Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои маъюбон аз ҷониби давлат

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кўдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодааст.

Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ва дигар санадҳои дахлдор ба роҳ монда шуда, иҷро онҳо зери назорати доимии давлат ва шахсан Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошад,

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.

Давлат ба ҳар кас,  қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динни, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон ҳамҷун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои маъюбон ва таъмини иҷтимоии онҳо Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонидааст.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон 13 декабри соли 2006 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудааст.

Инчунин, баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.

Конвенсияи мазкур аз муқаддима ва 50 модда иборат буда, мақсади асосии он дастгирӣ, ҳифз, таъмин ва истифодаи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз ҷониби тамоми маъюбон, инчунин мусоидат ба эҳтироми шаъну шарафи ба онҳо хос ва иштироки пурра ва самараноки маъюбон дар баробари шахсони дигар дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар асоси Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ, яъне давлатҳои аъзои ин Конвенсия уҳдадор гардидаанд, ки татбиқи пурраи тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро аз ҷониби маъюбон бе ягон намуди табъиз аз рўи аломати маъюбӣ таъмин ва ҷонибдорӣ намоянд:

Бо ин мақсад давлатҳои аъзои ин Конвенсия уҳдадор гардидаанд, ки

-тамоми тадбирҳои дахлдори қонунию маъмурӣ ва чораҳои дигарро барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои эътирофнамудаи Конвенсияи мазкур андешанд;

-ҳимоя ва ҷонибдории ҳуқуқи инсони маъюбонро дар тамоми стратегия ва барномаҳо ба инобат гиранд;

-барои аз байн бурдани табъиз аз рўи аломати маъюбӣ аз ҷониби ҳар шахс, ташкилот ё корхонаи хусусӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро андешанд;

-ба маъюбон дар бораи воситаҳои осонкунандаи ҳаракат, таҷҳизот ва технологияҳои ёрирасон, аз ҷумла технологияҳои нав, инчунин, шаклҳои дигари ёрӣ, хизматрасониҳо ва иншоотҳои ёрирасон иттилооти дастрас пешниҳод кунанд;

Ҳамзамон, давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки дар қатори шахсони дигар баҳри ба маъюбон додани имконияти пешбурди тарзи ҳаёти мустақил ва иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт дастрас гардондани муҳити воқеӣ, бино, роҳҳо, нақлиёт, объектҳои дохилию берунӣ, мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои тандурустӣ, ҷойҳои корӣ, иттилооту мухобирот, технологияҳо ва системаҳои комуникатсионӣ ва дигар хизматрасониҳое, ки барои маъюбон ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар ноҳияҳо бозанд ё пешниҳод мешаванд, чораҳои дахлдор андешанд.

Бояд қайд кард, ки дар Конвенсияи мазкур ҳеҷ чиз меъёреро, ки ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои маъюб бештар мусоидат менамояд ва метавонад дар қонунҳои давлати иштирокчӣ ё дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар ин давлат амал мекунанд мавҷуд бошад, халалдор намесозад.

Ба ҳеҷ намуди маҳдудкунӣ ва кам кардани ягон ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ки дар ин ё он давлати иштирокчии Конвенсияи мазкур бо дарназардошти қонун, конвенсияҳо, қоида ё урфу одат мавҷуд аст, бо баҳонаи аз ҷониби Конвенсияи мазкур эътироф нашудани ин ё он ба ҳуқуқи инсон, хусусан маъюбон ё озодиҳои асосӣ ё камтар ба инобат гирифта шудани онҳо роҳ дода намешавад.

Инчунин, дар Конвенсияи мазкур омадааст, ки давлатҳои аъзо эътироф мекунанд, ки тамоми одамон дар назди қонун баробаранд ва мувофиқи он ба ҳимояи баробари қонун ва иистифодаи баробар аз он бидуни ягон табъиз ҳуқуқ доранд.

Дар Конвенсия вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои маъюбон, инчунин занон ва кўдакони маъюб ҷиҳати баланд бардоштани маърифату тарбия ва ҳифзи шаъну шарафи маъюб дар ҷомеа ва оила, дастраӣ ба ашёҳои лозима, ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳимояи онҳо дар ҳолатҳои хавфнок ва вазъи фавқулоддаи гуманитарӣ, баробарӣ дар назди қонун, дастрасӣ ба адолати судӣ, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмонаи ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, озодӣ аз истисмор, зўроварӣ ва таҳқир, озодии рафту омад ва шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ба тарзи ҳаёти мустақилона ва ҷалб шудан ба ҷомеаи маҳаллӣ, изҳори озоди фикру ақида ва дастрасӣ ба иттилоот, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, эҳтироми хона ва оила, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба таъмини ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва шуғл, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, дар гузаронидани истироҳату фароғат ва шуғл ба варзиш ва дигар самтҳоро вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои маъюбон ва таъмини шароити зиндагии арзанда дар ҳаёти шахсӣ ба инобат гирифта, аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ амалӣ карда мешавад.

Тибқи Конвентсия ҳар як маъюб дар қатори дигар шахсон ҳуқуқ ба ҳаёт ва зиндагии арзанда дорад ва аз ҷониби давлат ва ҳукумат ба кумакҳои иҷтимоӣ таъмин карда мешавад, вобаста ба имконияти доштаи худ ба кор таъмин карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Сарвари давлат ҳамеша шахсони маъюбро дастгирӣ менамояд, кӯмак мерасонад ва шароити зиндагии онҳоро зери назорати Ҳукумат қарор додааст.

Тазаккур бояд дод, ки ҳар як маъюб бояд ҳуқуқҳои худро донад, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорад ва ҳангоми  поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳояш аз ҷониби дигарон метавонад бе ягон мушкилӣ ба мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд.

 

Давлатов Хуршед – Роҳбари

Намояндагии ВҲИ дар вилояти Хатлон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор