Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баробарии гендерӣ омили рушди ҷомеа

   Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки:  «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

      Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008 вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншуда, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастрасӣ ба иттилоот, ҳамкории мақомоти давлатӣ дар ин самт, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Барои амалисозии вазифаҳои назоратии худ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои васеъ дода шудааст.

   Аз ин лиҳоз, барои кафолати самаранок додан ҷиҳати пешгирӣ ва барҳам додани ҳама гуна ҳолатҳои табъиз, таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890 қабул шудааст.

          Табъиз ин муносибати нобаробар мебошад, ки боиси вайроншавии ҳуқуқҳо мегардад. Дар ҳолате, ки нисбати як шахс назар ба шахсони дигар бавосита ё бевосита муносибати бад пайдо мешавад, шахс дар баробари дигарон ҳуқуқу озодиҳои худро пурра ифода карда наметавонад.

          Масалан, вақте ки ду шахси баробарҳуқуқ дар истгоҳ мунтазири нақлиёти мусофиркашанд, аммо ронандаи нақлиёт як шахсро ба нақлиёт роҳ дода, ҷой медиҳад, дигар шахсро бошад, бо сабаби маъюбӣ доштанаш ба нақлиёт савор шуданро роҳ намедиҳад, табъиз ба вуҷуд меояд.

           Дар ҳаёти ҷамъиятӣ кирдорҳои бавосита ё бевоситае вуҷуд доранд, ки дар амалӣ шудани онҳо нисбати одамон табъиз бо доштани як ё якчанд аломат ба вуҷуд меояд.

         Маъмултарин аломатҳои табъиз ин – табъиз аз руйи аломатҳои маъюбӣ, нажод, ранги пӯст, баромади миллӣ, вазъи саломатӣ, ҷинсӣ, синну сол, дин, забон, баробарии гендерӣ ё ҳолатҳои дигар мебошанд.

         Дар ҳаёти ҳамарӯза яке аз намудҳои табъиз, аниқтараш табъиз бо аломатҳои гендерӣ бисёртар ба назар мерасад. Нобаробарии гендерӣ дар  муносибатҳои номатлуб, бартарии як ҷинс нисбат ба ҷинси дигар ё ҳувияти гендерии он ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳое, ки аз ҷониби давлат ба ӯ пешбинӣ шудааст, асос меёбад.

       Баробарҳуқуқӣ ин меъёри мукаммали ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.Табъиз бо аломати нобаробарии гендерӣ таърихи тӯлониро дар бар мегирад, ки барои ҳар як шахси бо он рӯ ба рӯ шуда таъсири манфӣ мерасонад. Мутаасифона,  ин  мушкилоти ҷиддиест, ки тули солҳои дароз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеъа идома ёфта, бештар нисбати занон ва духтарон табъиз бо аломати ҷинсӣ  дида мешавад ва яке аз проблемаҳои асосии замони ҳозира ба шумор рафта, ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар сатҳи ҳаёти ҳаррӯза дар зиёд кишварҳо зоҳир мегардад.

         Тибқи назарияҳои гуногун нобаробарии гендерӣ дар оилаҳо дар рафти тарбия сар мезанад. Чунон ки баъзе падару модарон бе розигӣ ва бе маслиҳати пешакӣ бо фарзандашон, ба интихобу хоҳишҳои фарзандашон нигоҳ накарда, писарбачагонро ба бахшҳои шоҳмоту муборизаҳои гуногун, духтаронро бошад, ба рақс, расмкашӣ, гулдӯзӣ ва ғайраҳо ҷудо карда мефиристонанд. Бо гузашти вақт ин мушкилот давомнокии худро дар боғчаю мактабҳо дар раванди таълими дарсҳои технология идома медиҳанд. Пас аз ин, барои интихоби дилхоҳ касб ва  дохил шудан ба дилхоҳ донишгоҳ волидайн бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо ба интихоби касби озодонаи фарзандашон монеа мегарданд.

        Гарчанде  мо дар асри XXI ҳаёт ва фаъолият менамоем, шароитҳои мусоид барои зиндагии озод, таҳсил дар тамоми кӯдакистону муассисаҳо, донишкадаву муассисаҳои олии касбӣ, хусусан барои духтарон муҳайё карда шудааст, мутаасифона ҳанӯз дар баъзе оилаҳо, хусусан дар деҳот, шумораи зиёде аз волидайнҳо духтарони худро барои таҳсилот, аз худ кардани илму маърифат ба муассисаҳои омузишӣ рафтанро иҷоззат намедиҳанд.

              Мувофиқи маълумотҳо гарчанде занон ва духтарон нисбат ба мардон фаъолтар мебошанд, вале духтаронро дар хона манъ карда, танҳо ба корҳои хона, ба пухту пазу дузандагӣ ҷалб намуда, сипас бе розигиашон онҳоро бармаҳал оиладор мекунанд.

Чунин бемасъулиятии волидон бинобар  паст будани маърифатнокии зан сабаби табъиз бо аломати ҷинсӣ мегардад ва дар оилае, ки бунёд мекунад, ҷанҷолу нофаҳмиҳои зиёд миёни зану шавҳар, зуроварӣ дар оила ба саломатии руҳӣ ва ҷисмонии зан таъсири манфӣ расонда, ба носолимии насли оянда ва аксарияти вақт ба пароканда шудани бисёре аз оилаҳои ҷавон, оварда мерасонад. Агар зан ва мард дар сатҳи таҳсилоту маърифатнокии баробар бошанд, ин ба ташкил додани оилаҳои пешрафтаву солеҳаи ҷомеа мусоидат мекунад.

         Дар мисоли дигар ба проблемаи паҳнгаштаи ҷомеаи имрӯза назар мекунем. Заноне, ки муасиссаҳои таълимиро хатм карда, дорои маълумоти олӣ мебошанд, дар аксар ҳолатҳо аз ёфтани ҷойи кор танқисӣ мекашанд, ки ин ҳам аз сабаби табъизи ҷинсӣ сар мезанад. Корфармои корхона ва ширкатҳо  дар рафти мусоҳибаҳо аз вазъи оилавии зан пурсон шуда агар зан ҳомила бошад, ба кор қабул намекунанд. Чун ки пас аз чанд моҳи корӣ зан метавонад ба рухсатии ҳомиладорӣ барояд, ки ба ақидаи корфармо ин ба манфиати корхона ва ё ширкат нест.

          Аз лиҳози қонун бошад, кормарфо вазифадор аст, ки ба корманди зан аз руйи талаботи қонунгузорӣ барои рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл уҳдадориҳои худро иҷро намояд. Корфармо ҳақ надорад, ки аз риояи қонунгузорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” сар кашида, дар кирдорҳои худ аломатҳои табъизро эҷод кунад ва аз сабаби стреотипҳои марбут ба ҷинс ба шахс нафрат пайдо кунад.

          Мувофиқи маълумотҳо дар баъзе ширкату корхонаҳо барои иҷрои кори якхела занон нисбати мардон маоши кам мегиранд, ки дар ин ҳолат табъиз дида мешавад. Проблемаи дигар он аст, ки муддатҳои дароз занҳо дар як зинаи пасти корӣ фаъолият мекунанд. Агар ба ҳисоботҳо назар кунем, фаъолият ба ҳайси роҳбару сардор дар корхонаву  ширкатҳо ҳиссаи хело камро занон ташкил медиҳанд.

          Такя ба мафҳуми “стеклянный потолок”, яъне “мавқеи баландро беҳтараш ба мард додан лозим, зеро ӯро тобеонаш хубтар  гуш мекунанд” ин монеаи ноаёнест, ки занро аз сохтани зинаҳои фаъолияти касбӣ бе чуну чаро боз медорад. Ҳол он, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” таъмини кафолати баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳоро медиҳад.

          Дар баъзе  кишварҳо бошад занҳоро ба касбҳои муайян роҳ намедиҳанд ва мавҷудияти инро ғамхорӣ нисбати саломатии репродуктивии занон нишон медиҳанд. Аз ин лиҳоз, гуфтан ба маврид аст, ки занон ва духтарон дар ҷомеаи имрӯза ҳуқуқу озодиҳои худро пурра истифода бурда  наметавонанд. Аз  сабаби табъизи ҷинсӣ занон аксар вақт аз ҷиҳати ҷисмонӣ азият кашида, ба расмиёти маъюбӣ ё ба зӯроварии хонаводагӣ дучор меоянд.

            Он мушкилот, ки дар боло зикр шуданд, як ҳиссаҳои хурди нобаробарӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳо дар ҷомеа нисбати зан буда мутаассифона дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳанӯз дида мешаван ва давомнокии онҳо бешуморанд. Ҳар яки ин мушкилот дар доираи худ мавзӯҳои васеъро дар бар мегиранд ва ба оқибатҳои нохуш дар рушди ҷомеа поймолкунии ҳуқуқу озодиҳо, нобаробарии имкониятҳо, зӯроварӣ дар  оила, зиёд шудани мушкилиҳои ҷомеа дар самти тандурустӣ, насли ояндаи носолим, нобаробарӣ дар сиёсат оварда мерасонад.

   Барои бартараф кардани нобаробариҳои гендерӣ чи бояд кард?      

           Яке аз роҳҳои мубориза бо нобаробарии гендерӣ қабул ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳое мебошад, ки табъизро дар асоси ҷинс манъ мекунанд. Новобаста аз ҷинс ва ҳувияти гендерӣ ҳифзи баробарҳуқуқии ҳамаи одамон дар назди давлат ва қонун аввалиндараҷа мебошад. Ин қонунҳо бояд барои вайронкунандагон ҷазо пешбинӣ кунад, ҳуқуқҳои шахси ба табъиз дучор шударо барқарор карда, кафолати ҳимояи онро диҳанд, ки бидуни тарс ҷабрдидагон барои кӯмкак ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кунанд. Инчунин аз ҷониби макомотҳои дахлдор чорабиниҳо барои бартараф кардани стереотипҳои гендерӣ, тағйир додани таассуроти ҷомеа, баланд намудани  маърифатнокии ҳуқуқиашон оид ба баробарҳуқуқии марду зан гузаронида шаванд.

            Маориф дар мубориза бо табъизи гендерӣ нашқи асосиро мебозад. Зарур аст, дар раванди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба баробарии гендерӣ, стереотипҳои гендерӣ ва табъиз дар барномаҳои таълимӣ маводҳои зарурӣ дохил карда шавад. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар бораи мушкилоти табъиз, инчунин бояд фаҳмондадиҳиҳои иттилоотӣ гузаронида шаванд.

            Дар соҳаи меҳнат барои мубориза бо табъиз барои мардон ва занон дар ҷойҳои корӣ бояд шароити баробар муҳайё созанд, шумораи  занҳои коргарро зиёд намоянд. Таъмини маоши баробар ба зану мард барои иҷрои кори якхела, барои намояндагии занон дар мақомҳои роҳбарикунанда ҷорӣ кардани квотаҳо ва мубориза барои озори ҷинсӣ дар корхонаҳоро пеш бурда, назорат кунанд.

             Хулоса, барои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад ва саҳмгузории ҳамаҷонибаи давлат, ҷомеа ва ҳар як шахс гузошта шавад. Танҳо мо метавонем, ки бо кушиши муштарак ҷомеаи одилона ва баробарҳуқуқ бунёд кунем.

 

Сангова Шаҳноза

Мутахассиси пешбари шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба

баробарӣ ва озодӣ аз табъизи

Дастгоҳи ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор