Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Дар бунёди муносибатҳои ҷаҳони имрӯза ҳар як давлат ҳамчун як ниҳоди соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд беш аз беш баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахс ва ҷомеа ташкил карда мешавад. Дар шароити муосир дар Конститутсияҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот оид ба давлати ҳуқубунёд мустаҳкам шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. ... Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад” (моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Бояд қайд кард, ки Конститутсия дар мадди аввал афзалияти арзишҳоро муқаррар менамояд, яъне: “шахс” – “ҷомеа” – “давлат”. Шахс ҷузъи озод, бошуур ва мустақили сохтории ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ин мардуми (халқи) худмуттаҳидгардида, сарчашма ва барандаи асили ҳокимият аст. Давлат – сохтори соҳибихтиёр, аз ҷиҳати ҳудудӣ ба шакли муайн даровардашуда, дорои шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди он зиндагонӣ мекунанд, мебошад ва дар он ташкилоти сиёсӣ бо роҳбарии ҳукумат ва механизими мақомотҳои он сарварӣ карда, вазифаи ҳифзи тартиботи мавҷуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои шахсият ва ҷомеаро амалӣ мегардонанд. Ин аст, ки Конститутсия ҳамчун як навъ шартномаи ҷамъиятии байни шаҳрванд, ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ амал мекунад. Бесабаб нест, ки дар ҳар як Қонуни асосии кишварҳо мукаддимаи мухтасар (дебоча) мустаҳкам гардидааст, ки моҳияти он дар ифодаи қабули Конститутсия аз ҷониби халқ ҳамчун ифодагари ҳукмрони ҳокимият ва иродаи он баён гардидааст.

Бояд қайд кард, ки дарҷи мухатасари муқаррароти конститутсионӣ оид ба давлати ҳуқуқбунёд – танҳо мақсади давлат ва ҷомеа ба шумор рафта, бо роҳи демократикунонӣ ва муносибатҳои озоди бозоргонӣ рушди мунтаззами худро амалӣ менамоянд. Татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, мубориза бо коррупсия, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишоф додани ҳамгироӣ  бо мамлакатҳои мухталиф – ин маҷмӯи масъалаҳои асосие мебошанд, ки бидуни ҳалли онҳо рушди минбаъдаи давлатдорӣ имконнопазир мебошад. Аз ин лиҳоз, ин ва бисёр дигар масъалаҳо бояд дар доираи Конститутсия, қонунгузории давлат ва ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал карда шаванд.

Тасодуфан нест, ки боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи принсипҳои асосии сохтори конститутсиониро дар бар гирифта, боби дуюм ба низоми умумӣ ва ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои ашхос бахшида шудааст. Инҳо ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки ба як қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, хусусан, ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби СММ дар соли 1948 қабул шуда буд ва ду Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз соли 1966 асос ёфтаанд. Аслан, агар ба моҳияти муқаррароти боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳое, ки шаҳрванд бошуурона ва масъулиятнок истифода мебарад, табиатан ба ӯ дахл дошта, давлат ҳамчун механизми маъсус дахлнопазирӣ ва татбиқи эҳтирому риояи онҳоро кафолат медиҳад. Яъне яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими ҳар як давлат ана ҳамин таъминоти кафолати мутлақ ба шумор меравад.

Яке аз афзалиятҳои асосии ҳуқуқи инсон дар бартарӣ додани дигар ҳуқуқҳои инсон – ин ҳуқуқи муқаддас ба ҳаёти осоишта ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии давлат ва ҷамъият бошад, аз он иборат аст, ки ин ҳуқуқро бо тамоми усулу воситаҳо таъмин намоянд. Татбиқи ин ҳуқуқ шарти муҳимтарини рушди мутлақи демократикунонии давлат ва ҷамъият эътироф гардидааст.

Маҳаки асоси давлатдории демократиро принсипи гуногунандешӣ ташкил медиҳад, яъне мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ. Бояд гуфт, ки гуногунандешӣ яке аз принсипҳои конститутсионии ташкили ҳаёти сиёсӣ дар аксари давлатҳои демократии муосир мебошад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ принсипи бисёрҳизбӣ маънои онро дорад, ки ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқи муттаҳидшавии шаҳрвандон дар ҳизбҳои сиёсиро мувофиқи ақидаҳои сиёсӣ, баробарии ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар назди қонун ва озодии фаъолияти онҳоро эътироф ва кафолат медиҳад. Дар татбиқи принсипи мазкур, ҳамчунин вазифаи давлат дар амалӣ сохтани эҳтиром ба озодии баён ва озодии афкор, эҳтиром ба озодии эътиқод ва дин,  инчунин ӯҳдадории шаҳрвандон дар ҳифзи мероси таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангии халқ инъикос меёбад.

Ташаккули асосҳои давлат ва ҷомеаи ҳуқуқиро танҳо бо доираи ғояҳои сирф ҳуқуқӣ маҳдуд кардан мумкин нест. Масъалаи асосии ҳаёти ҷамъиятӣ – ин масъалаи барпо намудани давлатдории демократӣ мебошад. Яке аз хусусиятҳои асосии созандагии давлатдории Тоҷикистон, чун дигар мамлакатҳои мутаррақӣ, принсипи таҷзияи ҳокимият, ҳамчун муҳофизатгари муҳими самарабахши демократия ба шумор меравад. Агар доираи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардида бошад, пас на фарди алоҳида ва на як мақоми алоҳида ҳокимияти давлатиро пурра назорат карда наметавонад. Татбиқи амалии таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо – принсипи ба ном «низоми назорат ва мувозинат»-ро дар бар мегирад, ки ҳар кадоме аз мақомотҳо барои назорат ва маҳдуд кардани ҳамдигар имкониятҳои зиёд доранд.

Маврид ба зикр аст, ки шарти бунёди давлатдории демократӣ на танҳо дар соҳибихтиёрии халқ, волоияти қонун, таъмини ҳуқуқи инсон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ байни се шохаи он ва муқаррар намудани мувозинати мутаносиби байни онҳо, балки ҳамчунин дар мувозинати муносибатҳои байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ифода меёбад. Яъне, мазмуну моҳияти давлати демократӣ набояд танҳо ифодагари волоияти қонун, механизмҳои татбиқи он бошад, балки дар маркази таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа бояд инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор гирад.

Аз ҷониби дигар, фароҳам овардани заминаҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар як муддати кӯтоҳ имконнопазир аст, зеро масъалаи таҳкими он на фақат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, балки инчунин аз ҷиҳати иҷтимоию сиёсӣ эътибори васеъ дорад. Ҳеҷ як давлати муосир наметавонад аз ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонаш канорагирӣ кунад. Иҷрои вазифаҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат набояд номуташаккилона ва хусусияти ёрирасониро дошта бошад. Татбиқи амалии вазифаҳои ҳифзи иҷтимоии давлат раванди ҳуқуқбунёд ва демократиткунонииро мустаҳкам намуда, ҳаёти осоиштагии мардумро таъмин месозад.

Умуман, дар ҳуқуқи конститутсионии муосир мафҳуми «давлати ҳуқуқбунёд» ҳамчун тафсироти мақоми конститутсионӣ-ҳуқуқии давлат маънидод шуда, тобеияти бечунучарои давлатро ба принсипҳои муайян: соҳибихтиёрии халқ, таъмини дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, робитаи давлат бо сохтории конститутсионӣ, волоияти конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҷзияи ҳокимият ва институти масъулияти ҳокимият ҳамчун асоси ташкилии давлати ҳуқуқбунёд, мустақилияти судҳо, афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқи дохилидавлатӣ ва монанди инҳоро пешбинӣ менамояд. Аммо, мавҷудияти ин принсипҳо ҳанӯз маънои бунёди давлати ҳуқуқбунёдро надорад. Хусусиятҳои давлати ҳуқуқбунёдро ба назар гирифта, мушоҳида кардан мумкин аст, ки аксари онҳо на танҳо худи давлат, балки ҷомеаи дар он мавҷудбударо низ тавсиф мекунанд. Албатта ин табиист, чун давлат ҷузъи ҷамъият аст ва аз он ҷудо инкишоф ёфта наметавонад, яъне “тимсол (идеал)” барои ҷамъияти нокомил буда наметавонад. Барои ташаккули чунин давлат худи ҷамъият бояд тағйир ва рушд ёбад. Ин, ба назари мо, яке аз шартҳои аввалини ташкили давлати ҳуқуқбунёди воқеӣ ба шумор меравад.

Шарти дуюм, кам кардани афзоиши зиддиятҳои иҷтимоӣ мебошад, ки бояд дар қабули қонунҳои беҳтарсозандаи шароитҳо ифода ёбад ва манфиату эҳтиёҷот, аққаллан манфиатҳои аксарияти қишрҳои ҷомеаро инъикос намояд. Ин танҳо дар сурате имконпазир аст, агар дар давлат низоми сиёсии устувору демократӣ мавҷуд бошад.

Шарти сеюм, ба фикри мо, мавҷудияти иқтисодиёти устувори самарабахш мебошад, ки некуаҳволии моддии аҳолӣ, рушди маориф, илм, маданият, амалигардонии барномаҳои иҷтимоӣ, таъминоти кофии моддию техникиии дастгоҳи давлат, ташкили доираи фаъолияти қонунбарорӣ ва ҳифзиҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои умумхалқию умумиҷаҳониро таъмин менамояд.

Шарти чорум, ки инчунин яке аз шартҳои муҳим аст, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла ахлоқию сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Мардум бояд арзиши ҳаёти инсон, сулҳу ваҳдати шаҳрвандӣ, имконнопазирии ҳалли зӯроваронаи зиддиятҳои иҷтимоӣ, байналмилалӣ ва дигар ихтилофҳоро дарк намояд. Воқеияти асосӣ дар ин бобат танҳо бо принсипҳои ахлоқию ҳуқуқӣ вусъат мёбад. Таъсири калонтарин ва бевосита ба бунёди давлатдории ҳар як кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд шудани маърифат, фарҳанг ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Албатта, маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқиро такшил медиҳад. Ин равандест, ки ба танзими тамоми равияҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гуруҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.

Воқеан, маҳз чунин омилҳо асос гаштаанд, ки бо ташаббусу иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуда (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668), дар тамоми саросари ватанаи азизамон барономаву чорабиниҳои мухталиф баҳри амалӣ намудани мақсаду мароми давлати ҳуқуқбунёд ташкилу баргузор шуда истодаанд.

Ҳамин тариқ, давлати ҳуқуқбунёд принсипи аз ҳама муҳим ва фундаменталии бунёдии ҷомеаи муосири демократӣ, таъмини қонуният ва волоияти қонун, адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад ва албатта нақши Конститутсия дар таъмини ин омилҳо аввалиндараҷа дониста мешавад. Аз ҷониби дигар, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як масъалаи мураккабест, ки ҳалли он эҳтимолан муддати тӯлонӣ ва тамаркузи қувваҳои тамоми ҷомеаро талаб мекунад; ҳарчанд ин ҳанӯз идрок ва ҳадаф қабул аст, дар айни замон ҳамчунин дастури ҳаракат ё нишона дар роҳи дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад.

 

Солеҳзода Зафар Исматулло –

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор