Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

НАҚШИ АДОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

ДАР ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

 

Муҳимтарин шарти ташаккули давлати ҳуқуқбунёд таъмини волоияти Конститутсия нисбат ба қонунҳои интишоршуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки зарурати ҳифзи махсуси ҳуқуқии он бояд пешбинӣ карда шавад. Ташаккули давлати демократии ҳуқуқбунёд бевосита аз он вобаста аст, ки механизми ҳифзи Конститутсия то чӣ андоза самаранок амал мекунад. Унсури асосии муайянкунандаи ин механизм назорати конститутсионӣ мебошад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ асосҳои сохти конститутсиониро муайян намуда, шароиту принсипҳои ташаккули ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро муайян мекунад. Нақши асосии назорати конститутсионӣ дар мустаҳкам намудани низоми нигоҳдорӣ ва мувозинат дар қатъиян риоя намудани принсипҳои асосии конститутсионӣ ифода меёбад. Дар сурати суйистифодаи зиёдараввии ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия аз ҷониби яке аз шохаҳои ҳокимият, вазифаи мақомоти назорати конститутсионӣ аз он иборат аст, ки тавассути ваколатҳои конститутсионӣ ва механизмҳои ҳуқуқии мавҷуда риояи муқаррароти Конститутсия ва набаромадан берун аз доираи салоҳияти муқарраршударо талаб намояд.

Низоми адолати судии конститутсионӣ дар сурати мавҷуд будани заминаҳои муайяни зарурӣ ва кофӣ метавонад самаранок ва пурра фаъолият намояд. Ба ин заминаҳо метавонанд дохил бошанд: мустақилияти функсионалӣ, институтсионалӣ, ташкилӣ, моддӣ ва иҷтимоии назорати конститутсионии судӣ; устуворӣ ва муттасилӣ дар татбиқи конститутсионии принсипи таҷзияи ҳокимият; комилан мувофиқ ва қиёспазирӣ будани принсипҳои асосии конститутсионӣ ва механизмҳои марбутаи конститутсионии амалисозии ҳокимияти давлатӣ; интихоби дуруст ва асоснок будани объекти назорати конститутсионӣ; муайян намудани доираи муносиби субъектҳое, ки ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсиониро доранд; муносибати мунтазам ба таъмини фаъолияти мукаммали функсионалии ҳокимияти судӣ; мавҷудият ва татбиқи сиёсати дақиқи қонунгузорӣ; сатҳи зарурии дарки арзишҳои демократӣ дар ҷомеа.

Рушди бомуваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо устувории сохти конститутсионӣ, бо ифодаи нишондодҳои арзишманди ҷомеа дар сатҳи Конститутсия вобастагии оқилона дорад. Маҳз Конститутсия сатҳи олии меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки ғояҳо, меъёрҳо ва самтҳои асосии рушди демократии ҷомеа ва давлатро дар худ муттаҳид намудааст, инъикос мекунад.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 зарурати ислоҳоти куллии соҳаҳои низоми ҳуқуқи давлатӣ, қабули маҷмӯи қонунҳо ба миён омад, ки услуби пештараи маъмурию фармонфармоии идоракуниро, ки дар он идеология бар қонун бартарӣ дошт, аз байн бурда, ба тарзи ташкили давлатдорӣ ва ҷамъияти ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд, ки афзалияти принсипу меъёрҳои Конститутсияи кишварро таъмин месозад, гузаштанро эҳё кард.

Дар як муддати кӯтоҳ дар самти ислоҳоти тамоми соҳаҳои ҳуқуқӣ, ки аз қабули Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 оғоз шуда буд, қадамҳои назаррас гузошта шуданд. Ислоҳоти мазкур ба ташкили як қатор механизмҳои (ниҳодҳои) махсуси ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеа, аз ҷумла таъмини ҳифзи ҳаматарафаи ҳуқуқи инсон заминаи густурда гузошта, дар раванди таъмини адолати конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳимро бозид.

Ба хусус, бо ташаббуси инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 пешниҳод намудани қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо ин васила таъсис додани мақоми махсуси ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолати конститутсионии онҳо – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 чун яке аз афзалиятҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистонро ишора менамояд.

Аз ҷониби дигар, таъмини бевоситаи волоияти Конститутсия, татбиқи назорати риояи муқаррароти он тавассути амалисозии фаъолияти амсилаҳои гуногуни адолати судии конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад. Масалан, дар вазъиятҳои гуногун дар давлат мақомотҳои махсусгардонидашуда ва ғайримахсусгардонидашуда созмон дода мешаванд, ки баҳри пешгирии қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, куи хилофи конститутсия мебошанд, фаъолият мебаранд. Хусусан, дар ин самт назорати махсуси конститутсионӣ воситаи муҳим ва муассири ҳифзи волоияти конститутсия бо воситаҳои қонунӣ ба шумор меравад.

Бояд қайд кард, ки дар таъмини адолати конститутсионӣ дар ҳама самтҳои муносибатҳои чамъиятӣ, аз ҷумлу таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми мақомоти олии давлат вобаста ба зарурати таъмини ягонагии низоми қонунгузорӣ ва рафъи зиддиятҳо ба он, таъмини мувофиқатии ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия муайян карда шудааст. Зеро, фаъолияти мақомоти мазкур ҳамчун амаликунандаи назорати конститутсионӣ унсури муҳими механизми давлатӣ ба шумор меравад, ки дар асоси принсипҳои таҷзияи ҳокимият сохта шудааст. Унсури муҳим будани он имкон медиҳад, ки таъмини рияои салоҳиятҳои ба ҳар як мақомот тибқи Конститутсия вогузоршуда аз ҷониби ин мақом назорат бурда шавад.

Айни замон дар доираи таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии таъмини ҳуқуқҳои инсон зарурати таҳқиқи муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории конститутсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷоннок гардида, аҳамияти муҳимро таҳлили моҳият ва тамоюлҳои табдили институти назорати конститутсионӣ, омӯхтани хусусиятҳои объекти назорати конститутсионӣ, хусусиятҳои фаъолияти субъектони назорати конститутсионӣ, пурзур намудани нақши мақомотҳо дар соҳаи назорати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон аҳамияти калон пайдо кардаанд.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди мунтазам инкишофёбандаи назорати конститутсионӣ бо назардошти тамоюлҳои ҷаҳонии конститутсионӣ рушд карда истодаанд, ки хусусиятҳои худшиносии рушди давлатдори Тоҷикистонро аз нигоҳи таъмини волияти қонун, риоя ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва давлат инъикос менамоянд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул то ҳол дар татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини адолати конститутсионӣ ин муҳофизот нақши бениҳоят муҳим мебозад. Муайян кардани мазмун ва тартиби татбиқу ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як ашхос ба дарки амиқ ва шарҳи меъёрҳои конститутсионие, ки эътибори олии ҳуқуқӣ ва таъсири бевосита доранд, алоқамандии зич дорад.

Бо назардошти аҳамияти мушкилоти вазъи ҳуқуқии шахс ва масъалаҳои соҳавии ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, метавонем қайд созем, ки Қонуни асосии давлати Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи мустаҳкамшудаи бевосита ё бавоситаи кафолатҳои ҳуқуқӣ баромад мекунад. Чунин мешуморем, ки бо назардошти раванди инкишофи муносибатҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ва васеъ шудани самтҳои танзими ҳуқуқии ин муносибатҳо нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд танҳо зиёд шавад.

Солеҳзода Зафар Исматулло –

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

истифодабарандагони хизматрасониҳои

молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор