Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

 

“Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

     Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ барои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм талош меварзад. Дар ин самт заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бесобиқаанд.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки санаи 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.».

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризм ва экстремизм ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, сулҳу осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи СММ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кӯтоҳ қонунгузории дохилии кишварро ба низом дароварда, қонунҳои миллиро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор додааст.

 Аз ҷумла, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ба муқобили ҷинояткории муташаккили трансмилӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба м убориза бо амалҳои терроризми ҳастаӣ ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», (2021) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (соли 2023), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм» (соли 1997), Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003 (соли 2000), Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (соли 2016), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (соли 2006), Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (соли 2021), қабул гардиданд, ки барои мубориза бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб  мусоидат менамояд.

Бояд хотирнишон сохт, ки яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат намудан ба дастрасӣ ба иттилоот ва баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои он мебошад.  Дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 мизи мудаввар дар мавзуъҳои “Нақши Ваколатдор дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон”, “Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ”, «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ», барои кормандони ШВКД дар шаҳрҳои Бохтар, Кўлоб, қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Панҷакент, Бохтар, ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Рашт, Лахш,  инчунин, муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Норак ва ноҳияи Ёвон гузаронида шудаанд.

     Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза алайҳи терроризм ташкил ва баргузор намудааст.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилотҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қишри осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”,  “Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо  бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олӣ фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ки хусусияти террористӣ-экстремистӣ доранд, манъ карда шуд. Аз ҷумла, 29 созмону ташкилоти террористиву экстремистии зерин: Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии  Узбекистон), Ҳаракати «Толибон», Ташкилоти «Бародарони мусалмон», Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба», Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъият-е-Ислам-и Покистон), Ҷамъият-е-Таблиғ, Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот», Тоҷикистони озод, Ҳизби таҳрир, «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24», Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом), «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра), «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ), Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ), Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ), Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн), Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург), Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин», Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво», ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News)  ё «Памир нюс» (Pamir News), ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон», ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2» фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамкорӣ бо ин созмону ташкилот ҷиноят буда, оқибатҳои талх, ногувор ва вазнин дорад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбиниииҷтимоӣ  ва  мазҳабиро тарғиб мекунанд ва  ё  барои  бо  зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои  мусаллаҳ даъват  менамоянд,  манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.

Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ равона шудааст.

Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.

Ҳар шаҳрванди  бо нангу номуси кишвар бояд донад, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Чунки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоангези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд.Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси Тоҷикистонро мебояд барои ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари ҳиммат баста, баҳри пойдории ваҳдати сартосариву амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони кишварро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.

Мирзоев Ҳ.

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор