Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ПАРЧАМ-РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ

«Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ, ба Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст».

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

Дар фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ калимаи парчам ва муродифҳои он-дирафш (дурафш), алам, ливо, байрақ, роят дақиқан чунин тафсир шудаанд.

Алам сарчашмаи арабӣ дошта, дар миёни мардуми тоҷик бо номҳои байрақ, ливо ва парчам мавриди истифода қарор гирифтааст. Байрақ ё байроқ калимаи туркӣ буда, маънои матои ранги муайндошта мебошад. Истилоҳи дирафш аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ гирифта шуда, ба мафҳумҳои дурухш ё дурахшанда, яъне дурахш, дурахшидан, тобандагӣ истифода бурда мешавад.

Тибқи иттилои сарчашмаҳои расмии мавҷуда истилоҳи “парчам” аз вожаи суғдии “paréam” сарчашма гирифта, ба маънои овеза ё алам омадааст.

Тоҷикон аз замонҳои қадимтарини давлатдории худ соҳиби рамзи асосии давлатдорӣ, яъне парчам буданд. Инро асноди таърихӣ ва далоилу ҳафриётҳои таърихшиносон исбот намудааст.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки он арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, зарурат ба қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал овард. Маҳз ба ҳамин хотир, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирту иловањо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи кишвар (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28-уми декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. 7-уми сентябри соли 1994 бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Дар баробари ин, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд. Алалхусус, моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ бахшида шуда, тибқи он рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.    Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю  сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.  Маври зикр аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизионӣ аз 23- ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд: “Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх- рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз- рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад”.

Дaр воқеъ Пaрчaм aз рaмзҳои муҳими дaвлaти соҳибистиқлоли мо бa шумор рaфтa, aз зaмонҳои қaдим нишонaи ҳaмдигaрфaҳмӣ вa вaҳдaту ягонaгӣ донистa мешaвaд. Гузaштaгони пурифтихори мо ҳaзорсолaҳо зери ливои вaҳдaту ягонaгӣ вa ҳaмaндешӣ вaтaну миллaт, озодӣ, зaбону фaрҳaнг вa мaрзу буми aҷдодиро ҳимоя нaмудaaнд. Пaрчaми дaвлaтии мо бaёнгaри мaвҷудияти миллaти соҳибдaвлaту тaмaддунофaри тоҷик вa иттиҳоду сaрҷaмъии он мебошaд. Aз ҳaмин нуќтаи назар эҳтиром вa aрҷгузорӣ бa aрзишҳои миллӣ, aз ҷумлa бa Пaрчaми дaвлaтӣ, эҳтиром бa кулли aрзишҳои гузaштaву имрӯзa вa ояндaи миллaт аст.

Боиси ифтихору сaрфaрозии ҳaр як тоҷику тоҷикистонист, ки бо шaрофaти соҳибистиқлолӣ вa сиёсaти хирaдмaндонaи Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон Пaрчaми дaвлaтии Тоҷикистон дaр пешгоҳи бинои бузургтaрин созмонҳои бонуфузи ҷaҳонӣ, aз ҷумлa Созмони Милaли Муттaҳид пaрафшонӣ кaрдa, aз мaвҷудияти миллaти соҳибдaвлaти тоҷик бaшорaт медиҳaд.

Имрӯзҳо Пaрчaми мо рaмзи ҳaёти осоиштa, меҳнaтдӯстӣ, иқболи бaлaнд, умед бa ояндaи нек вa сaрбaлaндии ҳaр яки мо мебошaд. Тaҷлил нaмудaни Рӯзи Пaрчaми дaвлaтӣ дaр зaмири мо дӯст доштaни мaрзу бумро бaмaротиб зиёд нaмудa, он чун рaмзи воқеии эътиқоду имон бa миллaт, дaвлaт, сaрзaмин, тaмaддуну фaрҳaнг вa дaр мaҷмӯъ, бa тaмоми aрзишҳои aхлоқию мaънaвии кишвaр мебошaд.

Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчами давлатӣ барои боло бурдани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум дар пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе пояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозии 60 ва паҳноии 30 метр, ки дар ҷаҳон камназир аст, сохта шудааст. Ҳамчунин дар ин замина қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар пояи Парчами давлатӣ чун баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Парчами давлатии мо имрӯз барои ҳар як сокини кишвар чун рамзи озодию истиқлолият, ливои созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокорона  қарор гирифтааст. Он бо парафшонии худ дар қалби ҳар як сокини кишвар муҳаббат ба Ватану миллатро афзунтар намуда, моро ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот ва зиндагии шоиста раҳнамо гардидааст. Чун Парчами давлатии мо нишонаи нангу номус ва иқболи баланди миллат буда, ҷилваи он ифтихору ғурури ватандории моро боз ҳам болотар мебарад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин Парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин Парчам то абад пойдор бимонад.

 

Икромзода Р.

Нозир - коргузори Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор