Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Истиқлолият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон

        Истиқлолияти давлатӣ дастоварди муҳим, таҳкурсии мустаҳками сулҳу субот ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо идома додани иқдому ташаббусҳои муносиб, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар асоси сиёсати дарҳои кушод, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, муҳокимаҳои шаффофу ошкоро оид ба масоили мухталифи ҷаҳони муосир, аз ҷумла волояти қонун ва ҳуқуқи инсон дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошт.

      Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар таҳкиму пешрафти ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон низоми ҳуқуқии миллӣ эҳё карда шуд, ки асоси онро самтҳои мақсадноки сиёсати пешбаранда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини манфиатҳои давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳангоми таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил медиҳад.

     Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ эътироф шудаанд. Онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Қабули Конститутсияи даврони истиқлолият аз 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари ҷавон сарнавишти тоза дар ҷодаи эҳё ва пойдории давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ гузошт, ки минбаъд дар инкишофи низоми қонунгузории миллӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун асоси роҳбарикунанда барои созмон додани низоми мустақили ҳуқуқӣ қабул гардид. Дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал таносуби арзишҳо ва манфиатҳои давлатӣ – инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, кафолатҳои амалигардонии онҳо ва таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо гузошта шудааст. Меъёри Конститутсия ҳамчун принсипи калидии қонунгузорӣ баромад карда, дар маҷмуъ самти ягонаи инкишофи низоми қонунгузории давлатро дар соҳаи ҳуқуқи инсон муайян менамояд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои ҷудонопазири ӯ арзиши олӣ ба шумор мераванд. Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Дар баробари ин, аксарияти санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, барои амалишавии онҳо тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

        33 соли истиқлолият мавқеи Тоҷикистонро дар самти эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон собит сохта, моро вазифадор месозад, ки қадамҳои худро дар ин роҳи пур аз нишебу фарози таърихи миллат пай дар пай ва устуворона гузорем.

        Яке аз дастоварди бузурги сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин ин ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудан мебошад. Ба туфайли соҳибихтиёр эълон гардидани Тоҷикистон имконияти мустақилона муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ пайдо шуд. Албатта ба ин васила мустақилона, дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар низ оғоз гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар моддаи 5 эътироф намуд, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Аз мазмуни моддаи мазкур бар меояд, ки давлат кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, механизми амалишавӣ ва кафолати онҳоро пешбинӣ месозад. Ин боб аз сию чор модда иборат аст, ки қисмати асосии Конститутсияро ташкил медиҳад.

     Тибқи Конститутсия ҳуқуқ  ва озодиҳои инсон бевосита амалӣ шуда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳалро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ин маънои онро дорад, ки санадҳои дигари ҳуқуқӣ набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ва ё онҳоро халалдор созанд. Дар маҷмуъ, тамоми бобҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар вобастагӣ ва алоқамандӣ мебошанд. Маҳз Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо аз он сарчашма мегиранд. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии пешбининамудаи Конститутсия ба мансубияти шаҳрвандии давлат зич алоқамандӣ дошта, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба ҳар инсон новобаста аз шаҳрвандӣ, ҷинс, синну сол, нажод, мансубияти этникӣ ва динӣ тааллуқ дошта, фитрӣ ва ҷудонашаванда мебошанд. Соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид карда шуд, ин 10 декабр – ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Ҳамасола ҷаҳони муосир рӯзи 10 декабрро ҳамчун “Рӯзи ҳуқуқи инсон” ҷашн мегирад. Ин рӯз вобаста аст ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният хеле муҳим ва бузург мебошад. Аҳамияти ҷаҳонии ин ҳуҷҷат дар он аст, ки он ҳамчун Кодекси асосии байналмилалии рафтор дар соҳаи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқи инсонро танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст. Тибқи санади мазкур риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи ҳамаи халқҳо ва давлатҳо дониста шудаанд.

       Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамасола дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма бахшида ба ин сана як қатор чорабиниҳои иттилоотиро баргузор менамояд.

 

Сафаргули Шамсулло-

сармутахассиси шуъбаи

байналмилалӣ, иттилоотӣ,

таҳлилӣ ва ташкилии

 Дастгоҳи ВҲИ                     

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор