Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

МАСЪУЛИЯТ ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

 

Дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус ва намоёнро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» касб менамояд. Зеро вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони кунунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ таълиму тарбияи дурусти кӯдаконро тақозо мекунад ва бояд ин қишри ояндасози давлату миллат дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, донишандӯзиву забономӯзӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги милливу рамзҳои давлатӣ, ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти он, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ таълиму тарбия карда шаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бори нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат аз тарафи парламент қабулу ҷонибдорӣ шуда, 2-юми августи соли 2011 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Мақсад аз қабули он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул шуда буд. Қонуни зикргардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар давоми беш аз 12 соли амал рисолати таърихии худро ба иҷро расонид ва маҷмуъан дар баланд шудани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон мусоидат намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 мувофиқи мақсад шумориданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.

Ҳамин тавр, қонуни фавқуззикр бо номи нав, яъне лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуд. Маҷлиси намояндагон қонуни зикршударо 8-уми майи соли 2024 баррасӣ ва қабул намуд. Ин қонунро Маҷлиси миллӣ 19-уми июни соли ҷорӣ ҷонибдорӣ кард ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли ҷорӣ ба он имзо гузошт ва пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Қонуни мазкур фарогири 7 боб ва 25 модда буда, муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

Яке аз тафовутҳои қонуни нав аз қонуни қаблӣ дар он аст, ки дар қонуни нав принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муқаррар шудаанд. Принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак қоидаҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо таълиму тарбияи кӯдак ба роҳ монда мешаванд. Ҳамин тариқ, тибқи моддаи 4 ин қонун масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба принсипҳои эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, қонуният, адолат, инсондӯстӣ, муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак, ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак асос меёбад.

Боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи кӯдак бахшида шудааст, ки аз 5 модда (моддаҳои 13, 14, 15, 16 ва 17) иборат мебошад. Тавре аз моҳияти боби зикршуда бармеояд, дар он дар баробари ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ҳамчунин субъектҳои дигар, яъне шахсони падару модарро ивазкунанда дар таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ гардидаанд. Дар банди 7) моддаи 1 ин қонун зери мафҳуми шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд – васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, фаҳмида мешавад.

Дар моддаҳои 14, 15 ва 16 қонуни зикршуда ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак муайян шудаанд. Чунончи, моддаи 16 ба уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак бахшида шуда, аз 32 банд иборат аст. Тибқи он, аз ҷумла падару модар дар тарбияи кӯдак уҳдадоранд кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волояти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд, оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд, дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд, ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд ва амсоли инҳо.

Дар асоси моддаи 17 шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошанд, ки дар моддаҳои 14, 15 ва 16 қонуни мазкур нисбат ба падару модар пешбинӣ шудаанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.

Лозим ба зикр аст, ки солҳои охир дар миёни иддае аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ як падидаи номатлубе пайдо шудааст, ки онҳо бо худ ба муассисаи таълимӣ ҳар гуна асбобҳои халандаву бурандаро меоранд ва ҳангоми дастбагиребон шудан бо хонандагони муассисаи таълимии худ ва ё муассисаи таълимии дигар аз асбобҳои  халандаву буранда истифода мебаранд, ки дар натиҷа боиси ҷароҳат бардоштани хонандагон ва ҳатто ба ҳалокат расидани онҳо мегардад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин падидаҳои номатлуб дар банди 17) моддаи 16 ва банди 13) моддаи 19 меъёр муқаррар гардид, ки тибқи он падару модар ва муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадор шудаанд, ки ба муассисаи таълимӣ, аз ҷумла овардани асбобҳои  халандаву бурандаро манъ намоянд. Инчунин, падару модар уҳдадор шудаанд, ки ба кӯдак гирифта гаштани асбобҳои халандаву бурандаро  манъ кунанд. Муқаррар гардидани чунин меъёр зарур буда, падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд уҳдадор менамояд, ки назоратро аз болои кӯдакон пурзӯр намоянд. 

Яке аз фарқиятҳои дигари қонуни нав аз қонуни қаблӣ дар он аст, ки қаблан чанде аз уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи кӯдак дар боб ва моддаҳои алоҳида дар маҷмуъ муайян шуда буданд. Аз ҷумла, дар қонуни қаблӣ дар иртибот ба уҳдадориҳои омӯзгор муқаррар шуда буд, ки уҳдадориҳои омӯзгор оид ба таълиму тарбияи кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии ТоҶикистон дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд. Акнун тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор дар боби махсус, яъне  боби 5, ки фарогири моддаҳои 18, 19 ва 20 мебошад, танзим шудаанд.

Дар моддаи 19 уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак танзим шудаанд, ки чунин уҳдадориҳо аз 15 банд иборат мебошанд. Моддаи 20 бошад ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор бахшида шуда, дорои 19 банд аст. Дар асоси он, минҷумла омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадор аст аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ аз таълимгирандагон худдорӣ намояд, дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром карда, ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳад, таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия кунад ва ғайра.

Дар моддаи 22 чораҳои пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак нишон дода шудаанд. Мувофиқи моддаи мазкур чораҳои пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборат мебошанд:

1) гузарондани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак;

2) баргузор намудани ҷаласаҳои падару модарон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак;

3) ташкил намудани «Рӯзҳои падару модар» дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расондани кумаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модарон;

4) аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардондани падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи кӯдак муваффақона иҷро менамоянд;

5) андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи кӯдакон;

6) доир намудани суҳбатҳои пешгирикунанда;

7) роҳандозии корҳои инфиродӣ бо падару модар;

8) бо тартиби муқарраргардида муваққатан гирифтани кӯдак аз падару модаре, ки уҳдадориҳои худро ба таври дахлдор иҷро намекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани хатар ба ҳаёт ва саломатии кӯдак;

9) андешидани чораҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ кардааст.

Дарвоқеъ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гузарондани тарғибу ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардондани падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи кӯдак муваффақона иҷро менамоянд зарур мебошад, зеро амалӣ кардани чунин тадбирҳо дар пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак ва таҳкими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак мусоидат хоҳанд кард.

Моддаи 23 масъалаи ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкурро муқаррар намудааст. Чунончи, тибқи моддаи мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳамин тариқ, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ва монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарӣ муқаррар кардаанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки 20-уми июни соли 2024 Президенти мамлакат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби парламент қабулу ҷонибдорӣ шуданд, имзо гузошт ва пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар асоси тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, аз ҷумла моддаи 90 зери номи (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак) дар таҳрири нав ифода ёфт, ки он аз 5 қисм иборат мебошад. Дар асоси қисмҳои 1 ва 2 ин модда барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Барои аз ҷониби шахсони дар боло зикршуда пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак:

- маводди дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро паҳн кардан;

- ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан;

- ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда зарар расондан;

- ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо, ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, аз ҷумла моддаи 164 таҳти унвони (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар таҳрири нав ифода карда шуд. Тибқи он ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз як саду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Қобили зикри хос аст, ки қаблан барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар мегардид. Тибқи тағйироти нав, дар маҷмуъ дар асоси моддаи 164 Кодекси ҷиноятӣ минбаъд барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.

Зимнан бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда мешавад. Ҷорӣ кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар боиси огоҳонии онҳо аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ва пешгирӣ намудани ҷиноят мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки 1-уми марти соли 2024 Президенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки аз ҷониби парламент қабулу ҷонибдорӣ гардид, имзо намуд ва пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд. Ҳадафи асосии қонуни зикршуда ин ҳатмӣ намудани зинаи сеюми таҳсилот, яъне таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат мебошад.

Тибқи ин тағйирот, аз ҷумла қисми 7 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав ифода гардид, ки минбаъд пас аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд. Қаблан таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирифт.

Ворид гардидани чунин тағйирот дар замони муосир зарур буда, ҷиҳати идома бахшидани таълими миёнаи умумии хонандагон, хусусан, духтарон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, саводнок гардонидани онҳо ва таҳкими маърифатнокии модарони оянда равона шуда, дар маҷмуъ ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон мусоидат хоҳад кард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки банди 3) моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модарро уҳдадор намудааст, ки ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд.

Дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти номатлубу зишт ва пурдаҳшату хатарафзо табдил ёфта, барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амният ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамоянд. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар кӯдакону наврасонро, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд ба гурӯҳҳои ҷиноятии худ ҷалб менамоянд, ки ин хеле ташвишовар ва хатарнок мебошад. Зеро сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани кӯдакон ва наврасон ин паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, аз таълиму тарбия дур мондани онҳо, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия ва назорати онҳо дар оила мебошад.

Бинобар ин, дар асоси бандҳои 19), 20) ва 21) моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар дар таълиму тарбия уҳдадоранд, ки  ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд, аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд, ба ӯ мутолиа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд.

Муқаррароти зикргардида дар вазъияти муташанниҷи авзои сиёсии ҷаҳон, саривақтӣ ва зарурӣ буда, барои тақвият бахшидан ба масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдакон кумак намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайвастшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат мекунад.

Зимнан зарур аст, ки дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – соли 2024», инчунин ҳамасола муқаррароти қонунгузорӣ, алалхусус, Конститутсияи кишвар ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ҷониби субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шарҳу тавзеҳ дода шаванд. Ҳамчунин, хуб мешуд, ки санадҳои қонунгузорӣ дар миёни сокинони хонаҳои бисёрошёна низ бо ташкил ва фароҳам овардани ҷойҳои махсус дар назди хонаҳо шарҳу тавзеҳ дода шаванд, зеро ҳамаи сокинони зикргардида, бахусус, занону модарон бо сабабҳои мухталиф ба ҳар гуна толорҳову маҷлисгоҳҳо ташриф оварда  наметавонанд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо амри зарурӣ ва тақозои замон буда, тадриҷан дар баланд шудани фарҳанги шаҳрнишинӣ, баланд шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак мусоидат менамоянд.

Мутаассифона, имрӯзҳо одобу ахлоқи баъзе кӯдакон коста шудааст, зеро онҳо бо атрофиён дағалона муомила менамоянд, ба суханҳои калонсолон гӯш намедиҳанд, суханҳои қабеҳ истифода мебаранд, дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, манзили истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтори дағалона мекунанд. Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд уҳдадор намудааст, ки чунин амалҳои ношоистаи кӯдаконро пешгирӣ намоянд, аммо барои иҷро накардани чунин уҳдадорӣ оид ба тарбияи кӯдак нисбат ба падару модар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нагардидааст. Бинобар ин, хуб мешуд, ки барои пешгирӣ накардани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдак падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамин тавр, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар шароити ниҳоят ҳассос ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза барои кишвари мо муҳим ва саривақтӣ буда, падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, муассисаи таълимӣ ва омӯзгоронро масъулу вазифадор менамояд, ки дар самти таълиму тарбияи дурусти кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

 

 

 

Сайнозимзода Фирӯз,

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ

ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,

мушовири адлияи дараҷаи 2,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор