Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваҳдати миллӣ - сипари истиқлолияти кишвар

  Ваҳдати миллӣ дастоварди арзиштарини халқи тоҷик буда, муаллифи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ваҳдати миллӣ ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун давраи нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гардид. Тӯли 27 сол аст, ки 27 июн рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оромии ҷомеа, эҳёи иқтисодиёти кишвар ва масъулияти умумии мо барои имрӯзу ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

  Ҳанӯз 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи интихобот бо овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон чунин муроҷиат кард ки: "Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам ва ман ҷонибдори давлати демократӣ ҳастам, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст".     

     Ҳамин тариқ, аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ таҳия ва ташаккули консепсияи ваҳдати миллӣ ва қадамҳои татбиқи он оғоз ёфт. Бад аз ин хишти аввали давлатдории навини кишвари маҳбубамон гузошта шуд. Аз он хотир Иҷлосияро таърихиву тақдирсоз ном мебаранд, ки маҳз ин воқеа имкон дод, ки Тоҷикистон як кишвари орому осоишта ва рӯ ба инкишоф шавад. Бо шарофати сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо эҳтиром ба озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва унитарӣ бунёд намуданд.

      Имрӯз, вақте ки муносибатҳои муосири байналмилалӣ пешгӯинашаванда гаштанд, иқтисоди ҷаҳонӣ наметавонад аз бӯҳрони тӯлонӣ берун ояд ва аз ҳарвақта муҳимтар аст, ки тоҷикон дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи давлатро нигоҳ доранд. Танҳо ҳамбастагии тоҷикон имкон медиҳад, ки ба фишори бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ тоб оварда, асосҳои истиқлолияти давлатиро тақвият бахшанд ва пешрафтро дар кишвар таъмин намоянд

Сулҳ неъмати беназирест, ки барои ба даст овардани он миллати тоҷик ҷони садҳо ҳазор фарзанди барӯмандро дар ҷанг қурбонӣ кардааст. Яъне, сулҳест, ба ивази ҷонсупориҳо ба даст омадаву арзиши беш аз ҷон дорад. Аз ин рӯ, барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ сулҳу сафои пойдор дар мамлакат арзиши бебаҳо, баланд ва муқаддас аст. Ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад.

       Барои ҳар як давлату халқ сулҳ ва оромӣ муҳимтарин дастовард ва комёбӣ мебошад бе ваҳдати миллӣ ба рушди устувори иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидан амри маҳол аст. Хушбахтона, халқи тоҷик роҳи дурусти тараққиёти худро дар ваҳдати миллӣ дарёфт. Ваҳдати миллии мо аз ҷониби давлатҳои мутараққӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф шуд, ҳамзамон он имрӯзҳо ҳамчун намунаи ибрат барои ҳалли низоъҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ шудааст. Ваҳдати миллӣ омили таъминкунандаи осудаҳолии шаҳрвандон ва некуаҳволии ҷомеаи кишвар аст ва дар радифи сулҳ яке аз бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон маҳсуб меёбад.

         Имрӯз бо ифтихор метавон гӯем, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан сохибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастанд. Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз ба сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз руҳияи қавии мардум, дар сояи давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густарда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.

     Қайд кардан ба маврид аст, ки гулгулшукуфоии мамлакат, пешрафту тараққиёти минбаъдаи он ва ҳатто пойдор боқӣ мондани Истиқлолияти миллӣ аз ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Ваҳдат ва якдилии халқ — бақои миллату давлати мост”. Яъне давлат ҳамон лаҳза пойдор ва соҳибихтиёрии он ҷовидон мемонад, ки мардуми он иттиҳоду сарҷамъ бошад. Вақте ки миллат иттиҳод аст, гарчанде шумораи мардум кам ҳам бошад, ҳатто абарқудратҳо наметавонанд ин миллат ё халқро пароканда намоянд.

   Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

    Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ганҷина ва сарватест, ки онро танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва андешаи мусолиҳатомез ба даст овардан мумкин аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик баракати зиёде ба бор овард ва оварда истодааст. Нишонаҳои онро метавон дар сарҷамъии халқи тоҷик аз парокандагиву дурӣ аз Ватан, гузаштан аз гуноҳи якдигар мушоҳида намуд. Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама иттиҳоди ҳамаи табақаҳои ҷомеа дар давлат аст. Яъне, на танҳо як миллату як дин, балки чанд миллату мазҳаб дар дохили як давлат якҷоя раванди ваҳдати миллиро пурмазмунтар мегардонад. Ваҳдати миллӣ ободии кишвар аст, зеро дар ҳар давлат омили рушду пешрафт ҳамзистии осоишта аст. Мо ҷавонон чун пайравони асили Пешвои миллат барои ҳифзу нигаҳдошти сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бояд пайваста талош намоем.

 

Сангова Шаҳноза -

мутахассиси пешбари шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба

баробарӣ ва озодӣ аз табъизи

Дастгоҳи ВҲИ

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор