Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

      Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

      Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

      Фарорасии 27 – умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ моро водор менамояд, ки ба гузашти начандон дури сарнавишти миллатамон баъди соҳибистиқлолиро ба даст овардан назар афканда, ба заминаҳои ҳуқуқии иттиҳоду ягонагӣ ва ҳамзистиву осоиштагӣ аз лиҳози нақши онҳо дар таъмини Ваҳдати миллӣ баҳо диҳем.

      Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дуру наздики мо ҳангоми имзои ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи умумӣ аз сар гузарониданд, моҳиятан як давраи томи таърихиро дар худ таҷассум менамояд. Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5 – 6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид.

      Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем.

      Расидан ба ин марҳилаи таърихӣ ба халқи мо осон муяссар нашудааст. 

      Он дар тору пуд, ҳастӣ ва вуҷуди миллати тоҷик ташаккул ёфта, пухта шуда, дар шакли як санади таърихӣ ва тақдирсоз арзи ҳастӣ кардааст.

      Дар таърих санаҳое ҳастанд, ки марҳалаҳои муайяни ҳаёти халқро аз ҳам ҷудо карда, нишон медиҳанд, ки миллат чиро аз сар гузаронд ва чиро интизор аст. 27 июни соли 1997 барои халқи тоҷик маҳз ҳамин хел сана ҳисоб меёбад.

      Қайд намудан ба маврид аст, ки барпошавии иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аввалин кӯшише буд, ки барои минбаъд таъмин намудани Ваҳдати миллӣ дар кишварамон равона карда шуда буд.

     Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ аз ҷумла 15 – қонун, 25 – қарор, 6 – фармон ва як изҳорот қабул карда шуд, ки минбаъд дар ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими ҳуқуқи онҳо мусоидат намудаанд.

     Ҳамон вақт як идда қонуну қарорҳои қабулкардаи иҷлосия  барои ба эътидол овардани вазъи кишвар ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ равона карда шуда буд. Аз ҷумла ба воситаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии онҳо муқарар шуда, баргардонидани гурезаҳо ба макони доимии зисташон, инчунин интиқоли ройгони аҳли оила ва молу амволи онҳо кафолат дода шуд. Раиси тоза -интихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, изҳор карда буд: “То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан бар нагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам”.

       Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.     Сулҳу осоиштагиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷҷасумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳмӣ, поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзӯву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар як давлату миллат мебошад.

      Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар дарак медиҳад. Танҳо бо роҳи Ваҳдат якдигарфаҳмӣ ва  истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

    Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша мевае ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

      Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо он мо тоҷикон фахр мекунем. 

      Муносибати нави давлатдории сиёсӣ ин соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул – гул шукуфон ва иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

      Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пешравӣ, гулгуншукуфонӣ ва дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст.

       Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

      Хулоса, чун фарзанди бонангу номуси миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор аз тинҷиву амонии Ватани маҳбубам мекунам.  

  

 

Сафаргули Шамсулло -

сармутахассиси шуъбаи

байналмилалӣ, иттилоотӣ,

таҳлилӣ ва ташкилии

 Дастгоҳи ВҲИ                     

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор