Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Шуруъ аз сухани гиромии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки “Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт ва имрӯз мо бо ифтихор ба истиқболи 33 солагии соҳибистиқлолиамон омодагӣ мегирем”.

Боиси ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки кишвари азизамон дар фазои оромӣ сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир 33-юмин солгарди Истиқлолияти хешро ботантана истиқбол менамояд.

Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад. Бинобар ин, раванди мазкур, ки маҷрои муайяни худро дар самти шинохти асли фалсафаи хеш муайян накардааст, моро зарур аст, ки Истиқлолияти худро дар ин ҳолат чун гавҳараки чашм гиромӣ дошта, ҳифз намоем. Чунки Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва эътибори ҷаҳонии миллат мебошад. Воқеан Истиқлолият ва озодӣ дар ҳар давру замон рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат аст.

Қайд намудан зарур аст, ки Истиқлолияти сиёсӣ ва расидан ба Ваҳдати комили ҷомеа, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI мебошанд. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Шиддати муқовиматҳои сиёсӣ торафт буҳрони сиёсӣ-иҷтимоиро тезонида, боиси фалаҷ гардидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардида, заминаи пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ба дасти мардум афтодани силоҳи ғайриқонунии оташфишон гардид. Ин амали номатлуб ва барои миллати тоҷик бегона кишвари тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ намуд.

Гурӯҳҳо ва нерӯҳои сиёсӣ зикргардида дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои Истиқлолият бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ ва шахсӣ қарор дошта, арзиши ин неъмати бебаҳо муқаддас ҳисобида шавад.

Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида, асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи он ба дӯши фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.

Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии Истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гиранд.

Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти баландро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.

Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемислаш давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Дар натиҷа, Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат бақои худро таъмин намуд, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардидааст.

Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.

Маҳз чунин хидматҳои беназири Роҳбари давлат мебошанд, ки баъди ҳазор сол тоҷикон тавонистанд бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намуда онро ором нигоҳ дошта, ҳифз намоянд.

Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

          Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони асили худро аз даст додаанд. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд.

        Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

          Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.   

Омӯзиши масъалаҳои Истиқлолияти сиёсӣ дар шароити давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти муҳими илмию назариявӣ ва сиёсию амалиро касб намудааст. Тадқиқу таҳлил ва хулосагирӣ аз раванду ҳодисаҳо низоми оғози раванди истиқлолитяти Тоҷикистон, монеаҳо ва нерӯҳои пешбар, тадқиқи амиқу ҳамаҷонибаи инкишофи он ба ашёи махсуси илмҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд.

Инчунин, Истиқлолияти давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.

Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти бавуҷудомадаро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият баротараф намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ хизмат менамоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 – апрели соли 2007 дар Паём ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд:Бигузор парчами истиқлолият ва сулҳу ваҳдат раҳнамову ҳидоятгари мо ба сӯйи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона бошад”!

Сангова Шаҳноза -

мутахассиси пешбари шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба

баробарӣ ва озодӣ аз табъизи

Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор