Забони давлатӣ муқаддасоти миллат аст
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Забон қисми ҷудонашавандаи мероси ғайримоддии инсон ба шумор меравад.
Дар ҷаҳон 7 – то 9 ҳазор забонҳо мавҷуд буданд, аммо бо равандӣ вақт ин сарвати бебаҳо хеле кам шуда истодааст, ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрат аз ҷумла, забонҳои порсии қадим оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошӯрӣ ва русии қадим. аз байн рафтаанд. Бо нест шудани як забон, як фарҳанг низ аз байн меравад.
Забоншиносон кӯшиш доранд, ки ин бойгарии мазкурро барои наслҳои оянда нигоҳ доранд. Маҳз бо ҳамин мақсад Созмони байналмиллалии ЮНЕСКО, ки ҷонибдори бисёрзабонист дар Созмони Миллали Мутаҳид дар бораи қайд кардани «Рӯзи умумиҷаҳонии забони модарӣ» аз 21 – феврали соли 2000 қарор қабул кард.
Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуда буд ва танҳо бо гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид ва тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд. “Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ – англисӣ, фаронсавӣ ва италявӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шумурдаанд” – ин суханонро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ гуфта гузашта буданд.
Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Бо ташабусси Пешвои миллат Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2009 дар Тоҷикистони азиз мо тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва дар ин сана ҳар сол рӯзи «Иди забон» ҷашн гирифта мешавад, ки имсол хушбахтона мо 35 солагии “Иди забон”-и тоҷикро ҷашн мегирем. Яъне тавассути ин Қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст. Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.
Дар табрикоти қаблиаш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карда чунин иброз доштаанд: “Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.
Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад. Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд. Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.
Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.
Дар робита ба ин ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.
Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Сангова Шаҳноза -
мутахассиси пешбари шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба
баробарӣ ва озодӣ аз табъизи
Дастгоҳи ВҲИ