Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

        30 сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад. Пеш аз ҳама аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ аз он иборат аст, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шудааст.

      Конститутсия - яке аз санадҳои ҳуқуқие ба ҳисоб меравад, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз аз ҳамин қонуни асосӣ сарчашма мегиранд. Конститутсия дар раванди давлатдории миллӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муайян намудани фаъолияти ҷомеаро тавассути меъёрҳои худ танзим менамояд. Агар мо ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назар андозем муайян мегардад, ки давлат дар асоси Конститутсия бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст.

     Дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Мавриди зикр аст, ки дар қисми аввали моддаи мазкур афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ба инобат гирифтани фикр ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Дар раванди рушди босуботи ҷомеа доштани Конститутсия барои дилхоҳ давлат ҳамчун пояи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии арзанда, ки масъалаи мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат, бақои давлат ва пешбарандаи сиёсати давлати соҳибистиқлол дар раванди муносибатҳои дохилию хориҷӣ мебошад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бахти баланд насиб гардид, ки фарзонафарзанди кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул карда шуд. Пешвои муаззами миллат, бо дарназардошти қабули Конститутсия ба масъалаи беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум ва муайян намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ кард, ки халқ ба масъалаи дастгирии меъёрҳои конститутсионӣ изҳори ирода намуд.

      Гуфтан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба азму иродаи сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми таърихӣ ва сулҳофару бофарҳанг ба сифати санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва давлатро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ кард. Мо хуб медонем, ки ҷомеае, ки одамонашон дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мегардад.

     Констутитсия воқеан ҳуҷҷати умумии ҳамаи шаҳрвандони кишвари мо буда, он манфиатҳои ҳамаи моро баробар ҳифз мекунад. Ҳамаи мо беистисно дар назди қонун ҳам дар хуқуқ ва ҳам дар уҳдадориҳо баробарем. Конститутсия қонуни асосии давлат, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Ҳамин Конститусия аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул карда шудааст. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон  ҳама шаҳрвандоне фаҳмида мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Сарфи назар аз нажод, миллат, мансубияти мазҳабӣ, ақидаҳои сиёсӣ, моликият ва ғайра.

     Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату ҳукумат бештар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи эшон диққати махсус дода истодааст. Вобаста ба ин, имрӯз дар Конститутсия чандин меъёрҳо амал карда истодааст.

     Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад. Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.

                                                                                                

Сабзов Абдуқодир Рахмонович - муовини сардори шуъбаи

байналмилалӣ, иттилоотӣ,  таҳлилии ва ташкилӣи

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор