Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва раванди иттилоотонии шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо ҷанбаи муҳими рушди ҷомеаи муосир буда, он барои рушди шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули муносибати эҳтиромона ба қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Дар шароити печидаю нигаронкунанда дар минтақа ва ҷаҳон ва зарурати таъмини минбаъдаи амнияту суботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2023 таъкид доштанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи бунёди давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва пешбурди тамоми паҳлуҳои зиндагии мардуми кишварро фароҳам овардааст, аз муҳимтарин дастовардҳои мо ба шумор меравад. Татбиқи меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро ба вуҷуд орем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва рушди озодона фароҳам орем» таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Ба хотири арҷ гузоштан ва гиромидошти Конститутсия - санади муқаддас дар арафаи 30-солагии он, ки Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва сарчашмаи озодиву адолат эълон кардааст, ба ифтихори ин ҷашни муҳим пешниҳод намуданд, ки соли 2024  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад.

Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи эълон намудани соли 2024 «Соли маърифатии ҳуқуқӣ» ба имзо расид.

Мақсади эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани эҳтиром ба он, баланд бардоштани нақши қонунҳо ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, ташкили низоми рафтори устувори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳон буҳрони шадиди сиёсиро аз сар гузаронида, шиддат гирифтани ихтилофот, ҷангҳо дар минтақаҳои алоҳида, афзоиши хатари амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳона ба поймолсозии ҳуқуқҳои фундаменталии инсон, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа махсусан дар замони ҷанг, аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон маълумот дошта бошанд, зеро маърифатнокӣ ва шуғли созандаи аҳолӣ метавонад дурнамои хуб дошта бошад. Татбиқи тадбирҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, дарки меъёрҳои ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Чун донистани меъёрҳои Конститутсия яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, ҷоиз аст, ки ин санади муқаддасро ҳар як шаҳрванд бояд барои ҳимояи манфиатҳои конститутсионии худ хуб аз худ намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими сиёсӣ, қонуни асосии мамлакат мебошад, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои  он дар қаламрави ҷумҳурӣ  мустақиман амал мекунанд. Он қонунҳо ва дигар санадҳои  ҳуқуқие, ки хилофи  Конститутсияанд, эътибори  ҳуқуқӣ надоранд.

Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ дар асоси он қабул мегарданд.

Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамеша муҳаррики асосии  пешрафти ҷомеа ва таҷасумгари сохтори давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ин қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябри соли 1994 мебошад.

Бо шарофати қабули Конститутсия, Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Аз нигоҳи ҳуқуқи инсон таҳлил ва муқоисаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо конститутсияҳои даврони шӯравии Тоҷикистон бартарии Конститутсия даврони истиқлолро баръало нишон медиҳад, ки муҳимтарини онҳоро метавон номбар намуд:

Якум, бартарии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми ташаккули низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таҳияи матни Конститутсия муқарраротҳои санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ, алахусус Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва ду Паймони байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз соли 1966) ба роҳбарӣ гирифта шуда, меъёрҳои ин санадҳои муҳим дар қонуни асосии мамлакат дарҷи худро ёфтанд.

Дуюм, меъёрҳои фарқкунанда ва хусусияти хоси Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар он аст, ки дар он сиёсати давлат дарҷ гардидааст. Масалан дар моддаи 11 гуфта мешавад, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Яъне ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ҳалли ҳамаи масъалаҳоро танҳо бо роҳи эҳтироми тарафайн, дипломатия ва инчунин дар асоси меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ пеш мегирад.

Ҳамзамон, дар моддаи 34 гуфта мешавад, ки падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд, ки ин маънои онро дорад, ки меъёрҳои Конститутсия дар асоси урфу одат ва анъанаҳои беҳтарини миллӣ тоҷикон таҳия гардидааст.

Сеюм, масъалаи устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба тағйиру иловаҳо (1999,2003,2016) ворид гардидааст. Агар ба Конститутсияи давлатҳои ҳамсоя назар намоем, мебинем, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон Конститутсия - 2 маротиба, Қазоқистон -2 маротиба, Қирғизистон-4 маротиба иваз шудааст, ҳол он ки дар Тоҷикистон масъалаи ивази Конститутсия ягон маротиба пеши кор наомадааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсияи соли 1994 гарчанде дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ қабул шуда бошад ҳам, вале он бо як касбияти баланд таҳия ва қабул гардидааст, ки  то ҳол ба талаботи руз ҷавобгу мебошад. Ин пеш аз ҳама аз хирад, шуур, савод, дурандешии ҳамон шахсони қарорқабулкунандаи замон гувоҳӣ медиҳад.

Чорум, Тоҷикистонро давлати демократӣ эълон намуд, ки тибқи он дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда шуд. Яъне халқ баёнгари асосии ҳокимияти давлатӣ буда, рушди минбаъдаи давлатро танҳо мардуми Тоҷикистон мустақилона муайян менамояд.

Конститутсия ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуд. Дар боби дуюми Конститутсия тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон, ба мисли паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ дарҷ гардидааст, аз ҷумла: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлноразири шахсӣ, баробарӣ дар назди қонун, кафолати ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ба мерос,  ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ оварда шудааст, ки иҷроиши онҳоро давлат кафолат додааст.

Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Аврупо баҳои сазовор гирифт. Маҳз таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар Конститутсия буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумули панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид.

Дар баробари зикр намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, набояд дар бораи уҳдадориҳои шаҳрвандон ҷиҳати эҳтиром ва риояи қонунҳо фаромуш кард, зеро танҳо дар ҳолати риоя гардидани ин ду қоидаи муҳим тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагиро метавон таъмин намуд.

Аз ин лиҳоз, бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Умуман, гуфтан зарур аст, ки сиёсати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997 оғоз шуда буд. Дар ин замина, бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла:

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691  “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ”; 

- «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 августи соли 1997;

Мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии ВҲИ мусоидат ба баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мебошад.

Мақомоти  мазкур барои пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқуқ ва озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вазифадор гардида, инчунин қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон (дар соли 2023 дар мақомоти ВҲИ 1527 муроҷиат қайд гирифта шуда (соли 2022 – 1191), таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи истифодабарии он, санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омӯзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон, гузаронидани мониторингҳои вазъи ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳоро ба амал мебарорад.

Ҳамин тавр, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  талош дорад, ки мустақил, дастрас, салоҳиятнок  ва бидуни табъиз амал карда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба  мақомот муроҷиат менамоянд, кӯмаки ҳуқуқӣ ва амалии худро расонад.

Ҳамаи ин амалҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд, онҳоро самаранок ҳимоя кунанд ва дар доираи қонун амал кунанд, зеро рушд ва дастгирии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷузъи муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули ҷомеаи одилона мебошад.

 

 

Муовини Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

                                  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 

  З.Икрамова.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор