Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Конститутсия таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои занон

(Ба муносибати «30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»)   

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад ва оѓози марҳилаи дигаргуниҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид. Қабули ин санади тақдирсоз роҳи давлатдории моро муайян кард. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2015 қайд кардаанд: «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад»

.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла баробарҳуқуқии мардону занон ташаккул ёфт. Моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат додааст. Барои дар амал татбиқ намудани меъёри зикргардида дар ин раванд зиёда аз 60 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои дахлдори давлатӣ таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва ѓайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.

Фаъол гардонидани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ яке аз  самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад.  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 №204 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Брномаи мазкур қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҳадафи асосии Барнома фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иҷтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.

Дар доираи амалишавии Барнома ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 бояд саҳми занон дар хизмати давлатӣ ба 30% ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ба 25% расонида шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон таъмини онҳо ба кор ва музди маоши муносиб мебошад. Дар ин робита, ҳанўз соли 2017 ҷиҳати муқаррар намудани маҳдудиятҳои муайян барои шуѓли занон ва ҳифзи саломатии онҳо аз хатарҳои касбӣ ва ҳимояи ҷиддии иҷтимоии онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №179 қабул шуда буд. Дар асоси тавсияи Кумитаи СММ оид ба  рафъи  табъиз нисбати занон оид ба Гузориши миллии даврии шашуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №568 аз 30 декабри соли 2023 рўйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда  шудааст тасдиқ гардида, теъдоди корҳое, ки истифодаи қувваи занон  манъ шуда буд аз 334 ба 194 адад расонида  шуд.

Имрӯз мо шоҳиди доираи васеи густариши ҳузур ва ширкати занон дар умури давлатӣ ҳастем, ки аз як тараф муваффақияти онҳо дар ҷомеа аст. Занон ба тадриҷ пеш мераванд ва ҳузурашонро дар майдони сиёсат зоҳир мекунанд. Занони тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар соҳоти мухталифи давлат фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки он кишвар ё ҷомеае, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медоранд, ҳамон ҷомеа аз маданияту фарҳанги баланде бархӯрдор аст. 

Ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва зиёд намудани шумораи духтарони дорои таҳсилоти олӣ, махсусан дар деҳоти дурдасти кишвар аз соли 1997 инҷониб квотаи президентӣ амал менамояд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 қайд намуданд: “Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷўёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо Квотаи  президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд 30 фоизашон духтарон мебошанд”.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999 фармони Президент «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон» ба имзо расид. Ин фармон имконият дод, ки ба воситаи квота дар ҳама сатҳи роҳбарӣ аз ҳисоби занон намоянда бошад, дар 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва марказҳои вилоятӣ муовинони раис аз ҳисоби занон таъйин шуданд. Натиҷаи ҳамин дастгирӣ ва эътимод ба донишу маҳорати занон буд, ки танҳо дар даврони Истиқлолияти мамлакат шумораи вазирон аз ҳисоби занон 11 нафар расид, ки ин нишондиҳанда аз шумораи вазирзанони давраи собиқ болотар аст.

Нақши захираҳои инсонӣ низ дар пешбурди фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Айни ҳол дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 50 нафар фаъолият менамоянд, ки 38 нафари онҳо хизматчии давлатӣ ва 12 нафари дигар ҳайати техникӣ мебошанд. Аз 50 нафар кормандони мақомот 17 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки 13 нафарашон хизматчии давлатӣ (34%) ва 4 нафарашон (33%) ҳайати техникӣ мебошанд. Дар маҷмўъ занон 34% кормандони мақомотро ташкил медиҳанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад.

Занону бонувон, ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа дар тарбияи  фарзандони содиқи Ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоиста ба ҳисоб мераванд.

Итминони комил дорем, ки занону бонувон ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии кишвар  фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти давлатамон рисолати созандагии хешро иҷро менамоянд.

                                                                

    Машрабзода А.- муовини сардори   

    Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои 

    иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

    Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

    инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор