъсир намемонад.

 

С.Қодирӣ, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор