Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

“Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.

                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

        

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навин ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз, мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва рушди онҳо оғоз намоем.

         Ин ҳуҷҷати муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба ҷумҳурӣ сулҳу субот овард. Ҷанги шаҳрвандие, ки панҷ сол давом кард, боис ба ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар гардид. Миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуда, муҳтоҷи кӯмаки дигар кишварҳо гардиданд. Тибқи маълумоти мухталиф, хисороти молие, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон оварда буд, ба 7 миллиард доллари амрикоӣ баробар аст.

        Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи дорои аҳамияти бузурги таърихиро барои сарнавишти миллати тоҷик ва тоҷикистониён таъкид намуда, аз ҷумла, иброз доштанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд. Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

      Ваҳдати миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои фидокорона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард.

     Дар ҳассостарин лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллӣ ва қисмати мардуми Тоҷикистон ба бозии манфиатхоҳони динию мазҳабӣ гирифтор шуд, ин ҷавонмарди асил ба арсаи сиёсат ворид шуда, сарнавишту тақдири миллатро бар дӯш гирифтанд ва бо самимияти комил ба миллати ҷафодидаву овораи тоҷик паём доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам».

       Маҳз ин паём чун пайки умеду боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ва расидан ба шоҳроҳи тараққиро далолат менамуд, ки миллати тоҷик он солҳо аз ёд бурда буд. Мардум тарки хонаву кошона ва деҳу рустову шаҳру шаҳристон намуда, зиёда аз як миллион нафар хоки кишварҳои бегонаро барои худ паноҳгоҳ пазируфта буд. Борҳо аз забони гурезагони иҷбории ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шунидаам, ки дар кишварҳои бегона паёми Сарвари давлатро бо ашки шодӣ истиқбол намуда, рахти сафар ба сӯи Ватан бастанд. Ин каломи Президенти мамлакат даъват ба Ватан буд, ки миллионҳо ҳамватани овораи моро ба хонаву кошонаашон овард.

      Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва умуман ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои дигарро ба бор оварда, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт.

        Ҳамасола 27- уми июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд гирифта мешавад. Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Иди Ваҳдати миллӣ тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рузи истироҳат муқаррар карда шудааст. Ин иди фархунда пояи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

      Ҷашни мазкурро ба хотире  Иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад.

          Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон худогоҳиро нишон медиҳад, ки бар ивази  чи қадар  ранҷу азоб дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардида буд ва минбаъд ҷавонон бояд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста  талошҳо намоянд.

 

 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон                       Сафаров Б

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор