Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

 

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, ва ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи тақдири имрӯзу фардои миллати кӯҳанбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Дар он рӯзҳои барои халқи Тоҷикистон ногувор, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул кард ва бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандин асраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар он асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа муқаррар гардидаанд.

Чи тавре, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, инсон, ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ буда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда  мешаванд. Дар баробари ин сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ ба сифати яке аз Конститутсияи пешрафта дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Конститутсия Тоҷикистонро давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоию дунявӣ эълон намуда, дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи ҷомеаи демократӣ, адолатпарвар ва мутамаддин мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва дар даҳгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад, ки аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил менамоянд.

         Дар даврони соҳибистиқлолии хеш Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳоро маҳз дар асоси ҳамин Конститутсия, қабул ва интишор намуд.

Ҳануз соли 2007 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро саривақтӣ шуморида, иброз дошта буд, ки: «бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани ниҳоди миллии Ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст. Ин сохтор ҳамчун яке аз ниҳодҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд». Нахуст 4 апрели соли 2008 баҳри амалӣ намудани ин иқдом Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мавриди амал қарор гирифта, дар асоси Қонуни мазкур 27 майи соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъин гардид ва аз он вақт ин мақомот амалан ба кор шурӯъ кард.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи модаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода шудааст.

Таъсиси ин мақомот барои давлате, ки ҳадафҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ Конститутсия эълон доштааст, аҳамияти ниҳоят бузург дорад. Зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст.

Оид ба таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон дар мамлакат, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамасола дар Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод шуда, барои амалисозии онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон, муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва тавсеаи фарогирии фаъолият дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои вилояти Хатлон вилояти Суғд, ВМКБ, намояндагиҳои  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, фаъолият мебаранд.

Ҳамчунин, Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва тасдиқ гардид, ки амалисозии афзалиятҳоро аз қабили мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар низоми муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар муассисаҳои қисман пӯшида, мусоидат ба озодии ВАО ва ибрози ақида; мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир (занҳо, кӯдакон, маъюбон ва дигарҳо), мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо таърихи навини давлатдории халқи тоҷик алоқаи ногуфтанӣ дошта, фаъолияти он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

 

Сармутахасиси  шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи              

истифодабарандагони хизматрасониҳои

молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони

Дастгоҳи мақомоти Вакаолатдор оид

   ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Раҷабов  Б.М.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор